понедельник, 1 декабря 2014 г.

Асрори миллати тоҷик



Асрори миллати тоҷик дар он нуҳуфтааст, ки чиро чӣ номе додаст.

Масалан русҳо оиларо «семья» мегӯянд, ки аз вожаи «семена» яъне тухма сохта шудааст.

Дар забони тоҷикӣ бошад, оиларо бо вожаи хонавода ифода мекунанд. Дудмон, дуда низ мегӯянд, ки ин низ маънои хонаро дар худ нуҳуфтааст.

Сарвати тоҷик зиёд шавад, хона месозаду хонаро обод мекунад, сарвати баъзе миллатҳои дигар зиёд шавад, теъдоди занҳоро зиёд мекунанд. Ба ин сабаб дузанагӣ хоси миллати тоҷик нест. Ҳар боре ки ягон эрониро дучор шавам, мепурсидам, ки дар Эрон дузанаҳо ҳастанд ё не. Дар посух мешунидам ҳар доим: касе будагист, аммо мо намешиносем.

Дар кӯҳистон, ки асолати тоҷикӣ зиёдтар ҳифз шудааст, ба номи писарон вожаи «шоҳ»-ро ҳамроҳ мекунанд, масалан Аҳмадшоҳ, Мӯъминшоҳ (дар талаффуз «ҳ»-и охир меафтад), ки ин боз як далели тоҷдории ниёгони мост.

Дар шаҳрҳои куҳан бошад, бо номҳои Алиқулу Валиқул зиёд дучор мешавед.

Дар асри 18 баъди фоҷиаи маълуми холӣ шудани Самарқанду Бухоро аз одам аз кӯҳистони тоҷик, алалхусус Ҳисори Тоҷикистон мардуми зиёде кӯчонида шудаанд. Ин мардуми кӯҳиро дар Самарқанд тоҷикони шаҳри ғул яъне кӯҳӣ мегуфтагӣ шуданд, ки бо мурури замон Алиғулу Валиғул шакли Алиқулу Валиқулро гирифтааст.

Табдил ёфтани ғ ба қ дар забон як ҳодисаи умумиест ва мисолаш ин, ки деҳаҳои Тепағулу Миронғулро имрӯз Тепақулу Миронқул мегӯянд, ки дар кӯҳистони Самарқанданд.

Ҳоло низ кӯҳистониро ғалча мегӯянд, бо суфикси «ча»-и, ки ба тоҷикӣ и-и дароз аст, яъне ғалӣ.

 Дар хонаводаи тоҷик агарчи занҳо расман мақоми сарварӣ надоранд, амалан сарварӣ мекунанд. Ёддномаҳои Садри Зиё ва Комил Ёрматовро ҷое, ки оиди модаркалонҳо сухан меравад, ба ёд оред. Аммо дар Эрон ҳукми занҳо дар хонавода бештар аз занҳои  тоҷик аст.

Майли занҳо ба урфу одат зиёдтар аст, онҳо ҷамъомадҳои махсуси занонаи Бибисешанбе ва Мушкилкушоро ҳифз карда меоянд, зиёда аз ҳазору анд сол.

Мардони тоҷик танҳо як маъракаи мардона доштанд, ки гаштак буд. Аммо баъди истиқлол занҳои тоҷик зиёдтар аз мардон гаштакбозӣ мегардагӣ шуданд.

Сирри миллати тоҷик дар ҳамин вазъ аст, яъне дар хонавода сарвари расмӣ шавҳар ҳисоб мешаваду ҳамаи ҳуқуқи сарварӣ амалан дар дасти зан аст.

Дар боло масъалаи номро беҳуда зикр накардам. Дар Эрону Афғонистону Тоҷикистон номҳое зиёданд, ки дар таркиби худ вожаи «ғулом»-ро дорад.

Аммо ягон зан чунин ном надорад, ки дар таркибаш вожаи «ғулом» бошад. Ба подшоҳи амалӣ намечаспад ин вожа.

Комментариев нет: