воскресенье, 2 ноября 2014 г.

Тарзи ислоҳоти мактаби тоҷикӣ



Дар мактабҳои тоҷикӣ ба талаба мегӯянд инро аз китоб хонда мазмунашро бигӯй, ё ки мегӯянд инро аз ёд кун.

Талаба ҳамаи инро мекунад, баҳои аъло мегирад.

Аммо кор фармуда тавонистани ин донишҳоро намепурсанд аз ӯ. Яъне кор фармудани ақлро намеомӯзонанд.

Чанд бор гуфта будам ва боз мегӯям: мактаби тоҷикӣ ба ислоҳот ниёз дорад. Барномаи онро аз нав чунин бояд сохт, ки барои такомулу ташаккулу пешрафти фикрии шогирдон хизмат кунад.

Аз рӯи ин талабот фанҳои зеринро бояд ба мақоми аввал баровард:
1.      Омӯзиши хати форсӣ, ки ақлро ривоҷ медиҳад. Хати кириллӣ то ҳол ба тоҷикон ягон нафар классик надодааст. Айнӣ ва Лоҳутӣ, ки охирин классикон буданд, ба хати форсӣ менавиштанд.
2.      Илми шоҳмот (шатранҷ нагӯед, ки шатранҷи таърихӣ бо мӯҳраҳо ва қоида аз шоҳмоти имрӯза фарқ мекунад). Шоҳмот илм аст, назария ва амалия дорад.
3.      Математика ё худ риёзиёт.
4.      Фалсафа, аз ҷумла мантиқ.
5.      Илми муаммо. Илми муаммо бояд як қисми барномаи адабиётро ташкил кунад. Кӯдакон бояд аз синфи як сар карда чистонҳоро аз ёд ва ҳал кунанд. Масалан ребус барин чизҳоро созанду хонанд. Дар замони Ҷомӣ ва Навоӣ илми муаммо пурра шакл гирифта будааст.

Дар як намоиши телевизиони дидам, ки муаллими чинӣ ба шогирдон супориш медод: Ку, кӣ метавонад ду дона тухми нопухтаи мурғро аз бом партофта нашикаста ба замин расонад?

Соли 1963 вақте ки дар синфи даҳуми мактаби рақами 16-и ноҳияи Самарқанд таҳсил мекардам, барои 5-6 нафар талабагони синфи панҷум маҳфили шоҳмот ташкил кардам. Ҳар рӯз як соат пас аз хотимаи дарсҳо. Аз онҳо як нафар доктори фанҳои риёзиёт шуданд, ду нафар омӯгори хуби риёзиёт ва ҳар бор маро бинанд, арзу сипос мекунанд, ки агар ин маҳфили шоҳмот намебуд, онҳо ҳаргиз риёзӣ намешуданд.

Бинед, ки танҳо як шоҳмот ақли инсонро чӣ қадар тавоно мекунад!

Муаммои бузурги дуввуми мактаби тоҷикӣ ба бачаҳо омӯзонидани одамгарӣ аст.

Одобнома ном чизе ҳаст ва китоби дарсӣ низ дорад. Аммо одоб ин этика аст. Яъне тарзи муомилаи хуш дар ҷомеаи инсонӣ.

Аммо одамгарӣ чизи олитарест. Фидокорӣ аст барои дигарон. Онро дар мисоли сарнавишти инсонҳои бузург меомӯзанд.

Шумо дар кӯча шогирди ягон мактаби тоҷикиро дошта бипурсед: - Луи Пастер кӣ буд? Ӯ барои инсоният чӣ хизмати бузург кард? Барои он ки ба ин мақсад расад аз баҳри чиҳо даргуашт?

Бовар дорам, ки ҳатман хоҳад гуфт: - Амакҷон, ин номро бори аввал мешунавам.

Дар ин ҷо бомаврид аст ёдовар шавам, ки Нарзӣ Обидов дар Душанбе китоби хотираҳои худро нашр кардааст, оид ба инсондӯстиву одамгарии олии яҳудиёни зиёии Душанбе ва дигар бузургони илму адаби тоҷик.

Хусусан навиштаҳояш оиди одамгарии фабриканти Самарқанд Муҳаммад Раҳимбойи Тойча (бобои профессор Минҳоҷ Ғуломов) дарси ибрат аст ба сарватмандони навбаромад, ки одами сарватманд бояд чӣ хел бошад.

Ман ин китобро ки «Дар байни устодон» ном дорад бо он қадар шавқи  зиёд хондам, ки ягон асари дигарро бо ин қадар таваҷҷӯҳ нахонда будам. (Аммо ҷои латифаҳо зери муқоваи ин китоб нест).

Хуб мешуд, агар Назрӣ Обидов хабар надоштани ҷавонони муосирро аз тарҷумаи ҳоли Зеҳнӣ барин шахсони бузург ва асари калонҳаҷми М.Бачаев ба назар гирифта ёддоштҳояшонро такмил медоданд. Ва номи киитобро «Дарси одамгарӣ» гузоштан муносибтар аст. Муҳобот нахоҳад шуд агар бигӯем, ки ин китоб баъди «Ёддоштҳо»-и Айнӣ мақоми устувори худро дар адабиёти тоҷик пайдо хоҳад кард.

Комментариев нет: