четверг, 24 мая 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 24


Ба писарамон ғилоф гирифта  додем.
Яъне зандор кардем.

Кор ханҷар мекунад, на ғилоф.
Яъне мард бояд кор кунад, на зан. Вақте ки занҳо ба шаҳрҳои дур ба мардикорӣ мераванд, бачаҳо бесаробон мондаанд, ин зарбулмасали кӯҳнаи халқӣ бо тобиши нав ҷилва мекунад.

 Зани ёшу шӯи  пир, сават мону чӯҷа гир.

Чирчираки таги тобут.
Ҳосили чунин занушӯӣ.


Шӯрбо рӯю палав таг дорад.
Ба он маъно, ки шӯрбо сахт ҷӯшад, ба қавле равғанаш «дӯғ» мешавад, алави таги палав баланд шавад, тагаш мегирад.

Мақсад аз тушбера гӯшт хӯрдан аст.

Пиёз – мушки таом.

Атола то пушти хона.
Яъне баъди хӯрдан то ба паси хона рафтани кас ҳазм мешавад.

Атола то пушти хона,
Палав ба мақсад мерасона.
Ба ин сабаб мардуми ба кори сахт раванда, саҳар палави серравған мехӯранд.


Комментариев нет: