воскресенье, 13 апреля 2008 г.

Чорбоғҳои Хоҷа Аҳрор дар ноҳияи Маймурғ

Хоҷа Аҳрор пири муршиди темуризодаҳо ҳисоб меёфт. Шаҳзодаҳои темурие, ки анъанаи чорбоғсозиро идома медоданд, аз дастгирии Хоҷа Аҳрор бархурдор буданд. Аз иморатҳои шоҳзодаҳои темурӣ дар чорбоғи Фирўза бунёдгардида танҳо мақбараи “Ишратхона” то ба имрўз расидааст. “Ишратхона” аз рўи хулосаҳои донишмандони санъатшиноси рус авҷу қуллаи баландтарини санъати меъмории темуриён ҳисоб меёбад. Афсўс, ки ин ҷиҳати муҳимро бисёр касон намедонанд, вагарна таъмир намуда барои тамошои сайёҳон омода мекарданд. Кошинҳои ин иморат зарҳалдор будаанд. Аз чорбоғҳои дар Ҳирот сохтаи темуриён хулоса метавон кард, ки кушки истироҳатии чорбоғи шоҳаншоҳиро тарабхона мегуфтаанд. (Ҳамин гуна кушк-тарабхонаро Вяткин аз чорбоғи Чунгул, ҷои аэродроми собиқ ёфта, ковишҳои археологӣ гузаронида буд).

Пеш аз мақбара қарор гирифтани “Ишратхона” бо ҳамин ном машҳур гардидани он аз эҳтимол дур нест. Аз вақфномаҳои Хоҷа Аҳрор маълум мегардад, ки шумораи боғҳою чорбоғҳои харида ба манфиати мадрасаю масҷидҳо вақфкардаи Хоҷа Аҳрор хеле зиёд будаанд. Хоҷа Аҳрор ба ғайри боғҳои беруншаҳрӣ соҳиби боғҳои дохилишаҳрӣ низ будааст. Ў дар наздикии дарвозаи Шайхзода “Муҳавватаи ангурхона” ном ҳавлибоғ ва дар Кўйи Наққошон “Ҳаволии мевахона” доштааст. Ҷои асосии зисти Хоҷа Аҳрор маҳаллаи Мотируд будааст ва ў дар ин ҷо чандин боғи мева ва ангурзор доштааст. Дар мавзеи Хоҷа Кафшери ноҳияи Самарқанд се боғ, як чорбоғ ва як дарахтзорро ў вақфи масҷиду мадраса қарор додааст. Номи яке аз ин боғҳо Бодхона будааст. Дар тарафи шарқи мазори Хоҷа Кафшер (онро Хоҷа Кафшӣ низ навиштаанд) боғе бо номи Боғи Диловар, саробўстон, ангурзор ва қитъаи юнучқазор вақфи Хоҷа Аҳрор будаанд. Дар маҳаллаи Варсин, дар паҳлўи Боғи Баҳлул Хоҷа Аҳрор низ як боғ доштааст. Байни Афросиёбу Чўпонато дар назди кўпруки Пули Мирзою соҳили канали Нақшиҷаҳон низ боғ, осиёб, работ ва хонаҳои истиқоматии Хоҷа Аҳрор будаанд. Ин ҷойро Ҷўйбори амирзода Абдулло мегуфтаанд. Дар атрофҳои Туркманқишлоқи ҳозира аз чор се ҳиссаи замину боғҳо моли Хоҷа Аҳрор ҳисоб меёфтааст. Боғу заминҳои Хоҷа Аҳрор аз Самарқанд то Каттакўрғон беҳисоб аст. Ман танҳо баъзе боғу чорбоғҳои атрофи шаҳри Самарқандро ёдрас мекунам. Заминҳои Камонгарони ноҳияи Шавдор, ки ба Хоҷа тааллуқ доштаанд, аз шаст зиёданд ва ба ғайри деҳаи Дарғоти давлати Темур, ду чорбоғ, се боғ, ангурзор, осиёб ва саробўстони Хоҷа якуним ҳазор гектар будааст. Танҳо дар деҳаи Панҷшанбесиёб, ки он вақт Мулки Тобон ном доштааст, 300 десятина боғу роғ моли Хоҷа Аҳрор ҳисоб меёфт. Чунин замину боғҳои ў дар Бухоро низ зиёд аст. Дар вилоятҳои Тошканд, Андиҷон ва Қашқадарё ва дар шаҳри Кобули Афғонистон низ. Муҳақиқон ҷои Боғи Диловарро дар тарафи шарқи деҳаи Кўсаҳо нишон додаанд. Номи ин мавзеъҳо, ки ба он Кўсаҳо, Хоҷа Кафшер, Сулфакабутак, Қумзор, Ўрташиқ (номи ин деҳаро олимон дар ҳуҷҷатҳои Хоҷа Аҳрор Ўт-шайх ва Ўт-ших хондаанд) дохил мешаванд, Фарундиза будааст. Ва дар назди он Фағдиза низ будааст, ки ин номҳо аз қалъаҳои қадима будани онҳо гувоҳӣ медиҳанд. Дарвозаи Форуни шаҳр дар Девори Кўндаланг буда, он вақт Шайтонхонаро Шаҳидонхона мегуфтаанд ва заминҳои Фарундиза аз ин ҷо сар мешудааст. Дертар минтақаи Фарундиза Хоҷа Кафшер ва Хоҷа Аҳрор ном гирифтааст. Номи пешинаи Хоҷа Кафшер Боринчак будааст. Вяткин дар назди Хоҷа Кафшер аз мавҷудияти ҷое бо номи Хоҷа Исфарак навиштааст, аммо ҷои онро аниқ нишон надодааст. Вяткин тахмин мекунад, ки номи қадимаи Оҳалик аст. Дар манбаъҳои таърихӣ рўди ҳозираи Навбоғчиён, ки байни рўди Дарғам ва Хоҷа Кафшер аст, Маздоҳин ном дорад. Аммо мардуми ноҳия онро имрўз дар шакли Мазоқин талаффуз мекунанд. Дар Хоҷа Кафшер Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор хонақоҳ, ҳаммом ва Муҳавватаи муллоён ном маркази пайравони тариқат низ дооштааст. Ҳаммоми Хоҷа Аҳрорро дар Хоҷа Кафшер раиси номдор, падари журналист Акбар Усмонов Усмон Самиев (дар Хоҷа Кафшер) барқарор карда будааст ва ҳоло дар ҷои он бемористон сохтаанд. Чорбоғҳои Хоҷа Аҳрор дар кадом шаклу сурат буданд, ин мавзўъ тадқиқоти илмии алоҳидаро тақозо дорад. Азбаски дар замонҳои феодалӣ лақабҳои таҳқиромез баъзан ба номи деҳа мубаддал мешудааст, акнун вақти он расидааст, ки сокинони Кўсаҳо, Сулфакабутак ва Калбоғ барин мавзеъҳо оиди номҳои қадимтари мавзеи худ фикр кунанд. Масалан, атрофи мазори Хоҷа Абдуи Берун Фаррухшед ном доштааст. Як дарвозаи шаҳр ин ҷо будааст ва онро Фаррухшед мегуфтаанд. Яъне ҷои ҳозираи Калбоғ ё Қалъабоғ. Чуноне ки аз матни вақфномаҳои Хоҷа Аҳрор бармеояд, Боғи Диловар як номи қадимтари деҳаи Кўсаҳо аст, ки онро имрўз Кўйи Сахо низ мегўянд. Дар вақфномаҳои Хоҷа Аҳрор номи Янгиариқ Ҷўйи Нав омадааст. В. Вяткин номи деҳаи Оқмачитро дар асл Дарвозаи Ревдод буд гуфтааст. Номи ноҳияи Самарқанд дар вақфномаҳои Хоҷа Аҳрор Анҳор омадааст, аммо номи қадимтаринаш Маймурғ будааст. Номи суғдии Маймурғ аз ҳамсоли шаҳри Самарқанд бадани ин ноҳия гувоҳӣ медиҳад. Бо тақозои ифтихори миллӣ, эҳёи қадрият ва меҳри таъриху гузаштагон ба иншоотҳои калонтарини ноҳия – бозор, истироҳатгоҳ, стадион, тими футбол, супермаркет, ресторан гузоштани номи “Маймурғ” мувофиқи мақсад аст.

Комментариев нет: