четверг, 18 августа 2016 г.

Обрӯи сохта ё иззати харида?



Дар байни мардум ибораи машҳуре хаст – иззати харида. Вақте ки тӯйҳои боҳашамату бодабдабаро пеши назар меоред, беихтиёр иззати харида ба ёд меояд. Дар куҷо чунин расм буд, ки дар суннаттӯй писарбачаҳоро болои тахти равон шинонда ба толори ресторан болои китфҳо бардошта дароранд. Баъди ин ҳодиса ин писарчаҳо чӣ тавр эгоист нашаванд?

Ё ки тӯи ақиқа, ки хоси арабҳост, солҳои пеш набуд. Ва хуб шуд, ки дар қарори ҳукумат онро нозарур шуморидаанд.

Суннаттуй рангу бори театрӣ пайдо кард. Ҳунарпешаҳо дар  либоси қаҳрамонҳои афсонавӣ барои бачаҳо бозиҳо ташкил мекунанд. Яъне дар суннаттӯйҳои ресторанӣ танҳо як гурӯҳи ками бачаҳо иборат аз хешовандони наздик ба он роҳ ёфтаанд. Аммо ин чӣ номаъқулист, ки калонсолон дар пеши назари бачаҳо шаробнӯшӣ мекунанд.


Ба бачаҳо «намунаи ибрат» шуданианд магар?

Аз Тошканд артистбиёрӣ авҷ гирифт-е!

Гуё ки ҳамон сурудҳоро  сарояндаҳои самарқандӣ хонда наметавонанд! Ин ҳама боз ҳам реша ба ман-манӣ, худситоиву худбинӣ, «ман аз бойҳо кам нестам» ё «ман аз ту зӯртарам» барин гапҳо дорад.

Мехоҳанд, ки мардум бигӯянд: - Дар тӯйи фалонӣ артистҳо аз Тошканд буданд, нархи ду соати хизмати онҳо се ҳазор доллар будааст. Маълум, ки соҳиби тӯй одами зӯр-дия!

Аммо дар амал мебинед, ки баъди таоми якум, ҳоло кабоби гӯштиро накашидаанду нисфи ресторан аз меҳмонон холӣ шудааст. Яъне одамон туф кардаанд ба ин иззати харида.

Баракс соҳибтӯй чӣ қадар тӯйро серхароҷоттар кунад, мардум ҳамон қадар бештар фикр мекунанд, ки пули бедардимиён, яъне муфт ё ҳаром ба даст даровардааст, вагарна он чӣ ки бо нӯги сузан ғун мешавад бо бел чош намекунанд.

 Тӯйҳои самарқандиён бештар ба воситаи худнамоӣ табдил ёфта истодааст. Соли 1992 буд ё баъд, ки Абрам Толмасов ба тӯйи як самарқандии муқими Амрико омад. Сипас концерти ҳамин тӯй диск шуда ба фурӯш баромад ва ҳама диданд,  ки самарқандиҳо дастаҳои пулро болои сари сароянда фаввора мекунанд.

Дар тӯйи никоҳ якчанд сол пеш ба тарафи домод аз ҷониби арӯс мебельфиристонӣ набуд. Занҳои гӯрсӯхта ва падарони бодӣ ба расмият дароварданд. Ҳоло кор ба дараҷае расидааст, ки қимати мебель аз даҳ миллион сӯм кам бошад, тарафи домод қабул намекунад.

Самарқандӣ, агар ба дарё дарояд ба гарданаш санги вазнинро баста медарояд, ки ҳама бинанд, ки ӯ чӣ қадар тавоност ва ғарқ намешавад. Як бор тӯйи осмонкаф те, баъд чизе ки шавад, ба қарз меғӯтӣ ё банкрот мешавӣ ё солу моҳҳо нони қок мехӯрӣ!

Акнун дар бораи мебель. Фарз кардем, ки тарафи арӯсшаванда мебели чӯби чормағзии нав тӯҳфа кард. Баъди чанд сол мода ба мебель дигар мешавад. Мебелҳои яке  аз дигаре беҳтар баромадан мегирад.

Баъд модарарӯс рӯзе ба келин мегӯяд: - Мебели фиристодаи падаратон аз даҳон мондагӣ будас-дия.

Тӯй, тӯй, тӯй! Якеро, ки пули тӯйро дар як моҳ меёбад, як кори осон, аммо барои одамони оддӣ кӯҳи бузурги азобу заҳмат, ки ӯро ба ғуломи маърака табдил медиҳад.

Дар тамоми дунё тамоми мардуми олам туйи никоҳро як бор мекунанд. Аммо дар  мо ду бор – тӯйи фотеҳа ва тӯйи никоҳ. Бо  гузашти солҳо ошхӯракон калонтар шуда истодааст. Солҳои пеш 2-3 кас буд, ҳоло ба 20-25 кас расидааст. Талбони манъшударо сарватмандтарҳо аз нав  зинда карданӣ мешаванд. Аммо қарори нави ҳукумат оиди танзими маъракаҳо роҳ намедиҳад, ки он боз аз нав расмият пайдо кунад.

Ба мушоҳидаҳои камина аксари тӯйҳои дабдабаноккунандаҳо оиди обрӯ тасаввуроти комил надоранд ва мегӯянд, ки «мо тӯйи зӯр дода обрӯ мегирем».

Онҳо зери калимаи обрӯ шӯҳратро дар назар доранд. Ҳол ин ки ин амали онҳо ба обрӯбаландкунӣ не, балки ба шӯҳратпарастӣ тааллуқ дорад.
 


Комментариев нет: