среда, 15 октября 2014 г.

Камбудии асосии мактаби тоҷикӣ



«Ту генерал ва подшоҳ мешавӣ» мегӯяд мактаби митроӣ  ба шогирдони худ. Яъне аз синфи якум сар карда дар пешорӯи ӯ вазифаи бузург – мақсади олиро мегузорад. Ҷаноби олӣ хезед, шуморо корҳои бузурги ҷаҳон интизоранд, гуфта Наполеонро аз хоб бедор мекарданд дар кӯдакиаш ва билохир ӯ фарди бузург шуд.

Мақсади олии мактаби муосир – шаҳодатномаи хатми мактаб аст. Ҳар як шогирди мактаби кунунӣ хуб медонад, ки ин қоғаз дар токчаҳои бисёр касон чанг зер карда хобидааст. Соҳибони шаҳодатнома бошанд кайҳо боз дар Русия бо корҳои сиёҳ машғуланд, яъне мардикорӣ мекунанд.

Ба ин сабаб мактаби муосири тоҷикӣ бо муаллимони нобиғаву бо ҳама китобҳои беҳтарину услуби беҳтарини ҷаҳонӣ таъмин бошад ҳам наметавонад инсони комил бисозад. Бачаҳоро бо суханҳои тарғиботӣ фирефта намешавад, кӯдакон бештар ба атроф нигоҳ мекунанд ва мебинанд, ки донишҳое, ки мактаб медиҳад, дар ҳаёт бисёр вақт зарур нестанд. Ва он касоне, ки ришва дода аз имтиҳон гузашта дипломҳо гирифтаанд, соҳиби мансабчае шудаанд ё тиҷорате доранду кордашон болои равған аст.

Бубинед, ки Ғафуров, Турсунзода, Маҳмуди Воҳид, Баҳоваддинов, Лоиқ барин шахсиятҳои бузург мурданд. Бисёр сол паси сар шуд. Аммо дар байни насли навраси тоҷик ягон нафареро намебинед, ки дар оянда ҷойи онҳоро гирифта тавонад.

Мактаби тоҷикӣ камоли матлуби миллӣ надорад.

Мактаби шӯравӣ камоли матлуб дошт, ки он идеолҳои коммунистӣ буд, сохтмони ҷамъияи коммунистӣ.

Чи ҷои ҳайрат, ки камоли матлуби тоҷикон чист, донишмандон то ҳол аниқ муайян накардаанд.

Комментариев нет: