понедельник, 15 декабря 2014 г.

Мардуми Тоҷикистон ба кадом самт пеш равад? Дарунӣ ё берунӣ? Митроизм ё чеченизм?



Вазъи географии Тоҷикистон барои пешрафти кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ мувофиқати каме дорад. Пешрафти техникӣ ё худ фановарӣ низ ба талаботи корхонаҳо вобаста аст ва азбаски корхонаҳои хуб каманд, талабот ба кашфиёт ба дараҷаи ночиз аст. Яъне дар шароити Тоҷикистон дар ин солиёни  наздик ба пешрафти техникаву технология умед бастан наметавон.

Мардуми Тоҷикистон чӣ бояд кунад, ки бо вуҷуди бекорӣ, оқибмонии фановарӣ, ба дараҷаи баланд нарасидани иқтисодиёту кишоварзӣ ӯро ҳамчун мардуми пешрафта бишносанд?

Дар ин бобат мо бояд биандешем, ки танҳо роҳи вижа моро ба пешрафт ноил мекунад. Тамоми пешрафтҳои тамаддуни муосир вобаста ба он аст, ки инсон давоми дасту пои худро дар шакли олоти меҳнат ба мошинҳо аз қабили автомобилу ҳавопаймову ва ғайраҳо ихтиро намуда инкишоф дода меояд. Ҳатто компютер давоми берунии мағзи сари инсон аст. Яъне ҳамаи онҳо дар беруни инсонанд на дар дохили он.

Аммо фалсафаи дини аввалини мардуми мо – митроизм яъне меҳрпарастӣ ба инкишофи дохилии инсон нигаронида шудааст. Коди генҳои мағзи сар ё худ нутфаи маънавии мардуми мо 7-8 ҳазор сол пеш дар замони фаъолияти митроизм шакл гирифтааст ба тахмини камина.

Дар таълимоти ин дин, ки аз класҳо ё худ зинаҳои мактаби он пай бурдаем, эътибори асосӣ ба организми инсон аст, яъне ҳам машқҳои ҷисмониву ҳам тиббиву дорушиносиву ҳам рӯҳонӣ. Яъне тарбия дар ин мактаб бо мақсади ба камол расонидани як инсони абарқудрат (абармард) будааст.

Дар матбуоти Тоҷикистон баъзе мақолаҳо чоп шуда буданд, ки дар боби худшиносӣ бояд аз чеченҳо ибрат гирифт.

Воқеан ҳам чеченҳо на бо пешрафти техникӣ фахр карда метавонанду на бо корхонаҳои муосир.

Онҳо ҳатто мисли тоҷикон ин қадар  шоирони ҷаҳоншумул надоранд. Аммо дар ҷаҳон ҳама чеченҳоро ҳурмат мекунанд ба сифати мардуми пешрафта. Сабаб ин аст, ки онҳо дини худро аз поймолшавӣ дар замони Шуравӣ ҳимоя карда тавонистанд ва дар масъалаҳои спорт гӯйи сабқатроо бурда метавонанд. Яъне дар чеченҳо инкишофи рӯҳиву ҷисмонӣ ба ҷои аввал қарор дорад, ба ҳамин сабаб соҳибэҳтиром шудаанд.

Тоҷикистон кадом сол ба мисли эрониҳо як зӯрхона дар пойтхташ сохта буд. Намедонам ин кор дар шаҳру ноҳияҳо идома ёфт ё на. Ин гуна тамрингоҳҳо ё худ мактабҳои тарбияи ҷисмониро бояд бо исми қаҳрамони Шоҳнома Рустами достон номгузори кард, яъне рустамхона номид.

Аз ҳама беҳтараш чуноне, ки дар як мақола оид ба зарурати ислоҳоти мактаб навишта будам, бояд ягон намуди беҳтарини гӯштингириро ба барномаи мактаби миёна дохил кард. Дохил кардани фанни шоҳмот ва фалсафаро низ ба ин мақсад зарур мешуморам.

1 комментарий:

Fara комментирует...

Ustodi arjumand bisyor tashaker baroi chunin andeshahoi farovonaton. Rohi yagonai peshravii oyandai tojikiston gumon doram in omukhtani ilmhoi moderni va dar in davomi procesi yakjo kardani tarikhu madaniyati ilmhoi kuhnai tojiki ,ki chun alon dar dast dorem , va dar asosi in peshnihod barponamudani rohi tarakkii oyandai millati tojik bisyor zarur ast.

tashakkur ,