вторник, 12 января 2016 г.

Оид ба замони истеъмоли палав



Тибқи таомул баъзе маъракаҳо дар оғози рӯз баргузор мешаванд, ки дар онҳо таоми асосӣ палав аст. Аммо имрӯзҳо дар байни мардум одати субҳ палав пухтан густариш зиёд надорад, ки ба назари камина хуб нест. Дар хонаводаҳои Самарқанд палав дар аксар маврид таоми нисфирӯзӣ ва шом аст.
                                    
Хонаводаҳое, ки фарзандони мактабхон доранд, саҳар шиками онҳоро бо палав сер мекунанд. Палав то соати 14, яъне то ба хона баргаштани бача ӯро сер нигоҳ медорад ва имкон намедиҳад, ки гурусна монда ба буфети мактаб ба харида хӯрдани хот-догу ҳасибҳои барои организми кӯдак зарарнок битозад. Палавро дар оғози рӯз хӯрдан фоидаи зиёд дорад. Он кайфияти инсонро баланд карда рӯҳро қавӣ мегардонад, рӯдаҳоро аз заҳрҳои шаб ҷамъшуда пок месозад.

Агар дар таркиби таоми субҳонаи талаба ангиштоб кам бошад, дар дарсҳои охирин хобаш омадан мегирад, мағзи сар бар асарии камии глюкоза дуруст кор намекунад, мегӯянд донишмандони тиб. Бо далели ангиштоби зиёди зудҳалнашаванда доштанаш палавро ҳамчун таоми субҳонаи талабагон тавсия кардаанд. Азбаски бо таъсири палав ғадудҳо серотонинро ба хун сар дода таъбро хуш мекунанд, ин таом барои оғози корҳои муҳим илҳом ва нерӯи бузург мебахшад.
   

Комментариев нет: