среда, 23 декабря 2015 г.

Оид ба элитаи тоҷикистонӣ



Яке аз хонандагони Герби шердор аз Тоҷикистон (номашро нагуфт) хоҳиш кард, ки оиди оё элитаи фарҳангӣ элитаи сиёсӣ шуда метавонад, фикри худро бигӯям.

Файласуфи рус В.Розанов дар бораи олимон, адибон ва умуман аҳли фарҳанг гуфтааст, ки инҳо ҳама эгоистанд. Табиатан дар зимн чунин будаанд.

Дар байни аҳли санъати тасвирӣ як тоифае ҳаст, ки ба санъати амалии халқӣ таалуқ дорад. Инҳо устоҳоянд. Дар байни ҳамин устоҳо ман ягон нафар эгоистро дучор нашудаам.


Ба фикри камина эгоистҳоро ба мансабҳои давлативу ҳукуматӣ роҳ набояд дод. Ба депутати низ.

Аз таърих медонем, ки Навоии вазир дар накӯкорӣ ва Ҷомӣ дар хоксорӣ ҳамто надоштанд, аммо инҳо аҳли тариқат буданд, нобиғагонанд ва аз ин қоида берун.

Дар гузашта аҳли тасаввуф пеш аз ҳама нахуст ҳамин эгоизмро дар ботин маҳв мекарданд, аммо имрӯз на як сӯфӣ ҳасту на як пайрави он.

Бобоҷон Ғафуров, агар эгоист намебуданд, вақти роҳбари Институти ховаршиносӣ буданашон он қадар шогирдҳо тайёр мекарданд, ки имрӯз илми таърихи Тоҷикистон ба ин ҳоли заиф намемонд.
   

Комментариев нет: