понедельник, 15 августа 2016 г.

Бумеранг



Аз силсилаи «Маънои зиндагӣ чист?»

Мӯйсафеде асозанон ба тӯйхона ворид шуд. Болои кат, ки одатан мӯйсафедон мешинанд, пур буд ва ӯро дар  қатори ҷавонҳою миёнсолон ба миз шинонданд. Дастони мӯйсафед меларзид ва то ба даҳон бардани чумча ош камтар ба рӯи дастархон мерехт.

Палавро дар маъракаҳо барои ду кас мекашанд ва ҳамтабақи ӯ ҷавони камандеше будааст, ки ғур-ғур кард: - Аз ин хел ош хӯрдана дар хона нишастан беҳтар.

Мӯйсафед ботамкин будааст, ки посух надод. Дар ҳоле, ки ҳуқуқи ӯро барои иштирок дар маъракаҳо инкор карда истодаанд. Ман бошам биандешидам, ки эгоизми ҷавон яъне худбинии ӯ ягон  реша ба беандешагиҳои худи мо дорад. То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад. Фикр кардаму ёфтам посухи суоли худро.


Бисёр солҳост, ки тӯйҳо, ҷашнҳо, ки пеш асосан дар ҳавлиҳо баргузор мешуд, ба ресторанҳо кӯчидаанд. Дар ресторанҳо бошад, ба кӯдакон ҷой нест.

Ҳама ҷойҳо бошумур. Ана бинед, ки як курсӣ яъне ҷой дар ресторани хуб ба 60-70  ҳазор сӯм расидааст. Табиист, ки дар чунин вазъи соҳиби маърака ба даъвати бачаҳо имкон надорад. Хулласи калом калонсолҳо ҳуқуқи бачаҳоро дар тӯю базмҳо поймол карданд.

Дар тӯи ҳавлиҳо бошад, бачаҳо иштирокчии фаъоли маърака буданд. Баробари калонсолон мерақсиданду шодмонӣ  мекарданд. Агар дар курсиҳо ба онҳо ҷой намерасид соҳиби маърака як палос дар назди оташдон партофта ба ошпаз мегуфт: - Аввал ба ин ҷо бачаҳоро шинонда шикамашонро сер кунед!

Бачаҳо аз тӯйҳои ресторанӣ маҳрум имрӯзҳо калон шудаанд ва эгоизми калонсолҳо ба онҳо таъсири бад гузоштааст. Аз ин рӯ мӯйсафеди фартутеро дар маърака бинанд, ки  дастонаш меларзад мегӯянд: - Дар хонааш шинад беҳтар аст. Бумеранг!

Он тирҳои бумеранг  (яъне муносибати нохуб), ки килонсолон нисбати хурдтаракон мепарронанд, дар замони пириашон ба худи ҳамон калонсолон  парида омада хоҳад расид.

Бисёр пиронсолон роҳ рафта наметавонистагӣ мешаванд. Замоне, ки тӯйҳо дар ҳавлиҳо мегузашт, ба онҳо аз деги тӯй як табақӣ палав мефиристоданд. Ана ҳамин кори хайр низ баъди ресторанӣ шудани тӯйҳо аз байн рафт, яъне хайру саховат гум шуд.

Табиист, ки зиндагӣ як чизи шахшуда нест, дар он доимо тағйирот рӯй хоҳад дод, монанди тӯйҳои ресторанӣ, ки ҳама шоҳиди онанд.

Аммо ин дигаргуниҳо набояд бар зарари маънои асосии зиндагӣ бошад. Маънои асосии зиндагии мардуми мо саодати фарзандон ва мӯйсафедон аст.

Агар мо маъракаҳоеро ба расмият дарорем, ки дар он ба кӯдакону пиронсолон ҷой набошад, пас зиндагӣ ба як чизи пуч ва бемаънӣ табдил меёбад.

Комментариев нет: