пятница, 11 апреля 2008 г.

Устод Айнӣ оид ба Самарқанд

15-уми апрел – рўзи таваллуди устод Айнӣ.

Дар байни баъзе ашхос фикри нодурусте вуҷуд дорад, ки устод Айнӣ дар Самарқанд аз таъқиби амири Бухоро паноҳ ёфта ва бо имдоди самарқандиён соҳиби зиндагии осоишта гардида бошад ҳам, дар бораи Самарқанд чизе нанавистааст.

Вақте ки осори бисёрҷилдаи устод Айниро бо диққат аз назар мегузаронед, хоҳед дид, ки ин адиби тавоно ва донишманди беназир дар бораи Самарқанд қалам рондааст, аммо дар ҳаммон ҷое, ки ба ин зарурат будааст.

Масалан дар қасидаи ў “Самарқанду Бухоро” оиди Самарқанд он қадар сухани баланд гуфтааст, ки аз шоирони бузург то ў ва баъд аз ў низ ин тавр нагуфтаанд. Устод Айнӣ дар асари бузургҳаҷми худ “Намунаи адабиёти тоҷик” ба эҷоди адибони Самарқандӣ аз Рўдакии Самарқандӣ сар карда то замони худаш оиди ҳар яке бо самимият хома ронда осори ононро ёдовар шудааст. Дар асарҳои оид ба адабиётшиносӣ навиштааш низ, агар зиндагии ягон адиби бузуги форсу тоҷик муддате дар Самарқанд гузашта бошад, онҳоро шарҳу тафсир намудааст, ки мисолашро дар монографияи ў “Зайниддин Восифӣ ва хулосаи “Бадоъ–ул–вақоеъ” метавон дид.

Устод Айнӣ дар осори таърихии худ низ зикри Самарқандро бисёр намудааст. Масалан, вақте ки “Исёни Муқаннаъ”-ро навиштааст, оиди иштироки самарқандиён дар шўришҳои Абў Муслим ва Муқаннаъ таъкид меварзад ва ба шўриши Рофеъ ибни Лайс дар Самарқанд боби махсус мебахшад. Устод Айнӣ соли 1920 дар маҷаллаи “Шўълаи инқилоб” китоби нави худ “Таърихи амирони манғитияи Бухоро”-ро пора-пора чоп кард. Ин китоб дар ҷилди даҳуми куллиёти устод Айнӣ, пеш аз он дар нашриёти Тошканд соли 1923 чоп гардидааст.

Устод Айнӣ, вақте ки оиди воқеаҳои вобастаи ҳукмронии амирони манғит нақл мекунад, воқеаҳои дар Самарқанд рўйдодаро низ таъкид менамояд.

Чуноне ки муалифони китоби “История Самарканда” (Тошканд, 1969) навиштаанд, баъди он ки соли 1722 Иброҳим–кенегеси шаҳрисабзӣ ҳокими дар Самарқанд таъин кардаи амири Бухороро сарнагун намуд, дар таърихи Самарқанд даҳшатноктарин солҳо сар шуданд. Раҷаб Султон ном хеши ў ҳокими Самарқанд мешавад. Барои он ки бекҳои исёнкардаи ноҳиявӣ ҳукумати марказии Бухороро мағлуб кунанд, бо қазоқҳо шартнома мебанданд. Дар асоси ин шартнома қазоқҳо Самарқанд, Миёнкол ва Бухороро 7 соли тўлонӣ ғорат карда мардумро кушта ба асорат бурдаанд. Соли 1729 аллакай дар шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои атрофи он як ҷони зинда намонда буд. Муаллифи “Гулшан–ул–мулук” Муҳаммад Яъқуби Бухороӣ навишта буд: Дар Мовароуннаҳр гуруснагӣ ҳукмрон шуд. Онҳое, ки тавонистанд ба кишварҳои дигар гурехта ҷон ба саломат бурданд. Шаҳри Самарқанд ба биёбон монанд гардид.

Амири Бухоро Муҳаммад Раҳимхони манғит (1753-1758) ҳаракат мекунад, ки ин шаҳри беодамро ҷон бахшад. Бо ҳамин мақсад ў баъди истилои Ҳисор фармон медиҳад, ки ҳамаи сокинони ин водии сарсабзи Тоҷикистонро ба Самарқанд кўчонанд.

Ҳамин тавр, – таъкид карданд муалифони “История Самарканда”, – солҳои 50-уми асри XVIII аз Ҳисор ба Самарқанд чандин ҳазор хонавода кўчонида шуд. Устод Айнӣ ин амали Муҳаммад Раҳимхонро тавсиф накардааст, балки ҳақиқатбинона тасвир намудааст. Ин амир барои андак гуноҳ ҷазои куштан мефармудааст. Бинобар ин касе аз Ҳисор ба Самарқанд кўчидагон ҷуръати бозгашт ба зодгоҳи худ накардаанд.

Соли 1758 Раҳимхон аз асп афтода гарданашро шикаста мемурад. Ба ҷои ў Амир Дониёл меояд. Ў худи ҳамон сол ба Самарқанд лашкар кашида ҳокими саркаши Самарқандро бо аҳли байташ асир мекунад. Муаррихон навиштаанд, ки танҳо миёнаҳои соли 70-ум писари ў Шоҳмурод ҳокими Самарқанд таъин гардид. Яъне то ҳамин вақт аҳолии Самарқанд танҳо аз мардуми Ҳисор иборат будааст. Амир Шоҳмурод танҳо соли 1785 баъди вафоти падараш ба тахти хонӣ нишаст, аммо ҳукумати Самарқандро ба касе надода худ идора мекард. Устод Айнӣ ба сари ҳокимият омадани амир Шоҳмуродро чунин тасвир кардааст:

“Амир Шоҳмурод пеш аз он ки дар сарири ҳукмронӣ нишинад, ҳамаи ин нукотро ба мулоҳиза гирифта дар омода кардани асбоби рафъи ин ғавоил (корҳои баду носазо) мекўшид. Бинобар ин, чунон ки дар фасли собиқ шаммае нигориш ёфт, дар маслаки зўҳд ва тақво сулук намуда, оммаи раоёро, ки эшон ва шайхро аз шиддати ихлос ва ақида гўё ки мепарастиданд, ба тарафи худ ҷалб намуд. Дар маслаки зўҳду тақво чунон ғулув карда шуд, ки дар айёми падар чун бепадарони ятими мискин сарупобараҳна мезист.

Вақте ки бар сари аморат омад, боз ба асбоби таҷаммул наздик нашуда, ба ҳамон сифати торикдунёӣ зиндагонӣ мекард. Ҷамеи либосашро дар айёми ҳукмрониаш ба 12 танга қимат мекарданд. (Мирзо Азим).

Барои таҳдиди синфи хоҷагон ва ашроф дар аввали ҷулуси худ қозилюл-қуззот Сайид мир Низомиддинхоҷаи қозикалонро дар таҳти дарвозаи арки Бухоро, ба ҳузури умум бар замин хобонида мех ба шакамаш зада кушт. (Назар ба ривояти “Таърихи Туркистон” вақте ки амир Дониёл аз ҳаммолӣ кардани Шоҳмурод шикоят мекард, қозӣ Низом ба қатлаш машварат дода буд. Вақте ки Шоҳмурод ба мансаби аморат расид, ба ҳамин кина қозӣ Низомро кушт).

Авқофро (вақфҳоро) аз дасти синфи мутағаллиба (гурўҳи забардаст) гирифта, мадорисро эҳьё кард. Ба ин тақриб як силсила шикампарастро, ки батнан баъди батнин (авлод ба авлод) авқофро тасарруф мекарданд, аз миён бардошта ба ҷои эшон як фирқаи бузургеро, ки бар сабили бадалият бар сари авқоф хоҳад омад, ҳамеша ба дарбори ҳукумат марбут кард. Ин фирқаи содиқа талабаи улум ва синфи уламо буданд.

Ҳарчанд амлок ва танхоҳро аз дасти сарони сипоҳ ва умарои элотия нагирифт, дар бораи муомалаи эшон бо корандагон қавонини (қонунҳои) мўътадилае вазъ намуд. Ба ин восита ҳам сарварони элро аз худ наранҷонид, ҳам деҳқононеро, ки воситаи арзоқи (ризқу рўзии) оммаанд, як дараҷа аз заҷру тааддӣ халосӣ дод. Хироҷ ва молиёти подшоҳиро низ аз деҳқон ба ҳадди ақал ситонида, дар зироат ба хубӣ ёрӣ дод.

Хазинаро низ аз тасарруфи мутлақаи худ бароварда, закот, хироҷ ва соири молиётро ба хонаҳои махсусе гузошта ба масрифаш мерасонид. Аз байтулмол (хазина) касе ки камтар ҳақ мегирифт, худи амир Шоҳмурод буд. (Ба ривояте ду ва ба ривояте чаҳор танга явмия (маоши ҳарўза) мегирифт).

Дар сурате ки аркони ҳукуматаш ба алвони неъмат комрон буданд, худ чун ярма ва мошоба ба таомҳои саҳлатулҳусул (осон ёб) қаноат мекард. (Ин хусусро Мирзо Малкамхон (сафири ҳинду англис Малькольм) низ дар таърихи худ нақл кардааст).

Ба ин тақриб тамоми раоёро дар муҳаббати худ вола карда, мамлакатро низ интизоме дод.

Маазолика аз сипоҳ, ки ҳамеша ба тохту тороҷ унс гирифта буданд, ба куллӣ эмин набуд. Бинобар ин ҳарсола барои тороҷ ба номи ғазои “қизилбош” аз Ому убур карда диёри Хуросонро то ҷавори Машҳади муқаддас помол мекард. Чун ин хунрезӣ ва яғмогариҳоро “ғазо” ном ниҳода буд, домани қудсияташ аз ин хунҳо олуда намегардид. Сипоҳ, ки дар дохили маҳкуми Бухоро дасташон аз ҳар гуна ҷавр ва тааддӣ кўтоҳ буд, ҳамин ки аз Омуя убур мекарданд, мутлақ-ул-инон (соҳиби ихтиёроти куллӣ) шуда ба ҳар қисм фасод дар ҳаққи ибод (фуқаро) дастдарозӣ менамуданд.

Баъзе аз умарои Хуросон ба қабули ҳадья ва пешкаши муайяна ба амир Шоҳмурод аҳд баста, эли худро аз тороҷи сипоҳ маҳфуз доштанӣ мешуданд. Лекин ҳамин ки навбати тороҷ мерасид, аҳд ва паймон аз ёди амир ва маъмуронаш билқуллия фаромўш шуда, заррае аз яғморо дареғ намедоштанд. (Мирзо Малкамхон таъйид мекунад). Онҳое ки дастгир мешуданд, ё дар бадали фидья (маблағи ҷон) озодӣ меёфтанд ва ё дар бозорҳои Бухоро ба фурўш мерасиданд. Ба ин сабаб шаҳри Марв ва атрофаш дар аҳди амир Шоҳмурод чунон хароб шуд, ки иборат аз як дашти регзор гардид (Ин харобии Марв то тасарруфи Русия давом кард).

Байрамалихон, ки ҳокими Марв буд, дар аҳди Амир Дониёл бо ў муоаҳада (шартнома) баста ба осудагӣ мезист. Амир Дониёл Байрамалиро фарзанд хитоб мекард. Баъд аз вафоти амир Дониёл Байрамалӣ номаи таъзия навишта бо пешкаши лоиқа ба хидмати амир Шоҳмурод элчӣ фиристод ва дар Марв ба рўҳи амир Дониёл ба фуқаро таом дода фотеҳахонӣ кард (“Таърихи Туркистон”). Маазолика Марв ва Байрамалӣ аз дасти амир Шоҳмурод маҳфуз намонд: Байрамалихонро бо мутааллиқонаш кушта писарашро дар Бухоро ба асирӣ овард. Банди Султониро хароб карда, Марвро ба як сурати абадӣ ба харобӣ андохт. Мардумеро, ки дар он сарзамин сукно доштанд, ба Мовароуннаҳр кўчонида ба атрофи Бухоро ва Самарқанд манзил дод”. (Куллиёт, ҷилди 10. саҳ 15-17).

Чуноне ки мебинем, устод Айнӣ таъкид кардааст, ки ба Самарқанд ва атрофи он мардуми Марви хароб гардида низ кўчонида шудаанд.

Устод Айнӣ дар боби ”Тахриби Ўротеппа ва таъмири Самарқанд” нигоштааст:

“Дар аҳди амир Шоҳмурод дар Ўротеппа аз авлоди қалика Худоёрбӣ бинни Фозилбӣ бил-истиқлол ҳукумат дошт, Хуҷанд, Хавос, Зомин ва Диззах аз қаламрави ў ба шумор мерафт. Амир Шоҳмурод то зинда будани Худоёри мазкур ба мулки ў таарруз накард.

Вақте ки дар соли 1215 ҳиҷрӣ Худоёрбӣ вафот карда, Бобо девонбегӣ ном бародари кўчакаш, ки ба Диззах ҳукумат дошт, ба ҷои ў қарор гирифт, амир Шоҳмурод ба он савб (тараф) юриш намуда Диззахро тасарруф карда баргашт.

Соли дигар боз ба тарафи Ўротеппа сафар карда шаҳро ба муҳосира андохт. Чун ба зўрӣ фатҳ муяссар нашуд, аз муҳосара даст бардошта рафта Хуҷандро тасарруф карда баргашт.

Амир Шоҳмурод дар ин сафари худ мулҳақоти Хуҷанд, Ўротеппа, Хавос, Зомин ва Ёмро тороҷ намуда аҳолии он ҷоро ҷилои ватан карда кўчонда ба Самарқанд овард. Ба ҳамон сол дар Самарқанд 24 гузар ва масҷид бино карда, ғарибони мазкурро ҷо дод, ки ҳар кас ба қадри мақдур кулбае иморат карда нишаст. Тоқи Чорсўи Самарқанд, дарвозаи Пойқабоқ, дарвозаи Шоҳизинда ва Қаландархонаро иморат кард ва дарвозаи Сўзангаронро, ки кўҳна ва хароб шуда буд, таҷдид намуд.

Алъон дар Самарқанд, гузарҳое ки ба номи Хавосӣ, Зоминӣ, Ёминӣ, Хуҷандӣ, Ургутӣ ва ғайра – золик машҳур аст, нашонаи он аз ватан ҷило ёфтагон аст.

Вақте ки амир Шоҳмурод мардуми мазкурро ба Самарқанд кўчонида овард, аз як тараф, ба таъмири масоҷид, маҳаллот ва гузарҳо ва, аз тарафи дигар, ба иморати тоқи Чорсу оғоз кард. Дар аснои иморати тоқ рўзе биззот худ ба сари иморат омада дар бораи таъмир ба меъморон фикр медод, ки аз ҷилоиватаншудагон мавлавӣ Худойназар ва охунд мулло Қурбон ном ду муллои хавосӣ рў ба рўяш омада, мулло Қурбони мазкур ба дуруштии тамом ба амир хитоб карда гуфт: ”Эй золими мазлумозори худонотарс! Гуноҳи мо чӣ буд, ки моро аз ватан ба қаҳр бароварда ба муҳассилони ғилоз (дурушт) ва сипоҳиёни шидод (золим) супоридӣ. Бисьёре аз авлоди мо аз машаққати роҳ дар зери аспони сипоҳ ҳалок шуда, аёлони мо сарупобараҳна, афтону хезон ва амволи мо ба дасти залама тороҷу толон ва худҳои мо саросема ва ҳайрон, ба ҳазор уқубат дар ин вилоят ба балои мусофират гирифтор шудем. Фардои қиёмат дасти мову домани ту, эй золим! Худро ба дурўғ сўфӣ ва муттақӣ ном гузоштӣ ва мо бечорагон ба тақво ва худотарсии ту эътимод намуда ба ҷое фирор нанамудем...”

Амир ба даҳшати ин суханҳои ҳақ ва талх тоқат карда натавониста ва ба худ ҷуръати муқобилат надида аз эшон рўй тофта фавран саворӣ карда ба тарафи арк роҳӣ шуд. Муллоёни мазкур то вақте ки овозашон мерасид, ҳеҷ гуна дашном ва носазоро дареғ надоштанд. (Ин воқеа аз таърихи мулло Хамулӣ, ки муҳибби амирони манғит ва маддоҳи амир Шоҳмурод аст ва ин ҳодисаро ба чашми худ дида ва ба гўши худ шунида сабт намудааст, иқтибос карда шуд. Мулло Хамулии мазкур дар ин сафар бисьёр ҳодисаҳои ногувор ва воқеаҳои ноҳинҷорро ҳикоят карда, лекин мо аз нақлаш сарфи назар намудем)”. (Куллиёт, ҷилди 10. саҳ 19-20).

Устод Айнӣ ҷанги лашкари Русия бо лашкари амир Музаффарро дар Самарқанд, гирифта шудани Самарқандро низ батафсил тасвир кардааст. Чуноне ки мушоҳида кардед, устод Айнӣ вобаста ба тасвири воқеаҳои муҳими таърихӣ он навиштаҳоеро, ки аз гузаштаи Самарқанд нақл мекунанд, зикр намудааст. Навиштаҳои устод Айнӣ оиди таърихи Самарқанд, саҳифаҳои торики таърихи ин шаҳри бостониро рўшан хоҳад кард.

Комментариев нет: