четверг, 8 мая 2008 г.

Ба Тоҷвар ва дигар блогнависону блогхонҳо

Сабаби таваққуфи камина он аст, ки он чи дар 15 соли охир дар Самарқанд дар матбуоти расмии Ўзбекистон чоп карда будам, ба блоги «Герби шердор» гузошта шуд. Дар байн баъзе мақолаҳои луқмамонанде пешниҳод гардид, ки ба ҳаёти Тоҷикистон тааллуқ дошт. Дар моҳи апрел ман шуморо бо шеъргунаҳои таҷрибавӣ ва ҳикояву афсонаҳои дар 15 соли охир дар Самарқанд навистаам шинос кардам, ки ба сабаби иқтисодӣ ба чопи ин маҷмўаҳо дар шакли китоб имкон надорам. Баъзе ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва ё саҳначаву намоишномаҳое, ки дар Самарқанд навиштааму чоп шудаанд ва саҳнаи театрро дидаанд, ба блог нагузоштам, ба он ақида, ки блог ба асарҳои калонҳаҷм мувофиқ ва ҷои чопи осори дромӣ нест. Ин заҳмати эҷодии 15-солаи камина воқеанигории бадеи нест, аксари ҳикояҳо барои хонандагони закӣ ва мутафаккир навишта шудаанд. Акнун мебояд, ки сабр кунам, то ки хонандаҳо онҳоро ҳазм кунанд.

Вале аз ҳоло пайдост, ки блогхонҳо ба чунин асарҳо ё таваҷҷўҳе надоранд ё ба хондани осори нависандагони воқеагаро одат кардаанд ва салиқаи адабиётфаҳмӣ хеле поин рафтааст. Ин нукта низ рўшан аст, ки теъдоди блогхонҳо каманд ва расонаҳои гурўҳии тоҷикӣ онҳоро ба мисли телевизиони бахши форси «Содои Амрико» хулоса намекунанд.

Аммо як ҳафтаномаи нави миллии тоҷикӣ, ки дар Душанбе бо номи «Озодагон» чоп мешавад, мақолаҳои русии каминаро ба тоҷикӣ тарҷума карда баъзе луқмаҳоро айнан аз «Герби шердор» гирифта чоп мекардааст. Ин кори бисёр савобест, ки мушкили ба интернет дастнадоштагонро осон мекунад.

Қаламро аз даст нагузоштаам. Лев Толстой мемураду ҳама гумон мекунанд, ки тамом шуд. Аммо дақиқае нагузашта дасти росташ ба нишони он ки гўё қалам дорад ба ҳаракат медарояд ва рўи синаи нависанда чанд муддат ҳаракати навиштан мекунад.

Нависандаҳо аз ҳамин тоифаанд. Мурдаашон низ менависад. Мо, ки зиндаем…

Комментариев нет: