воскресенье, 25 мая 2008 г.

Рўҳи Айнӣ зад

Тоҷвар дар блоги Андеша навишта буд, ки як нависандаи тоҷик оиди Рўдакӣ сухани таҳқиромезе гуфта буд, сипас худ иқрор шудааст, ки баъди чунин рафтори ношоям рўҳи Рўдакӣ ўро задааст.

Ман як шахси дигареро мешинохтам, ки алайҳи устод Айнӣ суханҳо гуфт ва ба ҳоли баде афтод. Пеш аз ин воқеа ин одамро ба ман сардабири рўзномаи тоҷикии Самарқанд шинос карда буд ва фармуд, ки дар борааш мақолае нависам ба муносибати ҷашнаш буд ё муносибати дигар.

Ман, ки собиқаи рўзноманигории тўлонӣ дораму талхиву ширинии чунин корҳоро чашидаам, яъне қисме аз одамони ман дар бораи онҳо мақолаҳои ситоишӣ навиштаам дертар ба чунин таъриф ноарзанда буданашон маълум гардидааст, зуд ба баҳонаҷўӣ сар кардам, ки вақт надорам ва ғайра.

Азбаски дар Тоҷикистон кам не чоряк аср меҳнат кардаам, ҳатто ҳар як хасаш унсури ба дилам бисёр наздик гардидааст, сардабири муғамбир аз ин истифода карданӣ шуда гуфт: Ин кас бисёр солҳо дар Тоҷикистон дар курсиҳои баланд кор кардаанд. Азбаски чунин мансабдорро солҳои кору иқомат дар ш. Душанбе боре ҳам надида будам, таваҷўҳам афзуд ва ноилоҷ розӣ шудам, ки ба тарҷумаи ҳолаш шинос шаваму чанд саҳифаро «сиёҳ» кунам. Маълум гардид, ки дарҳақиқат рафиқ Холиев (ўро бо тағйири номи аслӣ шартан ҳамин тавр номидам) чанд сол дар яке аз шўъбаҳои Кумитаи марказии ҳизби комунисти Тоҷикистон дар вазифаи баланд кор карда будааст. Сипас ба хотири хидматаш дар Тоҷикистон дуним саҳифача оиди ў мақолае навиштам.

Аммо ин Холиев баъди баргашт ба Самарқанд тамоман одами дигар шуда будааст, ки ман бехабар будаам. Ў аз тоифаи бўқаламунҳое будааст, ки зуд аз рангу оҳанги пешинаи худ даст кашида ба шароити нав худро мутобиқ мекунанд.

Ў акнун дар ҳар маҷлису маърака хеста зидди беадолатиҳои роҳбарони коммунист ҳарф мезад ва ҳеҷ ба хотир овардан намехост, ки худаш яке аз онҳо буд. Ўро мўйсафеди нуронӣ, собиқадори меҳнат гуфта бо эҳтиром ба бисёр маъракаҳою маҷлисҳои ҳукумати шаҳр даъват мекарданд. Ин солҳое буд, ки нисфи хонаҳои ҳавли-музейи устод Айнӣ дар Самарқанд бар асари боронҳои зиёд фурў рафт. Он солҳои авали истиқлол буд, ҷумҳурии Ўзбекистон мисли дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя вазъи нохуби иқтисодиро аз сар мегузаронд ва табиист, ки ҳукумати шаҳр се-чор сол паи ҳам кўшиш кунад ҳам, барои тармиму эҳёи хонаҳои вайроншудаи устод Айнӣ маблағ пайдо карда наметавонист. Дар ин солҳо ман ва аз рўшанфикрон профессор Абдусалом Саидҷонов дар матбуот мақолаҳо навишта аҳамияти бузурги ҳавли-музейи устод Айниро таъкид мекардем.

Дар як маҷлис ҳокими шаҳр мегўяд, ки ин Адаш Истаду Абдусалом Саидҷонов ба ҷонам расонданд, наход барои тармими ду-се хонаи устод Айнӣ маблағ ёфта натавонем?

Аммо рафиқ Холиев аз ҷой хеста мегўяд, ки ҳавли-музейи Айниро баракс ҳамвор карда ба ҷояш гул коридан даркор, Айнӣ коммунист буд, ҳама асарҳояш суп-сурх коммунистианд. Дар он маҷлис ягон адабиётдон набудааст, ки идеологӣ не, балки аҳамияти умумиинсонӣ доштани асарҳои устод Айниро исбот кунад. Он солҳо муҷассамаҳо ва номҳои роҳбарони коммунистро аз кўчаву майдонҳо мегирифтанд.

Ҳамин тавр баъди ин гап боз як ё ду сол тармиму таъмири ҳавли-музейи устод Айнӣ ба оқиб партофта шуд, то вақте ки ман бо Саидҷонов бо нашри мақолаҳоямон боз ҳокимро маҷбур кардем, ки сари ин масъала бозгардад.

Ҳокими шаҳр яке аз корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ нерўмандро масъули тармими осорхонаи Айнӣ таъин намуд ва ин маъсала ҳал гардид.

Аммо сиҳатии Холиев баъди ин воқеа рў ба таназзул ниҳод. Ин марди сергўшти қадпаст акнун базўр роҳ мегашт. Чашмонаш хира гардида одамро намешинохтанд. Чанд бор дар кўча рў ба рў омадем, маро нашинохт. Пойҳояшро қариб, ки аз замин набардошта хеле суст роҳ мерафт. Ман бошам дигар ба ў ҳатто салом намедодам. Ба ў ҳамкоронаш лақаби «танк»-ро дода будаанд. Айнан ба чунин механизм монанд шуда буд, танҳо танки вайрони сустҳаракат.

Чанде пеш рўзномаи вилоятиро кушода дар бахши таъзияномаҳо сурати ўро дидам. Дар некролог дар кадом вазифаҳои ҳизбӣ дар Тоҷикистон кор карданашро қайд накардаанд. Гўё ки дар Тоҷикистон боре ҳам набуд ва коре ҳам ба сомон нарасонд. Чун соя бисёр солҳо дар курсии мансаб нишаст, сояи одам буду одам набуд.

Мегўянд, ки баъди зидди устод Айнӣ сухан карданаш ҳар шаб хоб медидааст, ки аз назди ҳайкали Айнӣ мегузарад. Ва ҳайкали сангӣ зинда шуда поин меояду як лагад ба қафои ў мезанад. Чӣ азобест, ки хоби ҳар шаб такрор мегардад. Ва бо арақи сард бедор мешавад. Баъди Айниро носазо гуфтанаш ягон мўйсафед дар ягон чойхона ўро ба сўҳбат даъват намекард. Агар худаш ба назди онҳо биёяд, арвоҳзада омада истодааст гўён як-як хеста пароканда мешуданд.

Комментариев нет: