суббота, 19 апреля 2008 г.

ЧУМЧУҚЧАИ САМАРҚАНДӢ

Афсона

Як замон дар шаҳре, ки бозораш пур аз асал ва қанду набот буда Самарқанд ном дошт, чумчуқчаи танҳое мезист, ки шоиртабъ буд. Чумчуқча болои ягон гунбади нилӣ ё тоқи манораи осмонбўс нишаста ғазали худро ба ин тарз мехонд:

Ман гунҷишки самарқандӣ,
Манзилам дар баланд
ӣ.
Барои тилло ё дон
Ҳаргиз нашавам банд
ӣ.

Он вақт шаҳри Самарқанд аз ҳавлибоғҳо иборат буд ва кампире барои боғи канори шаҳрии худ посбон меҷуст. Ин суруди чумчуқча ба кампир писанд омад. Ў ба чумчуқча гуфт:

— Ҳой чумчуқча, ба боғи ман посбон мешавӣ? Агар посбон шавӣ, ба музди корат чанд танга мегирӣ ?

— Музди кори ман рўзе аз ангурҳои пухтаи боғатон ним донаи ангур хоҳад буд, — гуфт чумчуқча

— Майлат, ман розӣ, — гуфт кампир ва чумчуқчаро ба боғи худ посбон таъин кард.

Рўзе чумчуқча дар як шохи баланди дарахти сафедори боғ ғазал хонда менишаст, ки хизматгорони подшоҳ аз ин ҷо раҳгузар шуданд. Ангуру анҷиру анори пухтаи боғро дида ҳавасашон омад. Диданд, ки боғ бесоҳиб, нопурсиш даромада барои подшоҳ ангур канданд. Чумчуқча инро дида ба ғазаб омад ва чанд бор сари хизматгоронро нўл зада хун кард. Хидматгор ба подшоҳ шикоят намуд, ки “Эй подшоҳи олам, ин чӣ бедодӣ, ки мо дар боғе барои ту ангури беҳтаринро канданӣ шудем, вале посбон нагузошт”.

Подшоҳ гуфт: — Ба сайёдон бигўед, чумчуқчаро дошта биёранд.

Шикорчиён чумчуқчаро дошта оварданд. Вай даруни қафас буд ва мегуфт: — Берун будам, дарун шудам, берун будам, дарун шудам...

Подшоҳ гуфт: — Ин ҳоло ҳам ғазал мехонад? Кушед! Ҷаллод каллаи чумчуқчаро бо корд аз танаш ҷудо кард. Чумчуқча гуфт:

— Якта будам дута шудам, якта будам дута шудам...

Подшоҳ гуфт: — Майда-майда карда партоед.

Ҷаллод чумчуқчаро пар канда реза-реза кард. Чумчуқча боз садо намуд:

— Дута будам садта шудам, дута будам садта шудам...

Подшоҳ фармон дод: — Намак занед!

Баъди намак задан чумчуқча садо кард:

— Бенамак будам, бонамак шудам!

Подшоҳ ба ғазаб омада фарёд кашид: — Бирён кунед !

Чумчуқчаро дар дег бирён карда ба табақ гузошта пеши подшоҳ оварданд. Чумчуқча боз садо кард: — Хом будам, пухта шудам...

Подшоҳ зуд чумчуқчаи пухтаро фурў бурд.

Чумчуқча аз даруни шиками подшоҳ боз ғазал мехонд: — Бехона будам, хонадор шудам, бехона будам, хонадор шудам...

Подшоҳ ба ҷаллод гуфт: — Ту шамшери бараҳнаро тайёр нигоҳ дор, агар ҳозир аз даҳонам чумчуқча барояд, зада куш!

Чумчуқча аз даҳони подшоҳ парида баромаду гирди сари ў ду бор давр зад. Ҷаллод чумчуқчаро мезанам гуфта хато кард ва сари подшоҳро аз тан ҷудо сохт.

Чумчуқча парида ба сари манор нишаст ва суруди ҷовидонии худро сароид:

Ман гунҷишки самарқандӣ,
Манзилам дар баланд
ӣ.
Ҳатто ба шоҳаншоҳе,
Ҳаргиз нашавам банд
ӣ.

1 комментарий:

Wangbu комментирует...

Hello! I am a reader from the Philippines. I found your site very interesting. It is worth the visit.