четверг, 18 июня 2020 г.

20-ӯми июн – зодрӯзи шоир Хумӣ


Ҷамол Сироҷиддини Хумии Самарқандӣ бародари Баҳодури Танбӯри Тайлоқист, ки дар айни авҷи эҷод панҷ сол пеш вақти шеърхонӣ дар назди мардум аз сактаи дил ногаҳон вафот кард. Аз рузи аввали қалам гирифтанаш то соати охири умраш шоири ҳақиқӣ буд, ҳам аз дарун ҳам аз берун. Тоҷик буд, аммо аз адибони ӯзбек дӯстони зиёде дошт, аз Бухоро, Фарғона, Тошканд ва дигар чойҳо ба хонааш шоирон меомаданд. Бо шароби дастӣ ҳамаро зиёфат мекарду шеъхонӣ баргузор мегардид. Афсӯс, сад афсӯс, ки имрӯз бо мо нест.
Ёдаш гиромӣ бод!

Падарбузурги Хумӣ имом-хатиби мадрасаи Тиллокорӣ буда солҳои муллокушӣ гурехта ба деҳотӣ ӯзбекнишин паноҳ бурдааст ва аз ин сабаб Хумӣ дар мактаби ӯзбекӣ хондааст.

Ин шеъри камина аз китоби “Оҳангҳои Самарқанд”, саҳ 28 нашр мешавад.


БА ҶАМОЛ СИРОҶИДДИНИ ХУМӢ

Дарахти сухангўи шаҳри куҳан
Ба васфат кушодаст садҳо даҳан.
Ва гуфто: сухангўй бисёру лек
Чу Хумӣ нагуфтаст “Танбўри ман”.

Ва роҳи сафар маро уфтод чун
Ба роҳе зи Афросиёби ватан.
Баногаҳ дахмае бигуфто чунин
Ки Хумӣ куҷо бурд ганҷи сухан.

Яке пайкара дидам аз дўстӣ
Чу рафтам ба сўи Регистонзамин.
Ба Фонӣ ҳамегуфт он пири Ҷом,
Ки имрўз Хумӣ туро ҷонишин.

Ман аз пири дайре ҳамехостам,
Ки аз ринди Ҳофиз фоле бубин.
Бигуфто, ки ҷуз Хумии масти шеър
Намеёбӣ ин ҷо ту ринде чунин.
                                                                     



Комментариев нет: