пятница, 28 ноября 2014 г.

Ҳаракат ба сӯи мактаби ибнисиноӣ ё баръакс?



Агар дар замони кӯдакии Ибни Сино ҳамин хел мактабҳое, ки имрӯз дорем, мебуданду Абӯалӣ дар он таҳсил мекард, ҳеҷ вақт алломаи бузург намешуд. Зеро дар ин клосе, ки 30-40 бача чун моҳиёни намакзадаи бӯшка зич нашастаанд, муаллим имкон надорад, ки бо ҳар як шогирд алоҳида кор кунад.

Дарс 45 дақиқа аст ва дар ин муҳлат муаллим мавзӯъро фаҳмонида, танҳо бо як-ду савол посух дода дониши 1-2 нафарро санҷида метавонад, агар хеле ӯҳдабаро бошад.

Ибни Сино ягон илмро дар назди ягон донишманд пурра фаро мегирифт, сипас падараш барои гузаштани илми дигар муаллими дигар меёфт. Яъне Ибни Сино дар мактабе таълим гирифтааст, ки як шогирд ба як муаллим будааст.

Донишманди торих Шарқи Юсуфов, ки дар Хуҷанд дар замони бачагии Бобоҷон Ғафуров бо он кас ҳамсоя буданд, нақл карда буданд, ки Ғафуров аз кӯдакӣ маъюб буданду роҳ рафта наметавонистанд, ба ин сабаб дар хона таълими индивидуалӣ гирифтаанд.

Зиёд кардани теъдоди шогирдон дар як клос дар замони Шуравӣ расм гардида буд. Худи камина дар синфе мехондам, ки 34-37 нафар талаба дошт. Муаллимҳо ҳатто ба посухи суолҳои талабагон вақт намеёфтанд.

Ҳоло низ калон кардани синфҳо давом дорад. Ҳеҷ кас намепурсад, ки тибқи норми тиббӣ ба як шогирди як синф чанд мукааб ҳаво бояд бошад. Чиновнике, ки барои тафтиши мактаб меояд, мешуморад, ки  дар як клос чанд талаба ҳаст, аз 15 нафар кам бошад, синфро барҳам медиҳад.

Яъне қоидаву қонунҳои вазорати маориф барои индивидуалиацияи таълим не, балки зидди он сохта шудаанд.

Баҳона мекунанд, ки теъдоди синфхонаҳо каманду аз набудани шароит чунин вазъ ба амал омадааст. Аммо теъдоди шогирдони синфҳоро каму теъдоди синфҳоро зиёд карда дар ду баст нею масалан дар се баст таълимро ба роҳ мондан магар имкон надорад?

Тамоми илми педагогикаи ҷаҳонӣ мегӯяд, ки дар синф теъдоди шогирдон чӣ қадар кам бошад, самараи таълиму тарбия ҳамон қадар зиёдтар, аммо дар Тоҷикистон зидди ин талаботи илмианд.

Комментариев нет: