вторник, 16 августа 2016 г.

Даъват кунем ё не?



Боз дар бораи тӯйҳо.

Яке аз муаммоҳои мушкил киҳоро ба тӯй даъват кардан аст. Масалан дар ресторан ҷои нишаст барои сад кас (аз тарафи қудо) ҷудо карда шудааст, аммо меҳмононе, ки ин тараф ба  рӯйхат гирифтааст, аз 150 кас зиёданд.

Дар вақти чунин  рӯйхатсозӣ шоҳиди ин ҳол шудам: Аз сад кас зиёд шуд, дигар ягон касро даъват намекунем,- гуфт сардори хонавода. Он гоҳ бонуи хонавода гуфт: - Ҳоҷи Мирзо Абдуллохонро низ даъват кунетон.

- Дигар ягон касро даъват карда наметавонам! - гуфт бо қатъият мард.


- Шумо асабонӣ нашавед, Ҳоҷи Мирзо Абдулло ҳаргиз ба ҷое, ки шароб хаст, пой намемонанд. Аммо шумо он касро ба тӯй даъват карда дар назди эшон обрӯ мегиред. Эшонро қарздор карда мемонед, ки агар тӯй кунанд, ҳатман шуморо даъват намоянд. Ба ғайри ин кас  ҳастанд боз чанд нафар, ки бо сабаби бемориҳои дилу асаб ба мусиқии садояш баланди тӯйҳо тобу тоқат надоранд. Масалан Муродмуаллим…

- Ана ин маслиҳати олиҷаноб!- гуфт мард. Ба каллаат қоил! – Ман ҳозир аз ҳисоби ба тӯйи вечер намерафтагиҳо рӯйхати даъватшавандаҳоро ба саду панҷоҳ кас мерасонам.

Худи муаллифи ин сатрҳо дар тӯйе шунидааст, ки сароянда пеш аз оғози базм ба аппаратурачӣ чунин дастур медод:  - Якта-нимта забондарозҳо овозро паст кун гӯянд, хуб шудааст гӯю лекин паст накун.

Мо моҳиро дар дарё бо моддаи тарканда глушить карда медорем. Агар шунавандаро ба овози баланд карахт карда натавонистӣ, чӣ хонсас, ба кӣ тақлид карсас, гуфта камбудии моро кофтан мегирад. Глушить кун додар, глушить кун! Тоб наоварда зуд хеста равад боз беҳтар! Хешу таборҳои наздик, яъне пулчаспонҳо монанд бас-дия!

Комментариев нет: