суббота, 19 апреля 2008 г.

ДАҲШАТҚУЛ

Ҳикоя

Хонандаи мўҳтарам аз унвони ин ҳикоя эҳтимол тахмин мекунад, ки сухан дар бораи шахсе хоҳад буд даҳшаткору ваҳмангез. Худо нигоҳ дорад! Мақсади муаллиф ин нест, балки нақлест оиди он ки хасу чўби беҷон ҳам даҳшатнок шуда метавонад.

Қаҳрамони ҳикояи мо Боймурод ном дорад. Боймурод корманди як идораи хурдакак, ки дар ҳар шаҳру ноҳия ҳаст - нотариат, яъне идорае, ки бе он ҳуҷҷатҳоро қонунӣ гардондан мушкил аст. Яъне, ки Боймурод соҳиби мўҳр аст, қонундон аст. Ў нағз медонад, ки корманди чунин идора ба вазифаи аз ин баландтар умед баста наметавонад ва аксар то нафақа дар паси як мизу болои як курсӣ қафои даҳҳо шиму остини даҳҳо пиҷакро медарронад.

Рўзҳо барои Боймурод якранг мегузаштанд, зеро навиштани ҳуҷҷатҳои гуногун аз рўи қолиби муайяну забони ҳуҷҷатнигорӣ кайҳо ба дилаш зада буд. Ў танҳо ба хотири якшанбе – рўзи истироҳат зиндагӣ мекард. Дар ин рўз ў каллаи азон аз хоб хеста ба саробўстони худ мешитофт.

Он чӣ ки ў саробўстон меномид, як замини масоҳаташ шашхолии бист ба сӣ метр буд, ки аз ниҳолҳои навбар гелос, себ, шафтолу, зардолу, нок ва чанд бех ток дошта Боймурод дар зери дарахтону байни онҳо тарбузу харбуза ва чанд намуди сабзавот низ кишта буд.

Агар ҳама саробўстони худро бо панҷарадевор ё деворбетон иҳота карда, дар он қасрчаҳои ду-сеқабатаи хурдакак сохта бошанд, Боймурод барои ин на маблағ дошту на вақт. Ба ҳамин сабаб ў атрофи замини саробўстонашро бо симхор иҳота карда дар кунҷи як хонаи чўбии “кўрхатшуда”-и аз бинокорҳо арзон харидаашро гузошта буд, ки як дару ду тиреза дошт. Боймурод ба саробўстонаш танҳо худаш мерафт. Зану бачаҳояш намерафтанд. Онҳо шарм медоштанд, ки дар паҳлуи саробўстонҳои ҳавзи мармариндору хонаҳояш пурнақшу нигор саробўстони онҳо хоки сиёҳ ҳам не. Саробўстони Боймурод суратан аз ҳоли марди хоксору камбизоате дарак медод. Як гов, агар беназорат монад, ҳатман ба полези ў медаромаду як хар, агар гум шавад, аз замини ў ҳангос мезад. Ҳатто қаровули умумии саробўстоне, ки ба ў Боймурод низ моҳона медод, аз замини Боймурод бепарво буд.

Вале Боймурод ҳамаи инро сарфи назар карда, ҳар рўзи якшанбе аз каллаи азон ба роҳ мебаромад, офтоб як қади найза боло нашуда ба сари заминаш мерасид ва аз хоначаи чўбин белу каландашро гирифта ба кор сар мекард. “Меҳнат кунӣ, роҳаташа мебинй, бачем” – ба ёд меовард суханони падари марҳумашро. Пас аз ду-се соати меҳнати арақрези ҷисмонӣ гўё заҳру зақуми дар тўли як ҳафта дар баданаш ҷамъшуда бо арақ берун мешуданд ва худро хеле сабук ҳис мекард. Ҳатто “ба рўзгор ин намерасад, вай намерасад” гуфта доимо “вақ-вақ” кардани занаш аз ёдаш мебаромад. Ў дар ин қитъа ҳар як ваҷаб замин, ҳар як ниҳолро дўст дошта буд. Ў ҳамаи ҳамсояҳоро дар ин ҷо дўст медошт. Ин ҷо ҳама чиз гўё дар ҷои худ буд, дар мавқеи худ ва замони худ. Помидор вақту соати худро дошт, қаланфуру боимҷон вақту соати худро. Боймурод ба қасру ҳавзҳои мармарӣ ҳасад намебурд, ба ҳамсояҳо меҳрубон буд, аммо ҳамсояҳо ўро чашми дидан надоштанд. Дар як минтақаи саробўстонҳои олӣ як замини бо симхор иҳоташудаи хоначааш кўҳнаи чўбӣ ба чашмашон хор барин мехалид, бад ва нозеб менамуд. Ба ҳамин сабаб чанд бор пешниҳод карданд, ки заминашро ба онҳо фурўшад, маблағи калон пешниҳод менамуданд, вале Боймурод ҳеҷ розӣ намешуд.

Ҳама бачаҳои шаттоҳи деҳоти атроф дар вақти аз байни хиёбони марказии саробўстонҳо гузар кардан, ба боғҳои дигар нею ба саробўстони Боймурод аз боло ё таги симхор гузашта, тути заминӣ ё гелос хўрда мерафтанд. Зеро ин ҷо на посбоне дошт, на саги бадҳайбате, на ҳамсояи ғамхоре, ки як бор “ҳуй” гуфта монад. Баръакс, ҳамсояҳои бахили сарватманд мехостанд, ки ҳар чи бештар полези ў поймол шавад, шохи ниҳолҳои навбарашро зиёдтар шикананд, “ногоҳ полезашро об зер кунад” ва аз ҳамаи ин Боймурод дилхунук гардаду заминашро фурўшад. Вале Боймурод баъди чунин ҳодисаҳо боз ба заминаш сахттар мечаспид.

Имсол ҳамин ки гелос ранг овард, ба шикастани шохҳои он сар карданд. Илова ба ҳамаи ин як села зоғҳои сиёҳ, ки дар чортоқи тори қасри сеқабатаи ҳамсоя лона монда буданд, паи ҳам ба меваю чеваи Боймурод ҳуҷум мекарданд. Боймурод қарор кард, ки барои тарсондани паррандаҳо қарашқул лозим аст. Қарашқул хўсаи одамсуробест, ки паррандаҳо ўро дида одам пиндошта, ба полез ё боғ намешинанд.

Вале на ҳама метавонад, чунин қарашқул созад. Боймурод қарашқулҳои падараш сохтагиро дар бачагиаш дида буд. Аз рўи ҳамон таҷрибаи кўҳна ба кор сар кард. Вале маводи қарашқулро дар шароити шаҳр пайдо кардан чандон осон набудааст. Таҳхонаҳоро кофта, аз кадом кунҷе як калтаки калони аз қади худаш ду-се ваҷаб дарозтарро ёфт, ки метавонад танаи қарашқул шавад. Барои даст чўби муносиб ёфт нашуд, ба ғайри як милтиқи кўҳнаи зангзада. Барои сар як чўбкаду лозим буд ё кўзача, афсўс, ки пайдо нашуд. Боймурод аз як сандуқи кўҳна кулоҳхуд (тоскулоҳ)-и биринҷии қадимаро ёфт, ки ба кадом аср тааллуқ дошт, маълум набуд. Вақте ки кулоҳхудро ба сари калтак пўшонд, он ба худ симои даҳшатнок гирифт, гўё арвоҳе кулоҳхуд пўшида, ба ҷанг тайёр шудааст.

Акнун ягон ҷомакўҳна ёфтан лозим буд. Ҷомакўҳнаро аз хона пайдо карда натавонист. Зеро занаш либоси кўҳнаро нигоҳ надошта, зуд бароварда ба қуттии ахлот мепартофт. Боймурод боз ба таҳхона даромад ва сандуқҳои қадимаи аз бобояш мерос мондаро кушода, як ҷомаи хеле кўҳнаи садямоқро ёфт. Ҳайрон шуд, ки мўҷиби чунин ҷомаро нигоҳ доштан чӣ бошад?

Эҳтимол ҷома ба ягон пири тариқат, ё пешво тааллуқ дошта, чизи муқаддас будааст? Ё ки ҷомаи аз ёд фаромўшшудаи бобояш будааст? Боймурод ҳамаи инҳоро ба саробўстонаш оварда, аз онҳо қарашқул сохт. Ў анъанаи қарашқулсозиро вайрон кард. Қарашқулҳое, ки падараш месохт, дар сари кадучўби худ чеҳраи хандон ё пуртабассуме дошта, гўё ҳар як дузди полезро бо оғуши кушоду меҳмоннавозӣ пешвоз мегирифтанд.

Қарашқули Боймурод ба ҷои сар кулоҳхуд (тоскулоҳ) дошту зери он холигии сиёҳе метофт. Аз як остин қундоқи милтиқи вайрони зангзада намудор бошад, аз нўги остини дигари ҷома мили сиёҳи он як ваҷаб берун баромада буд. Барои аз ин милтиқ тир паррондан бобоён дар тирдони милтиқ пилтаи равғанолудро гиронда дақиқае интизор мешуданд, ки кай оташ ба борут мерасаду баъд тир аз мил берун мепарад.

Домани ҷомаи садямоқи ало-булои бобоӣ ба замин расида чўби дохилиро паноҳ карда буд ва аз дур чунин метофт, ки даҳшатқул ном ҷине аз замин мехезад, то ҳамаро сахт тарсонад, гурдакаф кунад.

Боймурод баъди дар мобайни замин рост кардани қарашқул то шом дар полез ҷунбуҷўл кард. Як чизро ҳис намуд, ки касе ба кори ў бо диққат нигоҳ мекунад. Ҳамин, ки ба ҷониби қарашқул нигарист, аз ҷои холигии сиёҳи ваҳмангези даҳону биниву чашм чизи дигаре наметофт. Аз ин ҳолат тахтапушташ ваҷаррос мекард. Вале бо вуҷуди ин қарор дод, ки қарашқулро дар ҳамин ҳолат монад, зеро ба талаву тороҷи полезу ниҳоли саробўстонаш аз ҷониби паррандаву чарранда хотима гузоштан лозим буд. Вақте ки Боймурод аз заминаш мебаромад, шунид, ки дар саробўстонҳои ҳар ду тарафи заминаш базми нишот дар авҷ аст: бўи сихкабоб меомаду садои қаҳқаҳаву хандаи маъшуқаҳо омехта бо мусиқии сабук. Боймурод ба ҳамаи инҳо эътиборе надода, ба роҳаш равон шуд,зеро кайҳо бо ин тарзи истироҳати соҳибони пулмасти саробўстонҳо одат карда буд. Ин шаб Боймурод дар хона то рўз наҷунбида хобид. Зеро хаста шуда буд. Саҳар ўро садои дар бедор кард. Дарро кушода дар рў ба рўяш милисаро дид.

Ба мошин шинед! – гуфт милиса. — Дар саробўстон куштор шудааст.

Боймурод саросема либос пўшид ва ба мошини патрули милиса нишаст. Зану бачаҳояш инро шунида тарсиданд. Боймурод онҳоро ором кард: “Ҳеҷ гап не, ягон бадмаст ба полез даромадагист”.

Имшаб дар куҷо хобидед? – пурсид милиса баъди он ки мошин бо суръати тез роҳи саробўстонро пеш гирифт.

— Дар хонаи худам будам, гуфт Боймурод.

— Кай ба хона омадед?

Дирўз бегоҳӣ.

Ягон кас метавонад инро тасдиқ кунад?

Занам, бачаҳоям.

Не, ягон каси дигар.

Ягон каси дигар маро надидааст.

Милиса саволи дигар надод.

Вақте ки ба саробўстон расиданд, Боймурод дид, ки аллакай дар он ҷо як гурўҳи калони муфаттишону милисаҳо ба таҳқиқи ҷиноят машғуланд. Қурбони ҳодиса ҳамсояи дасти рости Боймурод Тўлӣ буд, ки дар назди хонаи чўбин аз сараш тир хўрда парў афтида беҷон мехобиду дар наздаш канистри бензин ва гўгирд меистод. Боймурод фаҳмид, ки Тўлӣ барои оташ задани хоначаи ў омадааст ва касе ўро парронда ба ин кор монеъ шудааст.

Аз байни милисаҳо танҳо сардори онҳо полковник Саломатов нисбатан солхўрда буду мўйҳои мошу биринҷ дошт ва Боймуродро нағз мешинохт. Зеро замоне, ки Боймурод ҳам бача буду ў ҳам, онҳо ҳамсоя буданд. Падараш нақл мекард, ки бобои Боймурод “илми кашмирӣ”-ро медонистааст ва бо даму дуо ё ба воситаи калтаки соҳириаш деву аҷинаҳоро аз дили беморони рўҳӣ ё аз хонаи онҳо мерондааст. Боре бобояш сардори милисаҳоро ҳам ҳамин тариқ табобат карда будааст, вале ин дар ёди Саломатов ҳаст ё не, маълум нест. Ҳоло қиёфаи полковник ҷиддист. Ў замони ҷўрагиҳои давраи бачагиро тамоман ба ёд овардан намехоҳад, зеро касби асосиаш барқарор кардани адолату ҳақиқат аст, на ёди ҳуши замони бачагӣ.

Сардори милисаҳо бо чеҳраи ҷиддӣ фармонҳои қатъӣ медод. Назорат мекард, ки пайгиру суратгирон кори худро дақиқ анҷом диҳанд. Тамошобинҳоро аз ҷои воқеа дур меронд. Ва кўшиш мекард, ки чашмаш ба чашми Боймурод рост наафтад. Ин дам криминалист хулоса баровард, ки тир аз милтиқи қарашқул парронда шудааст. Патрони холӣ ёфт нашуд ва дар зери қарашқул танҳо изи пои Боймурод ёфт шуд. Далели раднопазир. Ҳама фармони полковникро интизор буданд.

— Ба дасти Боймурод кишан занед! – фармон дод сардор бо қатъият. Милисае дастони Боймуродро дошт ва милисаи дигар кишан зад.

Ман – бегуноҳ !,— гуфт Боймурод,— аввал тафтиш кунед!

— Чӣ хел тафтиш! Ҳамааш маълум-ку?

О, ман имшаб дар хонаи худам будам!

Бас, боқимондаашро дар вақти пурсиш гап мезанӣ! – амр кард муфаттиш, – пеш даро!

Вақте ки Боймуродро ба мошин мешинонданд, сардор фармон дод, ки қарашқулро канда гиранд, зеро он ҳамчун далели шаъй лозим аст. Пойҳои Боймурод латта шуданд. Ў то назди мошин базўр омад ва ба поймонаки он пой монда “ё пирам!” гуфта худро бо душворӣ бардошт. Милисае ба ҷониби қарашқул равон шуд. Ҳамин вақт қарашқул ба ҳаракат даромада, мили даст –милтиқи худро ба сўи мошини милисаҳо нигаронд. Онҳое, ки инро диданд, зуд худро ба замин партофтанд. Ду бор садои тирандозӣ баромад ва ду балони мошин сўрох шуд.

Баъд қарашқул мили милтиқро ба сўи чортоқи боми қасри Тўлӣ рост намуда, як бор тир андохт. Зоғҳои сиёҳ ба осмон париданду чортоқ оташ гирифт.

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Ло ҳавла вало… Ло ҳавла вало… дасти Боймуродро кушоед! – фарёд кард полковник.

Вақте ки кишанро аз дасти Боймурод гирифтанд, қарашқул ором шуд ва боз ба хўсаи беҷон мубаддал гардид.

— Бобоят ҷодугар буд. Ту ҳам аз ҳамон ҳунар дорӣ? – гуфт полковник.

Не, ман ягон сирру ҷодуро намедонам, - гуфт Боймурод. Вале чизе наёфта аз чизҳои кўҳнаи бобом қарашқул сохтам. Вале ин қарашқул нею даҳшатқул шуд. Чизҳои бобом ногоҳ худ ба худ ба ҳаракат даромаданд.

— Аз ту илтимос ин, ки онҳоро гирифта ба ҷояшон бурда мемонӣ! – гуфт сардор, – илми ҷодуро надонӣ, ба онҳо дигар даст нарасон.

Боймуродро аз мошин фуроварданд. Ў қарашқулро вайрон карда, чизҳоро ба таҳхона бурда монд. Милиса дигар бор Боймуродро ташвиш надод. Боймурод ҳам баъди ин ҳодиса ба сари заминаш ягон бор нарафт.

Ў акнун рўзҳои истироҳат аз тиреза ба кўчаи сермошин нигоҳ карда мешинад ва орзу мекунад, ки ягон кас заминашро харад ва ў аз ҷои дигар барои саробўстон замини хубе ёбад. Ва албатта пеш аз ҳама ҳамсояҳои хубро...

Комментариев нет: