пятница, 25 апреля 2008 г.

Сила ест, ума не надо!

«Ақли солим – дар тани солим» аст, – гуфт варзишгаре дар барномаи «Субҳ»-и ТВ1 Тоҷикистон 25-уми апрел ва илова кард: — Тан солим набошад, ақл ҳам солим нахоҳад буд.

— Бале, – тасдиқ намуд яке аз барандаҳои ин барнома.

Эҳтимол аст, ки варзишгар шиори русии «В здоровом теле – здоровый дух!»-ро ба тоҷикӣ ифода кардан мехост. Ин шиор даъват ба он аст, ки ҳар як тани солим бо рўҳи солим таъмин бошад.

Варзишгар бо чунин суханронӣ ақли ҳамаи маъюбон ва беморонро носолим ҳисобид. Хайрият, ки «Сила ест, ума не надо!»-ор тарҷума накарданд.

Рўзе як донишманд аз ҳамин ТВ гуфт, ки маънои калимаи «нафар» ҷанговар аст ва онро ба ҷои «кас» истифода кардан хатост. Фикри дурусте гуфт, аммо худи гўяндаҳои ҳамин телевизион ба маслиҳати дурусти ў эътибор надодаанд ва ҳоло ҳам ба ҷои «як кас» «як нафар» мегўянд.

1 комментарий:

tojvar комментирует...

Устоди азиз. Чаро муддатест, сукут меварзед? Ман ҳар рўз торнигори Шуморо боз мекунам, чизи нав намебинам. Умедворам, тандуруст ва хушҳол бошед.