суббота, 19 апреля 2008 г.

ПИР ДАР ОСМОН

(Махдуми Аъзами Даҳбедӣ)

Ҳикоя

“Зикр куҷо? Самоъ куҷо? Ало Аллоҳ! Ало Аллоҳ!

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем. Ало Аллоҳ! Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем. Ало Аллоҳ! Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем. Ало Аллоҳ! Агар дорӣ руде хуш, бизан, мутриб, суруди хуш. Ало Аллоҳ! Ки дастафшон ғазал хонему покўбон сар андозем. Ало Аллоҳ”.

“Пири шастӣ! Аз қайди замин растӣ! Аз банди замон растӣ? Ту – дар осмон, мо – дар поён, ангушти ҳайрат газида ба дандон.

Пир ба мисли моҳи тобон, мо дар поён гирдгардон, афтону хезон...”

“Ибодати зоҳир зиёд асту ибодати ботин кам. Таҳорати зоҳир зиёд асту таҳорати ботин кам. Ало Аллоҳ! Ало Аллоҳ!”

“Мо низ мекунем ҳамаи инҳоро!”.

“Дар тоату ибодати шумо дарди ишқи илоҳӣ нест, кашфи асрор нест.

Эй муридҳои ман, Қуръон ҳафт қабат аст. Ало Аллоҳ... Чаро шумо танҳо як қабати онро мебинед? Чаро наметавонед ба ботин роҳ ёбед?

Хонед, хонед, ба сидқ хонед, ба дил хонед,шояд ба марҳамати Ҳақ таоло қабатҳои дигари он ба шумоён кушода шавад!”

“Мо мехонем! Мо мехонем! Шабу рўз мехонем! Ҳар соат мехонем. Вале шумо ҳам мисли мо харбуза мекоред дар Даҳбед, харбуза мехўред дар Даҳбед, зану фарзандро тарбия мекунед дар Даҳбед...”

“Дил ба ёру даст ба кор! Дил ба ёру даст ба кор! Эй хешон, эй дарвешон! Ман қабати ҳафтуми Қуръонро мехонам. Ало Аллоҳ! Харбузаҳои ман ба нури ҳақ пухта мерасанд. Ало Аллоҳ! Зану фарзанд гуфтед? Онҳо барои иморат кардани ин дунёст... Ало Аллоҳ!

Бидон, эй толиби содиқ, Ҳақ субҳона ва таоло дунёро халқ кард... Баъд аз он хост, ки дунёро маъмур созад. Ҳазрати Одамро халқ кард. Олот ва асбоби иморатро ба тамомиҳи дар вуҷуди ў таъбия кард ва ба биҳишт фиристодаш, то чанд гоҳ дар биҳишт тарбияти вуҷуди шарифи ў бикунад, то ўро қуввати иморати дунё шавад. Одам ба биҳишт омад. Чанд гоҳ аз неъматҳои биҳишт аз ҳар кадом, ки мехост, мехўрд. Қуввати азиме дар вай пайдо шуд. Ҳақ субҳона ва таоло мехост, ки ба воситаи Одам дунё маъмур шавад... Ало Аллоҳ!”

“Мо – фарзандони Одам кори ўро давом медиҳем. Обод кардани дунё фармудаи Худост. Вале чаро мисли ту парвоз карда наметавонем? Мисли ту таҳтулматнҳои Қуръонро намебинем?”

“Ишқ шуморо ба мақсуд мерасонад.

Пеши ёр онҳо, ки ҷон оранд, бешак ҷон баранд,

Сидқ пеш овар, ки ин ҷо ҳарчи оранд, он баранд.

Ҳар ки ў дар ишқ содиқ омадаст,

Бар сараш маъшуқ ошиқ омадаст.

Гар ба сидқе ишқ пеш ояд туро,

Ошиқат маъшуқи хеш ояд туро.

Ало Аллоҳ! Ало Аллоҳ! Ало Аллоҳ!”

“Пири мо! Ту моро ошиқӣ биомўз! Чӣ тавр илми ишқро надониста ошиқ метавон шуд?”

Нишонаҳои Ҳақ таоло дар куҷо бештар?”

“Дар Қуръони карим! Ало Аллоҳ!

Подшоҳон мазҳари шоҳии Ҳақ,

Олимон мазҳари огаҳии Ҳақ.

Хубрўён мазҳари хубии ў,

Ҳусни эшон акси маҳрўии ў”.

“Ин қофилаи мо аз сорбони худ дур афтода, ту пеш рафтаӣ, пеш. Мо оқиб мондаем, хеле оқиб. Пири тариқат! Дасти моро бигир!”

“Дасти дил диҳед! Дилҳоро нарм кунед, ки тухми меҳр дар замини мулоим нағз нашъунамо мекунад.

Гар суханкаш ёбам андар анҷуман

Чун гули садбарг рўям дар чаман.

Ин сухан ширест дар пистони ҷон,

Бе кашанда хуш намегардад равон.

Мустамеъ гар ташнаву ҷўянда шуд,

Воиз ар мурда бувад, ў зинда шуд...”

“Пирам чаро ин қадар азоб, чаро ин қадар дард? Наметавонам! Наметавонам! Чаро мо бояд азоб кашем? Чаро дигарон не?”

“Осмон бори амонат натавонист кашид,

Қуръаи фол ба номи мани девона заданд.

Дар хоб дидам расули барҳақ Муҳаммад ва Ҳазрати Алиро, ки ҳар ду ҳам ҷадди мананд. Аз ман мепурсиданд: исломро ту дар дилҳо устувор надорӣ, ту ба роҳи Ҳақ ҳидоят накунӣ, дигар кӣ мекунад? Пас ман гирифтам Қуръонро рўнавис кардам. Қоғаз ҳамагӣ ду-се варақ буду ранг дар таги рангдон ду-се қатра.

Бо қудрати илоҳӣ ранг дар рангдон худ аз худ меафзуду қоғази тоза низ зиёд мегардид. Ман дар ин ҳодиса фоли некро дидам ва тасмим гирифтам, ки худро дар роҳи Ҳақ таоло ва роҳнамоии тариқат фидо кунам. Ҳароина аз роҳи ў росттар, аз роҳи ў муниртар, аз роҳи ў беҳтар роҳе нест.

“Ҳақ таолоро дарёб!” – нидо кардам ба худ... Мақсуд дур буду роҳ пурхатар. Аммо аз мушкилоту азобу дард боке набуд маро, зеро ба камолот расидан мақсуди ягонаи оянда буд.

Ин аст камоли марди доно ба яқин ба ҳар чӣ назар кунад, Худоро бинад. Дар сафҳаҳои бешумори қоғаз “Худо” ба такрор чандон навиштам, ки дар ин калима рўшании чашмрабои офтобӣ зуҳур намуд, коғаз худ аз худ сўхту қалам дуд кард. Заррае буд, ки намоён кард, дидаму беҳуш шуда афтидам. Чандон тапидам дар рўи хок, чун моҳи берун аз об афтода.

Ишқ он шўъла-ст, к-ў чун барфурўхт,

Ҳар чӣ ҷузъ маъшуқ боқӣ ҷумла сўхт.

Баъди чанд рўз ба худ омадам, дар сари болинам зану фарзандон гирд омада буданд. Гуфтанд: гумон доштем, дигар чашм намекушоӣ ва ҷон ба ҳақ таслим мекунӣ. Гуфтам: ба Ҳақ субҳона ва таоло таслим карданӣ будам, вале нагирифт. Зеро вазифаҳое, ки бар дўши ман гузоштааст, иҷро нашудаанд ва маълум нест, ки дар чанд сол амалӣ хоҳанд шуд.

Менаҷунбад ҳеҷ барге аз дарахт,

Бе қарору ҳукми он султони бахт.

Ало Аллоҳ! Ало Аллоҳ! Ало Аллоҳ!

Ҳақ субҳона ва таоло одамиёнро ба дунё аз барои касби камол овардааст ва дунёро зироатгоҳ ва корхонаи эшон сохта... Ва пир мебояд, ки касби камолро омўзад.

Ҳеҷ касро аз худ ангезе нашуд,

Ҳеҷ кас аз хештан чизе нашуд.

Ҳеҷ ҳалвоӣ нашуд устоди кор,

То ки шогирди шакаррезе нашуд.

Номи Мавлоно нашуд султони ишқ,

То ғуломи Шамси Табрезӣ нашуд!”

“Пирам! Чаро ин ҷо даҳ бед шинондед? Пирам! Чаро тут не, зардолу не, олу нею бед? Чаро даҳ бед? Чаро дарахти мевадор не?

Пирам, тавба кардам, тавба кардам! Саҳар… вақте ки аз хоб хестем ва ба хонақоҳ равон шудем, дидем, ки шохҳои даҳ беди шумо мисли шукуфаҳои баҳории зардолую шафтолу саропо гул карда, бегоҳӣ бошад, дар шохи бедҳо зардолуҳои пухтаро ба ҷои гулҳо мушоҳида кардем. Пирам, вале он зардолуҳо ба таъм талх буданд”.

“Аз асари сўҳбат аст, ҳарчи дар ин олам аст,

В-арна куҷо ёфта бед ҷумла баҳои набот...

Шумо ҳарфи маро камтар фурў бурдаед, вагарна зардолуи ширин мехўрдед. Худоё! Ман тухми аждаҳоро коридаму кайкҳо рўиданд!”

“Пирам! Чаро мо ба пояи ту расида наметавонем?”

“Қудсиёнро ишқ ҳасту дард нест,

Дардро ҷузъ одамӣ дархурд нест.

Афзалияти одамӣ бар малоик ва ҷамеъи махлуқот аз зиёдатии дард аст.

Дард омад хуштар аз мулки ҷаҳон,

То бихонӣ мар худоро дар ниҳон.

Сармояи саодате, ки мерасонад ошиқонро ба васли маҳбуби ҳақиқӣ, дард аст. Заррае дард одамиро беҳтар аст аз ҳар тоат, ибодат ва хайрот.

Вале ҳамдард канӣ?”

“Мо чӣ кунем, эй пирам? Мо чӣ кунем?”

“Худро покиза кунед ба дараҷае, ки покизатарини покизаҳо чун оина бошед. Оинаи шумо он қадар занг задааст, ки ба тоза кардани он солҳо лозим аст.

Ҳақ субҳона ва таолоро ҷамол ва ҷалоли баркамол бувад пўшида ва пинҳон. Хост ҷамол ва ҷалоли худро мушоҳида кунад, мўҳтоҷ шуд ба оинаи олам.

Пас Олам ва Одамро офарид, яъне аз Олам ва Одам оинаҳо сохт, то ҷамол ва ҷалоли бечунии худро мушоҳида кунад.

Ба қадри оина ҳусни ту менамояд руй,

Дареғ, к-оинаи мо нуҳуфта дар занг аст.

Агар оинаатро покиза кардаӣ, агар ишқи Худо дар дилат фурўзон аст, агар соҳибдард бошӣ, эй солик, мақсуд наздик аст!”

“Пирам! Ба мо низ паридан биомўз!”

“Аз тааллуқҳо бираҳед! Тааллуқ сангҳои садманист дар китфи шумо. Чиз, чиз, чиз! Ана чӣ пои шуморо ба ботлоқи нобудӣ мекашад!

Сипас, зинаҳои тариқатро тай кунед.”

“Пирам! Ту нагуфтӣ ба мо, ки ба кадом сабаб ба осмон паридӣ?”

“Чандон зикри Ҳақ субҳона ва таоло кардам, ки дарунам аз ў пур шуд ва маро ба боло бардошт. Ало Аллоҳ...”

“Пас, чӣ тавр поён шудӣ?”

“Ёди фарзандон кардам ва харбузаҳои даҳбедӣ ва зикри Ҳақ субҳона ва таоло... Ало Аллоҳ...

Комментариев нет: