вторник, 18 ноября 2014 г.

Сабабгори асосии заволи давлату миллат



Чаро ҳама  миллатҳо пеш рафтанду мо оқиб мондем? Чаро то ҳанӯз фарзандони мардуми Тоҷикистон дар кишварҳои дигар мардикорӣ мекунанд? Яъне бо корҳое банд ҳастанд, ки барои иҷрои он корҳо донишу маҳорати касбии баланд лозим нест.

Иллати ҳамаи инро аз маориф бояд ҷуст.

Мактаб, агар баробари замонаи пешрафтҳои илмӣ ба пеш ҳаракат накунад, боиси заволи давлат ва миллат мегардад.


Садри Зиё дар асари худ «Наводири зиёия» таъкид кардааст, ки тавассути амирони бехирад, дар мадрасаҳои Бухоро шахсони камхирад ва ҳатто аҳмақ соҳиби вазифаҳои мударрасӣ шуданд ва як фазои аҳмақонае на танҳо ин маркази илму динро фаро гирифт, балки Бухороро  ба як ҷои хандахариш ё худ масхарабозии тсирк табдил дод.

Яъне сабаби асосии заволи давлати Бухоро реша дар мадраса дошт. Ду-се нафар рӯшанфикроне, ки мисли Айнӣ пайдо шуданд, пешрафти фикриро дар ин мадрасаҳо не, балки дар маҳфилҳои адабии ҳавлии Садри Зиё соҳиб шуданд, ки дар он Аҳмади Дониш устоди устодон буд.

Ҳама онҳое, ки аз ин маҳфил баҳра бурдаанд, ба  чунин ақидаҳо устувор буданд, ки бе тағйири низоми маориф намешавад пешрафте ҳосил шавад.

Сипас соҳиби  мактаби Шуравӣ шудем, ки ҳамаро босавод кардан мехост, аммо сахт сиёсатзада, яъне идеологӣ буд. Бачаҳоро аз рӯи шаблон аскарҳои идеологияи коммунистӣ сохтан мехост. Акнун, ки соҳибистиқлол шудем, имкони таъсиси мактабҳои гуногун пеш омадааст.

Аммо нуқсонҳои мактабҳои пешин то ҳанӯз боқист.

Вагарна аз Тоҷикистон ин қадар ҷавонони камсаводу камҳунар ба Русия ба мардикорӣ намерафтанд

Онҳо боиси хандахариши русиягиҳо шуданд бо тасвирҳои персонажҳои аҳмақи «Наша Раша», хусусан Галустян.

Пеш аз ин дар мақолае таъкид карда будам, ки мактаб асосан иборат аст аз муаллим ва китоби дарсӣ (бо барнома).

Мақоми  муаллим дар ҷои аввал аст. Агар дар мактаб муаллими ҳақиқӣ набошад, мактаб низ нест гӯед, хато намекунед.

Соли 1997 буд ё пештар, ки сардори рӯзномаи тоҷикии Самарқанд маро ба идораи маорифи шаҳр фиристод. «Равед ва аниқ кунед, ки чаро синфҳои тоҷикӣ дар шаҳр сол то сол кам мешаванд?» гуфт.

Дар идораи маорифи шаҳр бо масъули мактабҳои русиву тоҷикӣ Леонтева вохурдам, ки соҳиби  обрӯи баланде буд, ҳақгӯй буд ва ӯро дар Самарқанд ҳар як зиёӣ мешинохт.

– Албатта сабабҳои дигар низ ҳастанд, ки ҷузъиянд,- гуфт Леонтева,- аммо сабаби асосӣ – сустии муаллимони синфҳои тоҷикист.

Хатмкунандагони синфҳои русӣ наввад дар  сад ба мактабҳои олӣ дохил шуда истодаанд, аз синфҳои тоҷикӣ 7-10 нафар дар сад.

Вақте ки Акбари Турсон дар Амрико  буданд, бо он кас мукотиба доштам. Эшон низ дар ин фикр буданд, ки дар соҳаи маорифи Тоҷикистон ислоҳот лозим аст, аммо аз ислоҳоти макотиби олӣ бояд сар кард.

Намедонам ин ақидаи худро баъди ба Тоҷикистон баргаштан ба роҳбарон фаҳмонида тавонистанд ё не.
  

Комментариев нет: