воскресенье, 22 марта 2009 г.

Номаи саркушода ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби олии мўҳтарам!

Камина солиёни зиёдест, ки дур аз Тоҷикистон зиндаги мекунам. Бисту панҷ сол дар матбуоти Тоҷикистон дар бахши иникоси санъати нафиса кор кардам. Солҳои охир аз телевизион оиди кушода шудани роҳҳои нав, корхонаҳо, сохта шудани биноҳои зебо хабарҳоро шунида аз комёбиҳои Тоҷикистон шод мешавам. Аммо ҳоло оиди як масъала, ки маро бисёр сол боз ором намегузорад ва гумон мекунам, ки мисли ҳар як фарди миллатдўст нисбати он шумо низ бетараф нестед, сўҳбат ва машварат кардан мехоҳам.

Герби ҳар давлати ҳар як кишвар мазмуну мўҳтавою мақсадҳои асосии давлати он кишварро ифода мекунад.

Агар давлати исломие бошад ба мисли Эрон ҳатман шаклу мазмуни исломӣ дорад.

Герби Иттиҳоди шўравӣ бо досу болғаи худ рамзи иттиҳоди коргару деҳқон буд. Сипас Маскав ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба пунбакориву гандумкорӣ ихтисос дод ва тасвири онҳоро дар гербҳои давлатии онон ҷовидонӣ гардонид.

Мо аз он тасвирҳо дар эҷоди герби нав даст кашидан нахоста ба тасвири пунбаву гандум маъноҳои амиқтаре доданӣ шудем. Масалан гуфтем, ки пунба рамзи покии дили мардуми ҷумҳурӣ шуда метавонад. Ҳол он ки пунба на танҳо сафед, балки хели зард низ дорад. Баъд гуфтем, ки гандум рамзи аз қадимзамон кишоварз будани мардуми мост ва ғайра.

Сипас кишварамон офтобист гўён сурати хуршеди тулўъкунандаро, кишвари кўҳистонием гўён сурати кўҳро вориди герб намудем.

Ҳеҷ фикр намекардем, ки ҳафтод дар сади кишварҳои дунё офтобианд ва марзи ҷумҳурӣ танҳо аз кўҳ иборат нест, аз нисф зиёди теъдоди мардуми Тоҷикистон дар ҳамвориҳо зиндагӣ ва кор мекунад.

Касе садо дод, ки китоби нахустини тоҷик Авето аст, мо аз қадимтарин миллатҳои китобдор ҳастем. Сипас китобро ба ивази сурати шер ба герб ворид намудем. Ҳол он ки дар китобхониву китобнависиву китобчопкунӣ пешқадам ҳам нестему миёнаҳол ҳам.

Ҳамин тавр аз рамзҳои бостонии давлатдории халқамон танҳо сурати тоҷ, ки болои офтоб муаллақ истодааст, баёнгари давлат бимонд. Аммо ин тоҷ ҳам тоҷи подшоҳист ва мазмуни давлати демокративу ҳуқуқбунёд мувофиқате надорад. Чаро болои он ҳафт ситора насб шудааст, устод Қаноат чизе гуфта буданд, ки аз ёдам рафтааст. Эҳтимол мазмуни хотирмоне надоштааст.

Сурати чунин тоҷи ҳафтситорадорро агар ягон археолог аз ягон шаҳраки бостонӣ пайдо карда бошад ё ягон муаррих дар китоби қадимае дида бошад, пас бигўяд ва ман хоҳам пазируфт. Даъвои асосии ман дар арафаи қабули лоиҳаи герб чунин буд, ки тоҷикон давлатдории бисёр қадим доштанду рамзҳои давлатдориро низ, ба ҳамин сабаб ба эҷоди рамзҳои нав зиёд набояд кўшид.

Эҳтимол касе фикр кунад ё бигўяд: Адаш Истад, аз он ки мо масалан ба герб сурати шерро ворид кунем дар зиндагӣ ягон чиз тағйир меёбад? Магар ҳоло вақти чунин корҳост?

Посухи ман чунин хоҳад буд: Дар олам ҳама чиз дар таҳаввул, тағйирот аст. Фикри одамон бар асари донишҳои нав дигар мешавад ва онҳо тибқи фикри нав амал хоҳанд намуд. Агар мо ба фикрҳои кўҳна маҳдуд шавем, навандешиву навсозиро пеша накунем, дар вартаи қафомондагӣ боз садҳо сол хоҳем монд.

Вазифаи асосии давлати худкома пеш аз ҳама ҳимояи дастгоҳи худ аст, аммо дар давлати демократӣ ҳимояи озодиву ҳаёти шаҳрвандон аст. Магар хуб нест, агар ин мазмун дар герби давлат ифодаи рамзии худро дошта бошад?

Ман узви комиссиюни гимни нав будам. Оҳангсозони тоҷик бисёр кўшиданд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол гимни наве нависанд, корашон ҳеҷ омад намекард ва аз гимни Сулаймон Юдаков беҳтаре эҷод карда наметавонистанд. Медонед чаро? Зеро ки дар оҳанги он гимн, ки имрўз низ кўҳна нашуда хизмат мекунад, даъват ҳаст. Даъват инсонро ба по мехезонад.

Дар замони шўравӣ ба Даҳаи маданияти Ўзбекистон дар Тоҷикистон бо дигар адибону ҳунарпешаҳои ўзбек Сулаймон Юдаков низ ба Душанбе омад. Ман, ки дар «Адабиёт ва санъат» кор мекардам, ўро дар меҳмонхона пайдо намуда сўҳбате оростам. Пурсидам, ки оҳанги дилангези гимни Тоҷикистонро чӣ тавр ёфтааст. Ў ҷавоб дод: аз шъри Лоҳутӣ ёфтам, ки бо мисраи «Бародарон, бародарон, ба модари ватан вафо кунем!» оғоз меёфт.

Герб низ андаке ҳам бояд аз чунин вижагӣ бархурдор бошад. Ва ҳар як мансабдори идораҳои маъмуриро бояд вазифадор кунад, ки ҳимояи ҳаёти шаҳрвандон кори муҳимтарин ва дараҷаи авали ҳар як идораву маъмури давлатист. Герби ҳозира бошад, касеро ба чизе масъул намекунад.

Акнун сурати герби ҳозираро гиреду ба тоҷи он бо диққат нигоҳ кунед. Ба чӣ далел онро тоҷи ориёӣ метавон номид? Ку ҳамон нишона?

Коргардон Борис Кимёгаров, ки дар наворгирии «Шоҳнома» аз маслиҳати донишмандони торих баҳрабардор буд, бар сари шоҳ тоҷи болдор ниҳодааст. Чунин болҳо, ки рамзи фариштаи муҳофизи ҳаёти инсонанд, то ба рўзҳои мо дар каллапўшҳои тоҷикии чустӣ омада расидаанд.

Дар герб тоҷро метавон ҳар хел тасвир кард, аммо он набояд торихияташро гум кунад. Ҳатман бояд чизе дошта бошад, ки ба бисёрҳазорсолагии давлатдорӣ ишора намояд.

Агар гебрҳои давлатҳои дигарро бинед, ҳатман як унсури он асосӣ ва бузургтар аст. Дар герби Русия чунин мақомро уқоби дусара дорад. Дар табиат уқоби дусара нест, ин рамз аст. Рамзи провославӣ. Зеро то оини провославӣ Русия оини ягона надошт, ки мардумашро дар атрофи давлати мутамарказ муттаҳид кунад. Русҳо тавлиди давлати бузурги Русро ба густариши оини провославӣ вобаста медонанд, ки дуруст аст.

Ё ки герби Ўзбекистонро бинед, аз рамзиҳои бостонӣ мурғи ҳуморо мешиносед, ки қисми азими гербро фаро мегирад. Ин рамзи хушбахтист. Ин герб гўё аз номи давлат гуфта истодааст: Ман рамзи таъмини бахти шумоям!

Дар герби кунунии Тоҷикистон набудани ҳамин гуна як сумболи зинда, ки ба қавли мардум, «агар бубинӣ дилат қувват гирад», хеле таассуфовар аст.

Дар герби собиқи Тоҷикистон дар чунин мақом шер истода буд, ки давлати муҳофизи ҳаёти шаҳрвандонро ифода мекард.

Вақте ки ин сурати ин шерро берун андохтанд, ҳама унсурҳои дигари герб хурду баробар шуданд.

Ҷаноби олӣ!

Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди фарҳанги мардуми Тоҷикистон моҳи феврали соли 2008 дар Интернет веблоги худро бо номи Герби шердор боз намудам. Дар қатори дигар асарҳо то кунун чанд мақола оиди масъалаи герби Тоҷикистон низ навишта ба ин веблог гузоштаам. Аммо аз рўшанфикрони тоҷик садое барнахост. Ба ин сабаб фикрҳои пасинро дар ин бобат дар сурати нома ба унвони роҳбари давлати Тоҷикистон даровардам.

Бо орзуи комёбиҳои бештари Шумо ва мардуми Тоҷикистон муассиси веблоги Герби шердор нависанда Адаш Истад.

ш.Самарқанд
22 марти с.2009

1 комментарий:

Patriot комментирует...

Salom Ustodi girromi! Nawistahoi shumoro khondam, bisyor shod shudam. Bisyor peshnihodi olijanobe karded. Khudo kunad ki, orzuhoi shumo jomai amal pushand. Wale man yak chizro namefahmam ki, rawshanfikroni mo dar chi fikr boshand, agar onho shumoro dastgiri nakunand, onho mehanparast nestand. Khub meshud ki, in nomai shumoro dar digar saythoi interneti, dar matbuoti Tojikiston chop mekardand, ki hama az in peshnihodi khubi shumo bokhabar meshudand! Zindawu Jowidon boshed Ustodi giromi! Ba shumo komyobiho orzumandam!