суббота, 19 апреля 2008 г.

ЗАРЧАШМА

Афсона

Дар саргаҳи рўдхонаи Зарафшон деҳи баланде буд бо номи Зарчашма болои кўҳи баланде. Шумо мепурсед, ки чаро сари кўҳи баланде? Дар сари кўҳи баланд об нест? Бале, оби равон нест, аммо зимистону баҳор оби барфу борон ҳаст, чашма низ ҳаст. Ва чашмаи оддӣ не, балки тиллозой. Мобайни деҳа чанори бузурге ҳаст ва аз зери решаи ин чанор оби чашма фаввора мезанад, вале ба андозаи хеле кам, ки танҳо ба кишоварзии ҳамин мардум ва таъмини як русто мерасад. Оби чашма ҳамроҳи худ ба рўи замин арзан барин зарро мебарорад. Мардуми деҳаи Зарчашма онро дар масҷид ҷамъ мекунанд, ки дар охири сол ҳамагӣ як-ду кило мешавад. Ин зарро ба таъмири роҳи байни деҳаю шаҳр,кўпрукҳо ва кўмак ба беваю бечора сарф мекунанд. Ҳар сол дар байни мардуми деҳа касе пайдо мегардид, ки аз зери чашма кофта гирифтани кони тиллоро ба миён мегузошт. Аммо имоми масҷид зиддият нишон медод.

Имом чунин мегуфт: — Ин чашма бо инояти Ҳазрати Хизр дар назди кулбаи бевае пайдо гардида будааст. Вақте ки ин ҷо русто не, балки танҳо як кулба будааст. Ба ин сабаб муқаддас аст ва ба чизи муқаддас бо ғараз даст задан бадбахтӣ меорад.

Сипас замонҳое фаро расид, ки имомро одамони силаҳдору чарминапўш гирифта бурданду бо тўҳмат ҳабс карданд. Чанд нафаре, ки дар паи чашмаро вайрон карда кони тиллоро кушодани буданд, мағал бардоштанд. Аммо мардум розӣ набуд. Сипас маҷлис даъват намуда ба ҳама баробар тақсим кардани зари аз зери чашма пайдомешударо ваъда намуданд. Мардуми ҳарис розӣ шуд. Дар як рўз чанори Зарчашма сарнагун ва ҷои чашма ҳавзи калоне канда шуд. Кофтанду кофтанд,вале кони зар пайдо нагардид. Оби чашма низ гум шуд. Касе гуфт: — Бечора харак орзуи дум кард, ноёфта дум ду гўш гум кард!

Одамон пушаймон гардида дар ҷустуҷўи “ташаббускор” шуданд. Аммо “ташаббускор” аз тарси таънаву маломат ва ғазаби мардум кайҳо гурехта рафта буд. Маълум шуд, ки ба имом ҳамон “ташаббускор” тўҳмат карда будааст.

Рўзи дигар имоми масҷидро аз ҳабс озод карданд. Ў ба Зарчашма баргашта мардуми деҳро дар атрофи ҳавзи беоб дид, ки ашки пушаймонӣ аз чашмонашон ҷорӣ буд. Имом гуфт: — Дар замонҳои қадим як тоҷири суғдӣ мурғе аз кишвари дур харида овардааст,ки соле як дона тухми тиллоӣ мезоидааст. Тоҷир қарор медиҳад, ки мурғро кушта аз шикамаш зари чандсоларо бигирад. Баъди шиками мурғро чок кардан мебинад, ки он ҷо чизе нест. Дигар афсўсу надомат суд надошт. Мурғ мурда буд ва ҳамон як дона тухми тилло, ки дар як сол як бор ба даст меомад, дигар нест.

Ман ба шумо гуфта будам, ки ин чашмаи муқаддас аст. Зери чизи муқаддас ва мўъҷизаро намекобанд.

Ҳоло аз деҳи Зарчашма ному нишоне намондааст. Одамон чўбу чахси хонаҳои худро канда ба поён кўчида фуромадаанд. Дар ҷое, ки об набошад, кӣ зиндагӣ мекунад?

Комментариев нет: