пятница, 4 апреля 2008 г.

Чаро бояд нахуст тақвими миллӣ эҳё шавад?

Рафиқи мўҳтарам D!

Масъала пеш аз ҳама арзишҳои аз ёдрафтаи миллӣ эҳё кардани тақвими миллӣ чанд вижагӣ дорад.

Якум: Ин тақвим аз он гоҳномаи шамсие, ки имрўз дар Эрон ва Афғонистон бо номи форсии моҳҳо истифода мекунанд, дар солшумори фарқ бояд кунад. Яъне ин солшумориро бояд бар панҷунимҳазорсола таърих гузошт, бар асоси солшумории пешдодӣ. Тасаввур кунед, ки субҳ телевизорро мегиронед ва баранда масалан тахминан чунин мегўяд:

Имрўз якуми фарвардини соли панҷҳазору шашсади солшумории тоҷикист, мутобиқ ба 21 марти соли 2009-уми солшумории мелодии григорианӣ. Яҳудиён тақвими ба ин монанди миллии худро доранд.

Барои чорӣ кардани ин гоҳшумори ё худ солшумори донишмандони риёзиёт ҷадвали графикӣ тартиб медиҳанд ва муайян кардани номи тоҷикии рўзҳои таърихӣ ва ғайра осон мешавад.

Дуввум: Ин солшумории миллӣ эҷоди мардуми эронинажод аст, ифтихори миллист, хати арабии форсӣ бошад, эчоди мардуми мо нест. Ба ҳамин сабаб рўшанфикрони тоҷикро мебояд, ки аз раиси ҷумҳур ё порлумон нахуст эҳёи гоҳшумории миллиро талаб кунанд.

5 комментариев:

Анонимный комментирует...

Точикон кабл аз омадани арабхо чи дастовардхое дар кадом илмхо доштанд, бар иловаи он солшуморие ки мегуед? Хеле хушхол мебудам, агар ин гуна руйхатро тартиб медоде ва дар канори он як руйхати дигаре, ки ин мардум пас аз омадани арабхо чи дастовардхое дар улуми гуногун доштанд.

Анонимный комментирует...

Вокеан, ба як суоли дигари ман дар матлаби гузаштаатон посух надоде.

mohammad hosein nezhad aria комментирует...

dorood be dooste khoobi ke porseshi ra dar bala matrah nemoodand va poozesh az nevisandeye tarnegar(weblag) az in jahat ke dar pasokhgooyi pishdasti mikonam .
dastavardhaye elmie ma pish az yoreshe arabha besiar farvan bood . vali chera nami az anha be ja nemande ? be dalile vahshigarie arabha va be atash keshidne ketabha . anha hatta be kochaktarin neveshteha rahm nemikardand , va aghar kaqazi dar daste mobadane zartoshti mididand an ra misoozandand . arabhaye biabangard hamin bala ra bar sare mesr ( egipt )niz avardand . vali dasteshan be ketabhaye yoonan naresid . arabha gonahe bozorgi dar haqqe tamaddone bashari kardand .
aya shahanshahiye hakhamaneshian ya sasanian ( ke niakane samanian boodand )ba hokoomathaye pas az eslam ghabele moqayese hastand ?
hokoomathaye pas az eslam hargez natavanestand be fannavari va san'ate pishin dast yaband .
pas az eslam niz , bishtare daneshmandan ham mihane ma boodand va ma boodim ke elm ra parvardim .


dorood
Dashtane taghvime melli kheili khoob ast . taghvimhaye me az gozashtehaye door besiar daghigh boode and . va omare khayyam daneshmande bozorg , bar deqqate an afzood . che khoob mishod ke taghvime afghanestan ham az namhaye parsi bahre mibord .

D комментирует...

Рафики арчманд Адаш Истад!

Сипос аз посух, аммо иртиботи он бо паёми ман заъиф буд. Манзури ман аз паёми каблй ин буд, ки набояд бахс ба суи киву чй будани пешохангони чунбиши хатти порсй ин кадр барои мову шумо мухим бошад. Мухим хадаф аст ва бехтар аст басеч шавем, то ба он хадаф даст ёбем. Хатти порсии арабй ба куллй сохтаи зехну шуъури арабй нест ва онро мо - эрониён шаклу сурат додем ва хатти настаълику гайраро сохтем ва барои Сабивайхи эронй буд, ки нахустин китоби дастури забони тозиро навишт ва арабхо ёд дод, ки чи гуна аз забонашон кор бигиранд. Гузашта аз ин, хамаи осори арзишманди мо ба хамин дабира ё хат навишта шудааст.

Дар мавриди солшумории миллй ман бо шумо ихтилофи назаре надорам. Бобати пешии ин ё он тагйир исроре надорам. Хар ду хатмист ва хар ду бояд анчом бигирад.

Сипос.

D комментирует...

Пузиш аз иштибоххое, ки дар паёми каблй аз дастам даррафтааст:

Хатти порсии арабй ба куллй сохтаи зехну шуъури арабй нест ва онро мо - эрониён шаклу сурат додем ва хатти настаълику гайраро сохтем ва боз Сабивайхи эронй буд, ки нахустин китоби дастури забони тозиро навишт ва ба арабхо ёд дод, ки чи гуна аз забонашон кор бигиранд.