вторник, 5 июля 2016 г.

Русуми аҷиби мардум



Сирри дарозумрӣ

Як аз хешовандони дури камина вафот кард. Рўзи дигар хабардор шудаму ба фотеҳахонӣ (яъне таъзия) рафтам. Аз як ақрабои марҳум пурсидам: - Марҳум чанд сол доштанд?
Гуфт: - Се кам ҳаштод.
Баъд ба сари кўча баромада аз каси дигар фаҳмидам, ки марҳум 75-сола будааст. Баъди мурдан синни марҳумро 2-3 сол зиёд кардан расми самарқандиён аст. Дар ин кор ягон қоидаи аниқ нест. Масалан мегўянд, ки ба ҳар бисту панҷ сол як сол зам мешавад ва ё мегўянд, ки 9 моҳи дар шиками очааш буданаш низ як сол зам мекунад.
Ҳамин тавр марҳум 95-сола бошад, «ба сад даромад» гуфтан мегиранд. Гўё ки дарозтар кардани сини марҳум обрўи ўро меафзояд.
Ҳамин тавр дар таъзия агар аз касе пурсед, ки марҳум чанд сол дошт, ҳаргиз сини ҳақиқии ўро фаҳмида намеавонед.
Зуд ба муаммо табдил меёбад синни марҳум!


 Ситораро бинад!

Агар марҳум калонсол бошад, табаррук гўён ба ҳар каси ба ҷаноза омада як қутича чой ба рўймолча баста медиҳанд. Ин чойи хушкро ҳамон рўз истеъмол намекунанд.  Се-чор рўз ба берун дар ҳавои кушода мегузоранд, то ки шабҳо нури ситораҳо  ба он бирасад.  Нурҳои ситораҳо дизинфекция мекунанд. Аз нурҳои офтоб зуртар. Ба бовари мардум.

Баъди таъзия

            Баъди таъзия, агар касе ба хонааш даъват кунад «ягон рўзи дигар» мегўянд, зеро аз мурдахона рост ба хонаи дўст намераванд. Аммо ба хонаи худ мераванд.

Ба қафо нагард!

            Агар самарқандӣ аз хона берун баромада ба ҷои дуртар равона бошад ва бинад,  ки соат, телефон ё рўймолчааш дар хона мондааст, ҳаргиз пас намегардад. Хосияти хуб надорад пас гаштан мегўянд дар ин маврид.
            Аммо пулро фаромуш карда бошанд, ҳатман пас гашта онро мегиранд ва ҳеҷ гоҳ «оқибати нохуши пас гаштан»-ро ба ёд намеоранд.
            Ҳамин хел чизи зўр аст ин пул! Аз русуми мардумӣ пурзўртар!

Таоми маърака

            Дар маъракаҳо таомро нахуст ба пеши калонсолтарин мегузоранд. Вай даст ба таом набурда сабр карда меистад, то ки ба охири дастархон нишаста низ таом гузоранд.
            Пас ҳама ба ҳамон калонсолтарин нигоҳ мекунанд. Ў, ки шурўъ кард, дигарон низ даст ба таом мебаранд. Ин ба он сабаб, ки дар охир ба чанд касе, ки дар таомхўрӣ дер мондааст, нигоҳ карда нашинанд. Баъзан мебинед, ки ҷавонон аз ин қоида хабар надоранд, дигарон кайҳо даст пок кардаанду онҳо сўҳбаткунон бе ҳеҷ хел шитоб таомхўриро кашол медиҳанд. Пешхизматҳо бошанд, то охирин меҳмон даст пок накунад, табақҳои холиро намегиранд ва то табақҳои холиро нагиранд, омин карда хестан мумкин нест. Ана чунин касон боиси малоли хотири дигарон мешаванд.
            Дар маъракаҳо палав ва кабоби тўйро барои ду кас дар як зарф мекашанд. Кабоб одатан се бурдача гўшт дорад ба андозаи чормағзи майда. Ин ба он мақсад, ки нафари дигар як бурдаро ба ҳамроҳаш бахшад.
            Палавро барои ду кас дар як табақ мекашанд. Гўшт пора накардагӣ. Агар ҳамтабақатон гўштро пора кунаду надонед, ки дасташ шустагӣ ё не, беҳтараш ошро бе гўшт хўред. Магар табақ кам аст? На, консерватизми мардуми мо ин аст, ки ба ду-се кас дар як табақ ош кашидан аз қадим, вақте ки табақ кам будааст, расм гардида ин одатро дигар кардан намехоҳанд.
            Дар сари миз ё дастархони маърака бояд ҳисоб кард, ки рўи миз чанд дона самбўса ё ширинӣ гузошта шудааст. Агар барои дувоздаҳ кас шаш дона самбўса гузошта бошанд, ҳатман аз нимта зиёдтар набояд хўрд.
            Аз меваҳо як дона шафтолуро ду тақсим карда нимашро ба ҳамшафати худ додан мумкин нест.
            Як дона шафтолу ҳатман насиби як кас аст!
            Намедонам ин русуми самарқандиён ё мардумони дигар?

Наъли асп

Баъзан аз зери пои асп наъли оҳанӣ канда шуда дар роҳ меафтад. Агар ягон кас онро бинад, гирифта ба хона меорад ва болои остонаи дарвоза ё паҳлударӣ мечаспонанд.
Чаро наъли харро нею маҳз аспро?
            Ин ба он сабаб, ки дар тасаввури мардум дев аз асп метарсидааст ва агар дар остона наъли аспро бинад, тарсида ба он ҷо намедаромадааст.
            Дар Самарқанд наввад дар сади дарвозаҳои чўбин нав шудаанд, ду даҳсолаи охир танҳо дарвозаҳои оҳанин мешинонанд ва имрўз дарвозаеро, ки наъли асп дошта бошад, пайдо кардан хеле мушкил аст.

Зинда бод доллар!


           Чандин сол аст, ки дар бозори гулфурўшон гули хонагиро бо номи «доллар» ба мардум мефурўшанд. Овоза кардаанд, ки касе, агар дар хонааш чунин гулро парвариш кунад, доллараш зиёд мешавад.
            Аз ин гул дар хонаи мо ҳаст. Аммо ҳеҷ таъсире ба киса надорад.
            Ин қиссаи пулро корӣ, сабзида дарахт мешавад ва ҳосилаш пул хоҳад будро аз саргузашти Буратино ба ёд мерасонад.



Духтари калонӣ – ба ҷои оча

            Духтари якум мақоми махсус дорад. Ў баъди вафоти модараш баъзе вазифаҳои модари марҳумашро иҷро мекунад. Масалан барои хонадоршавии фарзандони хоҳаронаш барои онҳо кўрпаву кўрпача медўзад ва ғайра. Хоҳарон бошанд, агарчи калонсоланд аз домани хоҳари калонӣ сахт дошта мегиранд.
            Хоҳари калонӣ бошад, чун модарарўс ба онҳо маслиҳат додан мегирад.
  
Кори нахусти арўс

            Амали нахусти арўс дар хонаи самаркандиён пора кардани равғани дунба. Баъд онро ба дег андохта об карда ҷазашро мегирад. Яъне ба нияти он ки «кордаш доимо болои равған» бошад.
            Дар баъзе маврид сурфа паҳн карда дастонашро орд мекунанд ва ба дастонаш равған мерезанд. Баъд арўс бо он орду равған фатир мепазад.
            Гўё ин амал баракати дастони келинро зиёд мекардааст.

Комментариев нет: