суббота, 27 ноября 2010 г.

Иди соли нав дар якуми январ азони мост ё мардумони дигар?

Дар мақолаҳое, ки аз ин пеш дар блоги Герби шердор оиди оини аввалини ниёгони тоҷик – оини меҳрпарастӣ нашр шудаанд, бештар сухан аз он мерафт, ки оини масеҳӣ чӣ тавр ҳама ҷиҳати беҳини оини Митроро азони худ кард. На ҳамаашро гуфтем ва аз ҷиҳати илмӣ таҳлилу баррасӣ накардем, чун ин тарафи кор мутааллиқ ба донишмандани варзида аст.

Масалан нагуфтем, ки маросими нону шароби ангурӣ ба оини масеҳӣ пурра аз оини Митроӣ ахз шудааст. Шоирони ринди мумтози форсу тоҷик вақте ки «май» мегўянд, нофи худро ба оини митроӣ мебанданд на ба оини зардуштӣ. Чун дар оини зардуштӣ ба ҷои май нўшокии дигаре ҳаст, ки хаома ном дорад.

Оини масеҳӣ ҳама маросими митроиро айнан копи накардааст. Он чизе ки ба масеҳият зиддият доштааст, берун афкандааст.

Масеҳият хеле кўшидааст, ки худро дар Рум ҷойгузини оини митроӣ кунад, аммо хеле кам муваффақ шудааст, то ба рўзе, ки рўҳониёни масеҳӣ тибқи оини митроӣ либос пўшанду тибқи оини митроӣ худоро хуршед меноманду зодрўзи одамхудо Митроро зодрўзи одамхудо Исои Масеҳ эълон мекунанд.

Тибқи тақвими бостонӣ зодрўзи Меҳр яъне Митроро ниёгони мо 25-уми декабр ҷашн мегирифтанд (Сипас он ба якуми январ оварда шуд). Ин рўз тибқи тақвими дақиқтари муосир рўзи 21-уми декабр аст. Яъне рўзе, ки баъди он нерўи Офтоб бар сармои зимистон зафар меёбад ва рўзҳо дарозтару шабҳо кўтоҳтар мешаванд. Яъне рўзи пирўзии худои Офтоб аст

Душмани митроизм Зардушт бо мақсади тамоман аз зеҳнҳо сутурдани ин ҷашн онро ба рўзи Меҳри моҳи Меҳр кўчондааст. Ва онро мо имрўз чун ҷашни Меҳргон мешиносем. Тибқи базеъ маълумот ҷашни зодрўзи Исои Масеҳ дар асл дар яке аз рўзҳои моҳи май будааст. Аммо саррўҳониёни масеҳӣ, ки акнун худро ба мисли рўҳониёни митроӣ папа яъне падар меномиданд, 25-уми декабрро рўзи мавлуди Исои Масеҳ мекунанд. Пас дар матнҳои масеҳӣ айнан чун Митро дар ғор аз духтари бокира зода шудани Исо тасвир мешавад.

Меҳпарастон дар асл зодрўзи Митроро чӣ тавр ҷашн мегирифтанд, то ба охир равшан нашудааст.

Солҳои 80 ё 90 дар Хонаи кинои шаҳри Душанбе солее як-ду бор филмҳои дар Иттиҳоди шўравӣ мамнўъи филмбардорони номии хориҷиро намоиш медоданд. Онро танҳо мунаққидони кино, кормандони синамо ва баъзан вазирон низ тамошо карда метавонистанд. Камина, ки мудири шўъбаи ҳунаршиносии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро солҳои зиёд бар ўҳда доштам, аз ин тамошоҳо бенасиб набудам. Боре як филми бадеии коргардони итолиёвиро намоиш доданд, ки шаҳри Римро дар рўзҳои ба он ворид шудани лашкари Амрико айёми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба тасвир гирифта буд. Коргардон кўшида буд, миллати худро сахт зери тозиёнаи танқид бигирад ва ҳама нуқсони ахлоқии он давраро пурра намоиш диҳад. Яке аз саҳнаҳои ин филм итолиёвиҳоро дар маросими сиррии бостоние тасвир мекард. Марди сиёҳпўсте дар кате хобида буду болояш пўшида. Ў нақши зани зояндаро мебозид. Мардҳои гирди ў ҷамъ шуда мегуфтанд: - канӣ, як зўр бизан! Баъд ин маросим бо он хотима ёфт, ки аз зери болопўш – поини пойҳои ў ҳайкалчаи чўбини тифли навзодро берун кашиданд ва болои сар бардошта чарх заданд. Он чиз ҷолиб буд, ки дар ҷои узви таносули навзод фаллос – хамонеро, ки донишмандон мутааллиқ ба оини митроӣ медонанд, устувор карда буданд.

Аз ин ҷо метавон муайян кард, ки ниёгони мо фаллосро ҳаргиз ба меҳроб нагузоштаанд, напарастидаанд, балки атрибутикаи маросиме будааст мутааллиқ ба иди ялдо, ки дар он саҳнаи зода шудани одамхудо Митро тасвир мегардид. Он маросим баъди густариши оинҳои зардуштиву исломӣ аз ёдҳо рафтааст. Пас аз дидани ин филм бароям мақоми фаллоси сангили дар музейи Панҷакент гузошташуда маълум шуд.

Чаро гузаштагони мардуми мо фарзандони дар рўзу шаби Ялдо зодашударо Ялдо меномиданд? Далели равшан номи Меҳтар Боди Ялдои Самарқандӣ аст, ки дар исёни Абўмуслим яке аз қаҳрамонҳои асосӣ буд.

Бисёр ҷиҳатҳои норавшани оини митроӣ ҳамон вақт кашф мешаванд, ки донишмандони бостоншиноси кишварҳое, ки дар он ҷо оини митроӣ вуҷуд дошт, дар як анҷумани илмӣ оид ба нақш тамаддунсози оини меҳрпарастӣ гирд оянд.

Афсўс, ки барои амали кардани ин нияти нек ҳоло дар Академияи улуми Тоҷикистон ягон ҷунбише ба назар намерасад.

1 комментарий:

Botur Kosimi комментирует...

Дуруд ба устоди гиромӣ!

Ин шухии якуми апрел нест, охир. Сухани ҳақ аст ва ният дорем, ки онро бо дасти ҳукумати имруза ё бо овардани ҳокимияти нав дар амал иҷро намоем.

Дуруст гуфтед, ки гузаронидани ислоҳот ва тарбияти мутахассисони замонавӣ зарур аст, вале аз он пештвар, муҳимтар ва таъсирноктар бояд маош ва мартабаи устодон дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Он замон, талабот ба касбӣ муаллимӣ зиёд мегардад ва беҳтарин омузгорон ҷамъ мешаванд, ки беҳтарин насли нав тарбият ва беҳтарин усулҳои омузиши миллӣ ихтиро мекунанд.

Омузгор ҳеҷ вақт набояд хору зор гашта бошад, ки он ба суқути ҷомеа оварда хоҳад расонид. Ҳамон тавре ки кишвари моро ба ин ҳол расониданд ва имрузҳо мо шоҳидаш ҳастем.

Худо мададгори мову шумо бод!

БК

---------

Ин маколаро якуми апрел нашр мекардед… Нияти нек. Бе ислохоту бе тарбияи кадрхои нав танхо бо зиёд кардани маош масъала хал мегардид, осон буд, ки пешрафти азиме шавад!