суббота, 19 апреля 2008 г.

САНГИ САРНАВИШТ

Ҳикояи фантастикӣ

Буд-набуд дар як замон дар як ҷаҳон, дар як гўшаи осмон ахтаре буд сабзи дурахшон. Он ситора худ як ҷаҳоне буд, ҷаҳони бепоён ва ҷаҳони ноаён. Он ҷо низ кўҳ буду кўл буд, тал буду ҷар буд, зар буду зевар буд...

Он ҷо низ гул буду гиёҳ буд, сурх буду сиёҳ буд, шамс буду моҳ буд... Он чаҳон низ монанди сайёраи Замин зодагони худро дошт.

Он ҷо низ паррандаю чарранда буд, хазандаю дарранда буд...

Он ҷо низ ба мисли мо инсон буд, ҳайвон буд, шайтон буд...

Дар он ҷо низ бой буду мардикор буд, озор буду бозор буд...

Вале на шоҳ буду на гадо буд... Низоми зиндагиро як Қаср идора мекард. Қасре буд булурин ва онро Қасри олӣ мегуфтанд.Он дар теппаи кўҳ монанди қандил шабу рўз нурафшон буд. Пои касе ба даруни он нарасида. Парранда аз болои он парида гузарад, то устухонаш месўхт. Қасри булурӣ тавассути нурҳои лазерӣ бо ҷирмҳои мунири осмонӣ робита дошт. Мегўянд, ки дохилаш пур аз мошинҳои кибернетикӣ ва дигар хел мўъҷизаҳост, вале аниқашро танҳо Худо медонад... Мушкилоте пеш ояд, одамон назди Қасри олӣ мерафтанд ва ба табақаҳои мунаққаши доимо пўшидаи дарвозаи он муроҷиат мекарданд:

— Соҳибо, хирадмандо, мушкили маро бикушо: дар ҳалли фалон масъала дармондаам, чӣ кор кунам?

Аз дарвоза овоз бармеояд, ки фалон корро кун ва фалон корро накун! Касе, ки итоаткору фармонбардор, ботаҳаммул, пурғайрату эҷодкор буд, ба мақсадаш мерасид, ё ба ними мақсад намерасид. Ноком шавад ҳам, шукри бисёр ба сарнавишти худ мекард. Барои рўи дастурхон омадани як гирдаи нон, замин шудгор мекард, гандум мекишт, обёрӣ мекард, медаравид, мекўфт, ба осиёб мебурд, орд мекард, мепухт. Дар он ҷо ҳам як бурда нон ба осонӣ ба даст намеомад. Эҳтимол ба ҳамин сабаб нонашон ширину хуштаъм буд. Вале ҳоло сухан дар бораи ин нест. Дар бораи он аст, ки ... дар он кишвар деҳае ба номи Гарданкашон буду аз он деҳа ҳар сол як, ё ду нафар осӣ баромада, зидди тартибу низоми Қасри олӣ ғалаёну исён мекарданду ба сад балои бад гирифтор мешуданд.

Амри сарнавиштро бинед, ки фарзанди яке аз он исёнгарони нобафармони марҳум дар гўштингириву сангбардорӣ ҷаҳонпаҳлавон шуд. Ў духтари яккаи бои деҳаро дўст медошт. Духтар ҳам барои ба никоҳи ў даромадан розӣ шуда буд. Ҷавон ба шаҳр ба мардикорӣ рафт, ки пул ёбад ва баъд аз бозгашт туй кунад. Зимистон рафту баҳор бозгашт. Дар кўчабоғи пургули деҳа қадам монду ба ў таъзия баён карданд:

— Ба дил нагир, амри сарнавишт ҳамин будааст, номзадат касал шуда мурд.

Тунду тезии феъли ўро, ки медонистанд, баъзе ҳасудон оташи кинаи паҳлавони ҷавонро зидди Қасри олӣ меафрўхтанд.

— Хафа нашав. Толеъ дар дасти мо нест. Дар дасти Қасри олист. Қасри олӣ тавонотарини тавоноҳост.

Ҷаҳонпаҳлавон оташин шуда, аз деҳа баромада чӣ тавр назди кўҳ омад ва ба кўҳ баромад, худаш намедонад. Он қадар бошитоб назди дарвозаи Қасри олӣ расид, ки таги мўзааш дуд мекард.

Ў бист қадам дур аз дарвоза мисли паҳлавонони майдонталаб пой фароху даст ба миён гузошта рост истод ва ба равоқи болои дарвоза нигоҳ карда дод зад:

— Соҳибо! Сарнавишти маро ба дасти худам деҳ, намехоҳам побанди ту бошам!

Аз дарвоза чунин ҷавоб омад:

— Эй инсон! Пеш аз ҳама фикр кардӣ, ки чӣ мегўӣ?

Ҷавон ҷавоб дод:

— Ҳо, озодӣ мехоҳам! Зинда бод озодӣ!

— Ин масъаларо ин хел осон ва бо шитоб ҳал намекунанд. Эҳтимол, тангии рўзгор туро ба ин фикр тела додааст, ё макри шайтони сияҳкор! Ё ба ту ёрии моддӣ лозим шудагист? Халтаи зар диҳам?

— Не! – пофишорӣ кард ҷавон, – сарнавишт ба дасти худам бошад, аз хишти тилло то кўҳи Қоф роҳ хоҳам сохт.

— Гўш кун, эй калтафаҳм! – гуфт Қаср, — як халтачаи тиллоро оқилона истифода барӣ, яъне барои ривоҷи касбат сарф кунӣ, тамоми умр бо баракати ҳунарат хушбахт хоҳӣ шуд. Ва баъд аз он беҳтарин шаробу кабоб, зеботарин зан, пуршукўҳтарин қаср аз они ту хоҳад гардид.

Ҷавон дудила шуд. Воқеан, чаро бахташро насанҷад? Чаро ғайрат накунад? Охир бозувонаш пур аз нерўи ҷавонист! Хунаш доимо мисли оби дарёи кўҳи дар туғён! Қариб буд, ки розӣ шавад... Аммо шайтони он ҷо мисли шайтонҳои мо аз лаинтарин шайтонҳо будааст, ки зуд ба дилаш даромада аз роҳ зад:

— Гўш накун ба ин сафсатаҳо! Корат омад накунад, сад халта зар ҳам сарф кунӣ, наметавонӣ коргоҳи даромаднок созӣ! Дигар ин ки саломатии доимиро кӣ ба ту кафолат медиҳад? Ногоҳ бемор шавӣ, як халтаи тиллоро ба табибону дорувор сарф мекунию боз бо киссаи холӣ мемонӣ. Агар ногоҳ халтаи заратро дузд барад-чӣ? Ё дўконатро оташ занад-чӣ? Тақдирнома мисли тоҷу тахти подшоҳист, агар онро ба даст бигирӣ, ҳама мақсадат иҷро мешавад.

— Ҳа, чаро дудила шудӣ? – пурсид Қаср.

— Мақсуд дур асту роҳ пурхатар, – ҷавоб дод ҷавон, — ман роҳи наздиктаринро интихоб кардаам, ба ман хати қисматамро медиҳӣ!

— Ту масъалаи осонро не, масъалаи ҳаёту мамоти хешро ҳал карда истодаӣ. Барои ба чунин хулосаи ҷиддӣ омадан камаш ду-се рўз андеша карданат лозим.

— Не, – гуфт ҷавон, – ҳозир медиҳӣ! Ман ҳама паҳлўҳои ин масъаларо фикр кардаам.

— Уфф! – гуфт Қаср аз дудбарои худ дуди сиёҳе ба осмон сар дода, — ма, бигир тақдирсанги худро!

Даруни Қаср тақар-туқур, гулдур-гулдур садо баровард ва дарвоза бо ғиҷирроси нолишомезе нимво гардид. Санги сафеди ба тахтасанги сари қабрҳо монанд ба берун ғелид ва пеши пои ҷавон омада истод. Ҷавон бо дили пур аз шодӣ ба тақдирсанги худ нигоҳ кард. Рўи тахтасанг бо ҳуруфи барои ҷавон мисли иероглифҳои хитоӣ нофаҳмо пур буд. Ҷавон савод надошт, ки онро хонда фаҳмад. Аз он ки нақши чанд ситораи осмон низ намоён буд, ба толеъномае, ки мунаҷҷимон аз рўи рўзу моҳи таваллуди инсон тартиб медиҳанд, монандӣ дошт.

— Ба куҷое равӣ, аз он дур намешавӣ, – гуфт Қаср, — зеро хати тақдири худро ба ягон кас бовар кардан ва супоридан мумкин нест. Агар касе як ҳарфи сарнавиштатро дигар кунад, гирифтор шавӣ ба ягон бало ва биафтӣ ба рўзи сиёҳ.

Ҷавонпаҳлавон чӣ қадар зўр занад ҳам, сангро аз ҷояш ҷунбонда натавонист. Арақрез шуду ба замин нишаст. Хост, ки ягон касро ба ёрӣ даъват кунад. Қаср нияти ўро фаҳмида манъ кард:

— Шарт ҳамин, ки санги сарнавишти хешро танҳо худат мебардорӣ. Ба замбарғалтак, ароба, маркаб бор кардан манъ аст. Агар ин қоидаро вайрон кунӣ, миёнат мешиканад ва бо азоби сахте мемурӣ.

Дигар илоҷ ки набуд, ҷавон маҷбур шуд, хоҳиш кунад:

— Қасро, хирадмандо, ту метавонӣ вазни сангро сабуктар кунӣ ба нисф?

— Ба нисф сабук кунам, ними умрат кам шавад. Биё, чоряк кам кардам.

Санг хурдтар шуду ҷавон ба сол бузургтар. Ранги санг хокистарӣ буд. Ҷавон зўр зад, вале санг боз наҷунбид.

— Боз чорякашро гир, – илтимос кард паҳлавон.

— Ҳайф аст. Дар ин чоряке, ки бояд гирифт, лаҳзаҳои ширинтарини умри туст, бахти туст, тахти туст.

— Бигир, ки аз баҳраш гузаштам, – гуфт мисли қартабозе, ки саргарми бозӣ ҳавлию занашро ҳам ба қимор мемонад.

— Гирифтам, канӣ акнун бардор! – гуфт Қаср.

Санг ҳаҷман нисфи санги пешин ва рангаш тиратар гардида буд, вале он қадар вазнин буд, ки як сари муй ҳам аз ҷой наҷунбид. Қуввати пешинаи паҳлавонӣ низ намонда буд. Зеро қаҳрамони мо баробари хурд шудани санг миёнсол гардида ва мўйҳош мошу биринҷ шуда буданд.

— Ту маро масхара мекунӣ, гуфт мард. – Ту ба ҳоли ман механдӣ!

— Ман ба ҳоли ту дарун-дарун мегирям, – гуфт Қаср, — зеро озодӣ хостиву беҳтарин солҳои умратро бохтӣ.

— Як рўз бошу хурўс бош! Нисфи умр ҳеҷ гап не, – ҷавоб дод паҳлавон.

— Як рўзашро ҳам бардошта наметавонӣ, – гуфт Қаср.

— Як рўзаш чанд кило? – пурсид мард.

— Масалан, сабуктаринаш як рўзи охиринат. Танҳо ҳамонро ту метавонӣ бардорӣ.

— Розиям! – фарёд кард мард, — ақаллан як рўзи охиринамро ба дасти худам те!

— Фикр кун, чӣ мегўи, эй бемағз! – оташин шуд Қаср, ки аз зарбаи сахти суханаш паҳлавон ба замин афтиду аз кўҳҳо сангҳо ғелиданд.

— Ту акнун ҷавон нестӣ, ки ин хел фикрҳои сабук кунӣ ! Як ба оина нигоҳ кун!

Мард хеста пеши дарвоза зону зад.

— Те, – дод зад ва гирист ў, – те, аққалан як рўзамро ба дасти худам те!

Донаҳои ашк ба риши мошубиринҷаш шориданд.

— Уфф… – гуфт Қаср ва ин дафъа дуди уфаш на танҳо аз дудмўриҳояш, балки аз роғи дару тирезаҳояш ҳам фағона зада ба фалак печид.

— Ту гумон кардӣ, ки барои ман масъулияти сарнавишти туро доштан осон аст, ма бигир!

Ҳамон лаҳза санг пеши назари мард сип-сиёҳ ва хурд гардида билохира дар ҳаҷми як чойники майда қарор гирифт. Баробари он дар ҷуссаи мард низ тағйироти ҷисмонӣ руй дода, ў ба як пирамарди фартути пажмурдарў мубаддал шуд, ки наметавонад бе асо роҳ равад.

Пирамард сангро ба нонхалтаи худ андохта рост шуда натавонист. Аз болои Қаср асое пешаш партофтанд ва ў ба он такя карда, базўр рост шуд ва оҳиста-оҳиста қадам монд. То аз кўҳ поин омад, ки рўз аз нисф гузашт. Дар роҳҳо шаробу кабоб мефурўхтанд, дар тарабхонаҳо раққосаҳои фаттон арғушт мерафтанд, вале ҳоло дилаш ин чизҳоро наметалабид. Ў мехост, зудтар ба манзилаш расад ва аз санги тақдир хоҳиш намояд, ки барояш қасри подшоҳӣ созаду шароити биҳиштиро муҳайё намояд, орзуи асосии ў он буд, ки тамоми ҳамдеҳаҳояшро қоил кунад, ки вай чӣ қадар сарватманд ва чӣ қадар хушбахт аст! Инак ў озод аст. Ва тақдираш дар дасти худаш.

Пирамард то деҳааш бояд пиёда мерафт, зеро бор кардани санги тақдир ба ягон маркаб мамнуъ буд. Санги сарнавишт соат ба соат вазнинтар мегардид ва қомати муйсафедро ба замин мекашид. Аҷибаш ин, ки вақти рафтанаш фасли баҳор буда акнун танги тирамоҳ фаро расидааст. Баргҳои зарди дарахтон зери по хишир-хишир садо медоданд.

Офтобшинам муйсафед ба деҳааш расид ва ба кўчаи худ қадам зад. Шамоли сарди тирамоҳ тани лоғарашро ларзонд. Дид, ки назди дарвозааш тобути сафедро даҳонво гузошта буданд. Мардумони деҳа сархаму хомўш рост меистоданд.

— Ин, албатта, барои ман не, – гуфт дар дил муйсафед, – ягон ҳамсоя мурдагист, худо ҷояшро ҷаннат кунад!

Мўйсафед тамоми қувваи охири хешро дар пойҳо ғун оварда, бо шитоб қадам зад, ки аз пеши тобут тирвор гузараду ба хонааш дарояд ва санги тақдирро аз халта гирифта, аз ў хоҳиши дилашро талаб кунад.

Вақте ки ба паҳлуи тобут расид, санги тақдири зормонда бо халта рост ўро ба даруни қуттии тобут кашид.

Баробари ба девори тобут расидани танаш ҷон ба ҳақ таслим намуд. Сипас шунид, ки касе нидо кард:

— Шаҳид шуд! Тобутро бардоред!

Дар гирди лабонаш табассум мавҷ зад. Охир ў як рўз бошад ҳам ғолиб буд на мағлуб. Ин як рўзи хушбахти беҳтар аст аз сад соли ғуломист, – фикр кард ў.

Мардум бошитоб тобутро бардоштанд.

Офтоби ғуруб тасмаи зарди худро аз болои бому сари деворҳо меғундошт.

Комментариев нет: