вторник, 8 апреля 2008 г.

Ба хонандаи ин блог «D»

Шумо мегўед, ки басеч шавем ва барои эҳёи хати ниёгон бикўшем, то ки ҳукумат барои ҷори кардани ин хат қарор барорад.

Ҳар яки чунин корҳо тайёрии зиёд ва вақти бисёр мехоҳад. Вақтҳое, ки дар Душанбе зиндаги мекардам, чунин корҳоро кардаам ва таҷриба андўхтаам. Масалан дар баровардани қарор оиди ҷашни Борбад ва мақоми давлати додан ба забони тоҷикӣ. Пеш аз ҳама ҳамфикронро дар як ситод ҷамъ оварданатон зарур аст. Сипас маҷмўи корҳои ояндаро муҳокима карда онро ба давраҳо тақсим бояд намуд. Дар мавриди эҳёи хати ниёгон корро аз тарғибот оғоз намуда ба он ноил шудан лозим аст, ки на танҳо зиёиён, балки мардум аз ҳама шаҳру ноҳияҳо ба порлумон оиди зарурати эҳёи ин хат мактубҳо фиристанд. Сипас Академияи улум як ҷаласа бо донишмандони забон ва устодони сухан баргузор намуда ба порлумон ва ҳукумат лоиҳаи давра ба давра ба хати ниёгон гузаштанро пешниҳод мекунад.

Ҳоло ташкили чунин корҳо аз дасти камина намеояд, зеро ҷои зисти доимии ман дар Самарқанд аст. Аммо дар Душанбе аз ҳамфикрони камина Муҳаммадзамони Солеҳ барин аъзои ситоди собиқи мо ҳастанд, ки механизми чунин корҳоро ба шумо фаҳмонида метавонанд.

Чӣ қадар теъдоди созмонҳои фарҳангии муштараки кишварҳои фарсизабон зиёд шаванд, ҳамон қадар ҳукумат зарурати ногузири гузаштан ба хати ниёгонро ҳис хоҳад намуд. Яъне иҷрои ин масъала аз бисёр ҷиҳат ба амалӣ гардидани нақшаҳои муштараки илмиву фарҳангии ин се кишвари ҳамзабон сахт вобаста аст.

Ба тахмини камина давраи гузариш хеле тўлонӣ аз 20 то 50 солро дарбар хоҳад гирифт. Ва барои насли миёнсолу калонсол, ки дар мактаб хати ниёгонро наомўхтааст мушкилот эҷод мекунад. Пеш аз ҳама вазъи забони тоҷикӣ дар Ўзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҷойҳои дигар бад хоҳад шуд. Яъне ин гузариш муаммоҳои зиёде низ эҷод хоҳад намуд.

Гузаштан ба хати арабии форсӣ дар сурате мумкин аст, ки он ба овозҳои забони тоҷикӣ мувофиқ гардонида шавад. Яъне забоншиносонро мебояд, ки дар ин хат як ислоҳот гузаронанд, аз он ҳарфҳои ба забони тоҷикӣ бегонаро берун кунанд, бо даровардани ҳарфи калону хурд ва овонависии дақиқ иммкониятҳои онро васеъ намоянд.

2 комментария:

Набиюллохи Суннатй комментирует...

Салом устод. Бисёр бо торнамои Шумо наздикй дорам, кариб хар руз дидан мекунам.Хохиш мекунам аз шеърхои камина дидан кунед ва машварати хештанро дарег надоред.
http://nomaishq.blogspot.com/

D комментирует...

Сипос аз посухи хубу судмандатон.

Дар мавриди дасткорй ё тагйир дар хатти порсии арабй ман муътакидам, ки набояд точикон худсарона коре кунанд, ки дубора боъиси дурии мо аз дигар порсизабонон шавад. Далели талошхо барои бозгашт ба дабираи порсии арабй орзуи бахраварй аз осори гузаштагон ва имрузиён аст, ки ба он хат навишта шудаанд. Бехтарин осори мо ба хамин дабира аст ва чи неку чи бад, бояд хамонро фаро гирифт.