пятница, 2 августа 2019 г.

ХОҶАГӢ АҲМАДИ КОСОНӢ - МАХДУМИ АЪЗАМИ ДАҲБЕДӢ


Хоҷагӣ Аҳмади Косонӣ, ки ҳамчун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ шӯҳрати тамом доранд, яке аз нобиғахои тариқати хочагон дар нимаи дуввуми  карни XV ва нимаи аввали қарни XVI ба шумор мераванд. Хоҷагӣ Аҳмад дар хонадони шахси боэътибори давр Саид Ҷалолиддин дар соли 1461-62 дар ноҳияи Косони вилояти Ахсикент (ҳоло Намангон) ба арсаӣ ҳастӣ қадам ниҳодаанд. Солҳои толибилмии Хоҷагӣ Аҳмад дар зодгоҳашон мегузарад. Хоҷагӣ Аҳмад, ки соҳибзеҳн ва хушфаҳму зирак буданд, дар бисёр масъалаҳо аз ҳамсабақашон пешдастӣ мекарданд ва ҳатто мударрисон аз истеъдоди эшон дар ҳайрат мешуданд. Баъд эшон омӯзиши масъалаҳои тасаввуфро дар назди устод Муҳаммади Қозӣ, ки муаллифи «Силсилат ул-орифин» буданд, идома медиҳанд. Мавлоно Мухаммади Қозӣ қобилият ва истеъдоди Хоҷагӣ Аҳмадро идрок намуда, эшонро шаҳбози баланпарвози тариқати хоҷагон донистанд. Баъд аз такмили дониш Хоҷагӣ Аҳмад ба зодгоҳи хеш бармегарданд ва фаъолияти хешро идома медиҳанд.


Овозаи эшон дар баӣни орифон ва уламо зуд паҳн мегардад. Ҳокимони Миёнколу Кармина эшонро ба вилояти Самарқанд даъват мекунанд. Даъват қабул мегардад ва Хоҷагӣ Ахмад аз Косон ба Самарқанд азимат мекунанд ва дар деҳаи Даҳбед маскан меги- ранд. Дар ин ҷо бо боғдорӣ ва кишоварзӣ шуғл меварзанд ва масъалаҳои тариқати хоҷагонро тарғибу ташвиқ намуда, оиди ин масъала рисолаҳо меофаранд. Шӯҳрати Хоҷагӣ Аҳмади Косонӣ, баъд аз ба Даҳбед омадан боз меафзояд ва эшонро чун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ машҳур мегардонад.

Махдуми Аъзами Даҳбедӣ соҳиби иёл буда, фарзандони накӯхислати ҳазрат шӯҳрати тариқатро аз Мовароуннаҳр то ба Туркистони Шарқӣ, Ҳиндустон ва Афғонистон интиқол медиҳанд. Силсилаӣ Махдуми аъзамиён дар ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоии ин сарзаминҳо мавқеи бузургеро соҳиб мегардад.

Махдуми Аъзами Дахбедӣ соли 1542 дорулфаноро тарк намуда ба дорулбақо мешитобанд. Қабри табарруки ҳазрат ва авлодашон дар Даҳбед аст, ки баъд дар назди он масҷид сохта шудааст. Оиди таърихи фавти эшон чунин қитъа нигошта шудааст:

Орифе к-ӯ дар тариқат муқтадои аср буд,
Гашта аз роҳи ҳақиқат аҳли дилро раҳнамой.
Мурғи руҳаш кард парвозе аз ин меҳнатсарой.
Баски будам дар тааллум аз фироқи рӯи ӯ
Ефтам таърихи фавташ «қутби олам рафт, вой!»

Аз ибораи «қутби олам рафт, вой» ба ҳисоби абчад рақами 949 бармеояд, ки он ба ҳисоби ҳиҷрӣ соли фав­ти ҳазратро ифода мекунад, ки он баробари 1542 исавӣ аст. Оиди ҳаёт ва фаъолияти ҳазрат мақомоти мухталиф навишта шудаанд, ки ҳоло нусхаҳои гуногуни «Насабнома ё ҷомеъ ул-мақомот»-и Мавлоно Абулбақо машҳур аст.

Чуноне ки зикр шуд, Махдуми Аъзами Дахбедӣ бисер рисолаҳо офаридаанд, ки онҳо бо номи «Мачмуат ул-расоил» машҳур аст. Дар рисолаҳо оиди тариқати хоҷагон ва силсилаи онҳо, афкори ахлоқӣ ва панду ҳикмати аҳли тариқат мавриди баҳс гардидааст.
Дар хусуси «Мачмуат ул-расоил» дар саҳифаи аввал чунин навишта шудааст.

Ҳазал китобро ту бидон, толибо, зи сидқ,
«Мачмуат ул-расоил»-и Махдуми Аъзам аст.

Инро яке аз авлоди эшон Каттахоҷаи Даҳбедии Музнибӣ идома дода, чунин байтро илова кардаанд:

Хонӣ агар рисолааш огоҳ мешавӣ,
Гуё дили аламзадаро ҳамчу марҳамест.

«Мачмуат ул-расоил» ба наср иншо гардида, аз порчаҳои шеърӣ саршор аст. Ин порчаҳо ба қалами Мавлавӣ, Румӣ. Абдураҳмони Ҷомӣ, Фаридуддин Аттор, Наҷмиддини Кубро ва дигарон тааллуқ доранд. Азбаски Махдуми Аъзами Дахбедӣ табъи шоирӣ доштанду ва ба назм шавқи беандоза дар рисолаҳо аз абёти хеш намунаҳо овардаанд..

Аз ин ҷост, ки шиносоӣ бо таркиби «Мачмуат ул-расоил», ки нусхаи қаламии қадимии он мулки шахсии Аъзамхон Каттахоҷаи Даҳбедӣ аст, аз фоида холӣ нахоҳад шуд.

Барои ба кори хайр саҳм гузоштан ва дастраси хонандагон гардондани мероси ҳазрат ба Аъзамхон Каттаҳоча миннатдорӣ изҳор менамоем.

1. Рисолаи «Асрор ул-никох». 2. Рисолаи «Самоъия». 3. Рисолаи «Вуҷудия». 4. Рисолаи «Одоб ус-соликин». 5. Рисолаи «Одоб ус-сиддиқин». 6: Рисолаи «Ганҷнома». 7. Рисолаи «Бақоия». 8. «Насиҳат ус-соликин». 9. «Шарҳи савод ул-ваҷҳ». 10. Рисолаи «Танбият ус-салотин». 11. «Шарҳи валади саробия». 12. «Нафаҳот ус-соликин». 13. «Рисолат уз-зикр». 14. Рисолаи «Шарҳи рубоиёт». 15. Рисолаи «Баёни силсила». 16. Рисолаи «Чаҳор калима». 17. Рисолаи «Силсилаи сиддиқин». 18. Рисолаи «Битихия». 19. Рисолаи «Миръот ус-сафо». 20. Оиди ҳиҷоб/дар асл сарлавҳа - ном надорад). 21. Рисолаи «Зубдат ус-соликин».22. Рисолаи «Гул ва Наврӯз». 23. Ғазалиёт бо тахаллуси Қосим, Қосимӣ. 24. Рисолаи «Меъроч ул-ошиқин» 25. Рисолаи «Муршид ус-солиқин». 26. Рисолаи «Воқеоти Ҳаққония». 27. Рисолаи «Бобурия». 28. Шарҳи як ғазали Убайдуллохон. 29. Рисолаи «Шарҳи дувоздаҳ рубоии форсӣ».

Академик Ботурхони Хилъатпур Валихоҷаев.

Сарсухани китобе, ки аксаш ин ҷост.




Комментариев нет: