понедельник, 19 мая 2008 г.

Бо як суруд метавон ҷаҳонро гирифт

Ҷашни яке аз оҳангсозони машҳур буд. Он дар толори яке аз театрҳои Самарқанд мегузашт. Соҳибҷашн дар саҳна нишаста буд. Толор аз мухлисони мусиқии миллӣ пур буд. Ба ин ҷашн намояндоҳо аз Тошканд ва баъзе вилоятҳо низ омада буданд. Раиси иттифоқи композиторони ҷумҳурӣ ҳам ҳузур дошт ва як қатор пеш аз ман бо дигар оҳангсозони номи менишастам.

Сурудҳои зиёде аз забони беҳтарин овозхонҳо садо дод. Тахминан 20-30 суруд шунидам ва хеле хаста шудам. Сурудҳо ҳама оҳанги хубу марғуб доштанд, унвону савияи овозхонҳо низ баланд буд. Аммо ба назарам дар ҳамаи ин сурудҳо чизе намерасид. Дар охир навбати табрик ва сурудхонӣ ба Ҳунарпешаи машҳури Ўзбекистону Тоҷикистон Мардони Мавлон расид. Мардон дар даст танҳо бо як тор баромад, навозандаҳо набуданд. Ў соҳибҷашнро ба забони ўзбекӣ бо ду-се калима кўтоҳак табрик кард. Сипас бо оҳанги тори худ «Дар биёбон най навохтам хирмани гул даргирифт»-ро сароид. Чунон зебо ва пуртаъсир сароид, ки ҳама ба ваҷд омада хеле кафкўбӣ карданд. Ман тамоми сурудҳои пеш аз ин гўшкардаамро фаромўш кардам. Ин суруд на танҳо ин фазо гўё тамоми ҷаҳонро тасхир карда буд. Зеро ки Мардон авҷи онро ба қиёмаш расонида тавонист ва бо ҳамин вусъат, нерў ва бузургии мусиқии тоҷикиро исбот кард. Акнун фаҳмидам, ки чаро сурудхонии пеш аз ў хаста кардааст. Сарояндаҳо авҷро нагирифтаанд, барои гирифтани авҷ истеъдоди худодод ва маҳорати баланди касбӣ лозим аст.

Аз шогирдони Ҷўрабек Муродов Ҳасани Нуруллои Самарқандӣ танҳо дар ҳамон маъракаҳо, ки агар як суруд хондан насибаш мегардад, авҷро мегирад. Ў нағз медонад, ки авҷ чист. Баъди авҷ суруди дигар хонда авҷи пасттар гирифтан кори шоиста нест.

Зиёфати ин ҷашн дар яке аз ресторанҳои машҳури Самарқанд баъди ин ҷамъомади расми баргузор шуд. Вале кайфи аз ин суруди Мародон бардоштаам он қадар зўр буд, ки тарсидам, агар ба зиёфат равам, боз 10-15 суруди беавҷро мешунаваму ин кайфи бузурги худро аз даст медиҳам.

Пас аз чанд вақт инро ба як фарҳангие нақл кардам. Ў гуфт: – Ба зиёфати ҷашнӣ мерафтед, хуб буд. Зеро дар он ҷо Ҳасан ҳамагӣ якто суруд хонд ва чунон авҷро ба қиём расонид, ки ҳама худро дар фалаки ҳафтум ҳис карданд.

Баъзан шашмақомхонии баъзеҳоро дида гуфтанам меояд: то кай бе гўшт оши палав мепазед?

Комментариев нет: