среда, 2 апреля 2008 г.

Усто Амриддини Самарқандӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ

Асосгузори ҳунари гачкории Тоҷикистонро кӣ бояд қадр кунад?

Онҳое, ки ин сарлавҳаро хоҳанд хонд, боз суол хоҳанд кард: Адаш Истад боз гуфтанист, ки фарҳанги миллӣ бе азхудкунии фарҳанги Бухорову Самарқанд наметавонад эҳё шавад. Дуруст фикр мекунанд мунаққидони камина. Банда ҳоло низ оиди чизҳои дуввумдараҷаю саввумдараҷа не, балки дараҷаи аввал мехоҳам ҳарф занам, ки бе он фарҳанги миллӣ вуҷуд нахоҳад дошт, зеро аз рукнҳои асосӣ ҳисоб меравад. Сухан аз меъмории миллӣ, саҳеҳташраш ҷузъи муҳими он – ҳунари гачкорӣ хоҳад рафт.

Ман ҳам то ошноӣ бо сирру асрор ва душвориҳои ин бахши муҳими санъати амалию ороишӣ бо он соддафикрии ба бисёриҳо хос чунин фикр мекардам, ки гачкорӣ чандон мураккаб ва мушкил нест, агар чандин нақше, ки дорад, омўхта шавад, ҳар кас метавонад устои гачкор гардад. Аммо бо гузашти солҳои тўлонӣ чунин суол низ аз гўшаи хотирам мегузашт, ки агар кори осон бошад, чаро устодони ин касб ангуштшуморанд? Солҳои зиёде дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мудири шўъбаи санъат будам, аммо боре ҳам иттифоқ наафтода буд, ки оиди ҳунари гачкоре мақолае чоп шуда бошад. Бо устои машҳур Мирзораҳмат Олимов чанд сўҳбате оиди наққошии миллӣ доштам, аммо мавзўъ ба гачкорӣ оид нашуда буд. Аз санъатшиносон профессор Низом Нурҷонови бухороӣ албатта огоҳии бештаре доранд, аз корҳои бузургтарин устоди ин ҳунар усто Ширин Муродови Бухороӣ, ки узви фахрии Академияи улуми Ўзбекистон гардида буд. Афсўс, ки бо эшон низ сўҳбате дар ин боб накарда будам.

Азбаски гачкорӣ ҳунари мардумӣ ҳисоб меёбад, дар Самарқанд гачкорон дар муассисаҳое, ки онҳоро муттаҳид мекунад, соҳиби устохонаҳои худанд.

Бо кулолҳо, созандагони асбобҳои мусиқӣ шинос будаму бо гачкорҳо аз дур саломалек доштаму бас. Ба туфайли чанд нафар рассомоне, ки дар Душанбе дар омўзишгоҳи рассомӣ таълим гирифтаанду ҳоло дар бинои шўъбаи самарқандии Академияи бадеии Ўзбекистон устохонаҳои худро доранд, камина дар ин даргоҳ меҳмони доимӣ будам. Рўзе огоҳӣ ёфтам, ки як ҳуҷраи холиро ба устои гачкор Амриддин Наҷмиев додаанд. Баъд дар ин даргоҳ обу ҳаво дигар шуд. Усто Амриддин ба даромадгоҳи бино як қандили зебои гачии эҷоди худро овехта гўё анвори файзбахше ворид намуд. Баъзе рассомон ҳамсўҳбати доимии усто Амриддин мегардиданд. Азбаски ин иморат дар сари роҳ рў ба рўи маҷмўаи меъмории Регистон аст, бисёр оям ҳам усто Амриддинро дучор намешудам, зеро доимо аз паи коре ба ягон шаҳр ё маҳал мерафт. Ва дар вақти танаффуси таоми нисфирўзӣ низ дучор намешудам, зеро барои адои намоз ба ягон масҷиди ҷомеъ мерафт. Масҷидҳои ҷомеи Самарқанд намунаҳои олии ҳунари гачкорӣ муҷассаманд, усто бояд доимо худро дар ин муҳит нигоҳ дорад,– мегўяд усто Амриддин.

Ду-се сол пеш як гурўҳ шогирдони усто Амриддинро дар тармими масҷиди ҷомеи гузари Қўшҳавзи Самарқанд дучор шудам. Шогирдони усто тибқи дастури додаи ў ҳар як нақши кўҳнаи гачиро аз кабатҳои изофии бисёрсола бо нўги корд бо эҳтиёт тоза намуда ҷойҳои шикастаро хеле нафис тармим мекарданд. Нисфи дигари корҳои тармим бар зиммаи гурўҳи устои дигар буд. Он усто бо гурўҳи худ тамоми нақшҳои гачкориро канда навашро часпонда кори худро дар чанд рўз тамом карда зуд рафт. Аммо усто Амриддин ва шогирдони ў, гарчанде ки барои аз мўҳлат дер мондани корҳои тармимӣ коҳиш мешуниданд, зиёда аз як моҳ заҳмат кашиданд.

— Мо нав накардем, мо реставрация кардем,– гуфт усто Амриддин,– кору заҳмати устоҳои пешгузаштаро эҳтиром бояд кард. Вақтамон зиёд сарф шуд, зарари молиявӣ дидем, аммо хурсандем, ки ҳалол кор кардем.

Коғази шаффофе ҳаст, ки онро ба русӣ “калька” мегўянд. Ин калима дар ин шакл ба забони имрўзаи гуфтугў низ ворид шудааст. Аз забони гачкорон шунидам, ки муродифе дар забони тоҷикӣ доштааст – ”ахта”. Бисёр истилоҳҳои ин ҳунар соф тоҷикианд ё арабии тоҷикишуда мебошанд. Масалан муқарнас ба забони арабӣ осмонро гўянд, аммо дар истилоҳоти гачкорон шўшалакҳои зебои геометрии зери гунбад ё равоқ аст. Ман ин ҷо ба тафсири санъатшиносии корҳои эҷодии усто Амриддин ва гурўҳи шогирдони ў кўшиданӣ нестам. Зеро ин кор дониши махсуси санъатшиносиро тақозо мекунад. Ҳар як нақше, ки дар девор устои гачкор ҳак мекунад аз композицияҳои мурракаб иборат аст. Яке аз онҳо рута, дигаре, мадохил, якрафтор, серафтор, ислимии баргӣ, нақши мунаббат, даврагул, турунҷ, китоба барин номҳо доранд. Ба ғайри ин дар шакли тоблу (яъне панно) гули гиреҳу намоёнҳо аз намудҳои амали гачкорӣ маҳсуб мешавад. Танҳо номҳои асбобҳои кории устои гачкор аз мурракабии касби ў гувоҳӣ медиҳад: 1. Қалам (ин дар ном қалам аст, аммо дар шакл ханҷарро мемонад). 2. Пилтақалам. 3. Минқор. 4. Шутургардан. 5. Патакбиннӣ. 6. Пухқалам. 7. Наво. 8. Қалами шукуфта. 9. Морпеч.

Кор болои ҳар як муҷасаммот баъзан ҳашт амалиётро талаб мекунад.

Устои гачкор аз кашидани нақши композиция, яъне муҷассамот то пардози охирини кор ҳамаи ҳашт хели амалиётро давра ба давра анҷом медиҳад. Ба ҳамин сабаб ороиши гачкории иморатҳои калон моҳҳои зиёд тўл мекашад. Ин ба ғайри корҳои муҳандисии андозагирӣ яъне ба ҳаҷми иморат муофиқ кунондани нақшҳои суннатии гачкории миллӣ. Ва интихоби масолеҳ низ. Гач як намуди санги сафеди мулоим аст. Яъне дар девори сафед нақши сафед эҷод мешавад. Ба ин сабаб нақшҳои гачкорӣ нурафзоянд ва хонаро рўшантар мекунанд. Вобаста ба он ки ба нақши гачӣ рўшноӣ аз кадом самт меафтад, нақшҳо ҷозиба ва нафосати худро намоён хоҳанд кард. Гачкорон аз намудҳои хокаи гач як хели маҳини онро ки гулгач ном дорад, истифода менамоянд. Ҷиҳати дигари ҳунари гачкории миллӣ он аст, ки дар он на тасвири табии наботу ҷамод, балки нақшҳои мармузи онҳо ифода меёбанд. Ин рамзҳо дар тўли ҳазорсолаҳо шакл гирифта рукни муҳими зебоишиносии мардуми моро ифода мекунад.

Ё ки ман ҳоло дар бораи шарафаҳои эҷоди устои гачкор ҳарфе пеш орам, суол хоҳед дод: шарафа худ чист? Устоҳои гачкори тоҷик он чизе ки дар меъмории имрўз аксарият карниз мегўем, шарафа мегўянд. Аз луғати русӣ-тоҷикӣ накобед, ки ин калима дар он китоб нест. Онро бо калимаи “Нижвон” ва ибораи “қоши иморат” ифода кардаанд. Ё ки дар боби ҳунари пардоздиҳӣ сухан карда наметавонам намудҳои он – чокапардоз, лўлапардоз, пахпардоз, табақапардоз барин вожаҳоро истифода накунам. Ва шумо боз суол хоҳед кард, ки инҳо чиро ифода мекунанд. Танҳо ҳаминро метавонам бигўям, ки ин пардоз ба маънои ҳамворкунӣ нест, баракс зиёд намудани ҳачми нақшҳост. Табақапардоз аз намуди мураккабтарини ин амали гачкорӣ буда дар он усто Ширин Муродови Бухороӣ маҳорати тамом дошт.

Мегўянд, ки рассоми бомаҳоратро аз он ҷиҳат мешиносанд, ки дар тоблу изи мўйқаламаш аён нест. Дар гачкорӣ низ изи корди усто Ширин аён нест. Вале бар ин илова мекунанд, ки асосан устои моҳири гачкорро аз иҷрои пардоз мешиносанд.

Усто Амриддин шогирди усто Анвар Қулиев ва усто Мирусмон Асадов аст, инҳо шогирдони усто Ширин Муродов буданд. Ин ҳам ба мисли омўзиши Шашмақом аст, ин ҳунар ҳам аз сина ба сина интиқол меёбад, ҳеҷ кас аз пеши худ бо худомўзӣ гачкор нашудааст. Дар Ўзбекистон мактабҳои гачкории Хоразм, Фарғона, Самарқанд ва Бухороро ном мебаранд. Аммо услуби Бухоро бо мураккабии худ – гул андар гул фарқ мекунад. Услуби Самарқанд соддатар буд, аммо бо таъсири усто Ширин синтези услубҳо ба амал омад ва донандаи беҳтарини услуби бухороӣ ҳоло усто Амриддини Самарқандӣ аст. Ба ҳамин сабаб барои гачкории ресторани “Золотая Бухара“-и Маскав маҳз ўро даъват карданд. Мақбараи Оқсаройи Самарқанд аз ёдгориҳои таърихии меъмории нақшу нигораш нафис ва мураккаб маҳсуб мешавад ва тармими онро усто Амриддин бо шогирдони худ анҷом дод.

Дар сўҳбат усто Амриддин оиди устодони худ бо эҳтироми бепоён ҳарф мезанад. Ҳайкалҳои нимтанаи онҳоро дар устохонаи худ нигоҳ медорад. Аввал, яъне солҳои 1972-78 шогирди усто Мирусмон Асадов будааст. Бо ў мадрасаи Тиллокорӣ, Масҷиди ҷомеи Бибихонумро тармим ва таъмир кардааст. Ин ҳамон усто Мирусмони машҳур аст, ки гачкории қасри маданияти деҳаи Арбобро дар Хуҷанд ва театри Лоҳутию чойхонаи “Роҳат”-и Душанберо анҷом дода буд.

Соли 1978 усто Амриддин донишкадаи сохтмону меъмории Самарқандро хатм карда ба гурўҳи усто Анвар дохил шуд. Бо ў дар ороиши меҳмонхонаи “Интурист”-и Самарқанд, истгоҳи “Пахтакор”-и метрои Тошканд, ресторани “Нилуфар”-и Бухоро ва бисёр иморатҳои ҷамъиятиву маъмурӣ саҳм гузошт. Баъди ба нафақа баромадани усто Анвар аз ў дуои фотеҳа гирифта ба корҳои мустақилона даст зад. Дар Самарқанд иморатҳои меҳмонхонаи “Ориент стар”, Банки Саноатӣ, дар Шаҳрисабз меҳмонхонаи “Интурист”-ро бо ҳунари гачкории худ симои миллӣ бахшид.

Баробари ин Тоҷикистонро низ фаромўш накард. Ҳар фармоиш ва пешниҳоде, ки аз шаҳрҳои Тоҷикистон меомад, бо ҷону дил мепазируфт.

Усто Амриддин соли 1989 дар сохтмони профилакторияи фабрикаи абрешими Хуҷанд саҳм гирифт. Шогирдони хуҷандии ў Қодиров Мирзораҳим ва Қодиров Абдуқодир, бародарон Абдусаттору Абдуқаҳҳор, бародарон Фозилу Ҳусен, Мақсуд, Шароф ва дигарон дар ҷараёни кор аз ў ҳунари гачкории миллиро омўхтанд ва гуфтан мумкин аст, ки ин ҳунар дар Хуҷанд эҳё гардид. Сабабгори асосии эҳёи ҳунари гачкории Хуҷанд меъмори китобхонаи Тошхоҷа Асирӣ Раҳимҷон Одинаев буд. Ин марди дар асл самарқандӣ, ки дар ҳар қадам байте аз эҷоди шоирони мумтози тоҷик мехонд, рўзе гуфт, ки то кай аз Самарқанду Бухоро устоҳоро ба Тоҷикистон даъват мекунем. Тоҷикистон бояд устоҳои бузурги худро тарбия кунад. Меъмор Раҳимҷон Одинаев афсўс, ки бо вуҷуди дилсўзу қадрдони Тоҷикистон буданаш солҳои ҷанги таҳмилӣ бе кор монд ва маҷбур шуд, ки ба Маскав равад ва мегўянд, ки ҳоло дар кадом як идораи лоиҳакашии он ҷо кор мекунад.

Усто Амриддин дар Хуҷанд ба ғайри гачкории толорҳои ин китобхона дар масҷиди ҷомъи Сари Санг ду манори азонгўӣ сохт ва масҷиди ҷомеи Овчи Қалъачаро пурра тармим намуд.

Аммо кори бузургтари ў гачкории гумбазҳою меҳробҳои масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин аст. Агар сурати ин ибодатхонаро дида бошед, муқарнасҳои усто Амриддин эҷоднамуда зери равоқи пештоқро зеб медиҳанд. Сипас дар тармиму эҳёи девору дарвозаи Қалъаи Темурмалик роҳбарӣ намуд. Солҳои 1989-90 усто Амриддинро ба шаҳри Душанбе ба иҷрои гачкории масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб даъват карданд. Дар ин масҷид ороиши гачкории гунбазу меҳробу тоқҳо ба ў тааллуқ доранд. Ва тармими меҳмонхонаи шоир Нақибхони Туғрал низ.

Баъди он дар шаҳри Кўлоб гачкории шарафа, меҳроб, гунбади масҷиди навро анҷом дод. Соли 2005-ўм ба шогирди хуҷандии ў Мирзораҳим тармими гачкории бинои театри Лоҳутиро супориданд. Ва ў ба сабаби таъҷилии кор усто Амриддинро бо шогирдонаш ба ёрӣ даъват намуд. Усто Мирзораҳим, Абдусаттору Абдуқаҳҳор аз усто Амриддин дуои фотеҳа гирифтаанд, ба ин сабаб асосгузори мактаби гачкории Тоҷикистон усто Амриддин ҳисоб мешавад.

На фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар дигар ҷумҳуриҳо низ осори ҳунари гачкории усто Амриддинро дидан мумкин аст. Дар Украина, Россия ва Қазоқистон низ. Гачкории масҷиди Мадина ва чуноне ки қайд кардем ресторани “Золотая Бухара”-и Москва кори дасти ўст.

Рўйхати корҳои эҷодии усто Амриддин калон аст. Дар шаҳри Навоӣ гачкории масҷиди ҷомеъ, дар Бухоро таъмиру тармими мақбара ва масҷиди Баҳоваддини Нақшбанд, дар Ғиҷдувон тармими масҷиди таърихии Хоҷа Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ низ аз корҳои ўст. Азбаски услуби усто Ширин Муродови Бухороӣ мураккабтар ва мукаммалтар ҳисоб мешавад, усто Амриддин равияи ўро писандидааст. Ва дар ин ҷода заҳмат мекашад. Усто Амриддин барои нигоҳдошти анъанаи гачкории миллӣ хеле кўшиш ба харҷ додааст. Хеле эҳтиёт мекунад, ки унсурҳои бегона нафосати услуби миллиро халалдор накунанд. Ба ин сабаб дар эҷоди нақшҳои нав шитоб намекунад. Аммо чанде пеш маслиҳати камина барои интихоби шоҳбайтҳои шоирони мумтоз барои меҳмонхонаи наве, ки ў дар ҳавлии худ ба услуби миллӣ сохтааст, лозим шуд. Ва камина нақшҳои хеле гуногун ва навро дар ороиши меҳмонхонаи ў дидам. Ба нигоҳи суоломези камина ў чунин ҷавоб дод: — Нақшҳои навро аввал дар иморати худ санҷида баъди он ки писанди ҳама гардид, дар иморатҳои дигарон истифода мекунам.

Чанде пеш усто Амриддин яке аз шогирдони худро аз гурўҳи худ пеш кард. Чанд дўсту одамони баландмартаба ба миёна даромаданд, ки “Ҷавон аст, як рафтори хилофи ахлоқ кардааст, боке нест, ислоҳ мешавад” аммо қабул накард. — Инҳо дар оянда фарҳанги миллиро муайян хоҳан кард,– гуфт ў,– барои касе, ки ин касбро муқаддас намеҳисобад, дар мактаби ман ҷой нест!

Воқеан ҳам ў мактаб дорад. Маънои калимаи академия ҳам мактаб аст. То вақте ки усто Амриддин барин шахсиятҳо ҳастанд, ин академия фарҳанги миллиро устувор нигоҳ хоҳад дошт.

Чанде пеш гурўҳи усто Амриддинро ба Масква барои гачкории як иморати калон даъват карданд. Усто Амриддин баъди як ҳафта бо шогирдонаш ба Самарқанд баргашта омад. Ба суоли камина чунин ҷавоб дод: — Гумон карданд, ки ба маблағи андак моро кор фармоянд. Гумон карданд, ки худи нархи билети ҳавопаймо моро барои ҷуброн кардани хароҷоти роҳ маҷбур хоҳад кард, ки барои онҳо кор кунем. Вале мо ғулом нестем, ки барои маблағи андаке кор кунем.

Ба фикрам, худшиносӣ аз шинохти фарҳанги миллӣ оғоз меёбад. Вақте ки шогирди устои гачкор дар 10-12 соли тўлонӣ бо азобу заҳмати зиёд ба дараҷаи устодӣ мерасад, ҳатман чунин хоҳад гуфт: — Он чизе ки гарон ба даст омад, дигар арзон нахоҳад шуд.

Ин буд чанд нуктае оиди фаъолияти як нафар гачкори Самарқанд – усто Амриддин Наҷмиев, ки пайвандгари дирўзу имрўз, идомагари суннатҳои гачкории миллӣ гардидааст.

Аммо қадршиносӣ ку? Қадршиносии шахсиятҳои фарҳангӣ аз фарҳангшиносӣ оғоз меёбад. Фарҳангшиносӣ ку? Ку он мутахассисоне, ки ҳусну қубҳи соҳаи ҳунари гачкориро метавонанд муайян созанд?

Баъди он ки байни Ўзбекистону Тоҷикистон режими виза ҷори шуд, усто Амриддинро барои коре бо телефон ба Душанбе даъват карданд. Ў аз Самарқанд ба Тошканд ба сафоратхонаи Тоҷикистон рафт, ки виза бигирад. Аммо ба ў виза надода гуфтанд, ки аз Тоҷикистон даъватномаи расмӣ бигирад. Бо чашмони пури ашк аз сафоратхона берун омад. Устоҳои машҳури гачкор солҳои шўравӣ соҳиби ягон унвони баланд ё мукофоти давлатӣ буданд, гарчанде ки расман ба ривоҷи маданияти миллӣ эътибор камтар буд. Агар усто Амриддин соҳиби унвоне мебуд, эҳтимол консули сафоратхона ба иҷрои талаби ў мекўшид.

1 комментарий:

Анонимный комментирует...

Суол дорам.

Самарканд чи кадар ахоли дорад. Чи микдоре аз онхо точиканд ва чи кадар узбак, чи кадар точикон удро узбак нависондаанд, дар кучахо ое бо тчк харф мезананд, дар туйхо бо кадом збон суруд месароянд, кихоянд сарояндахояшон, ...?

Ташаккур