воскресенье, 16 ноября 2014 г.

Муаллими эҷодкор лозим!



Дар замонҳои мозӣ бачаҳоро хонавода ва рӯҳонӣ (писарҳоро муллои мактабдор, духтарҳоро биби халифа) тарбия мекарданд.

Дар замонҳои муосир хонавода ба тарбияи бачаҳо вақт надорад, чун зиндагӣ маҷбур кардааст, ки аҳли калонсоли хонавода доимо аз паи коре бошанд.

Муллои мактабдор низ нест, ки расму оинро омӯзонад. Ба ин сабаб бачаҳои имрӯза сол то сол аз ҳаёт зиёдтар дур мешаванд.

Механизми мактаби муосир иборат аст аз объекти тарбиягиранда – шогирдон, дастури таълим – барнома ва китобҳои дарсӣ ва муаллим. Ба ин се директорро низ ҳамроҳ мекунам, чун агар директории лицейи Сарское село ба муаллимон озодӣ дода аз вазорат барои тафтиш оянд, «ман худам посух хоҳам дод» намегуфт, аз ин лицей Пушкин барин шахсиятҳо намебаромаданд. Худи Пушкин гуфтааст, ки дар математика он қадар суст буд, ки чизҳои оддиро намедонист. Аммо муаллимон раҳм накардаанд, балки дидаанд, ки дар фанҳои дигар суст нест. Яъне хулоса кардаанд, ки дар маҷмӯъ Пушкин бадхон ҳисоб намешавад ба хилофи талаботи дарстури вазорат рафтор намуда ӯро аз мактаб нарондаанд.

Лоиқ низ гуфта буданд, ки дар бачагӣ хеле шӯхӣ мекарданд ва боре ба гулхан тирҳои милтиқро партофта аз таркиши он устухони дасташон реза-реза шуд ва падарашон, ки устухонбанд буданд, гӯштро бурида порахои устухони дасташонро ба ҷояш чидаанд.

Бубинед, ки директории мактаб аз чунин воқеъа чашм пӯшидааст, ҷазое надодааст, чун ба ояндаи Лоиқ назари нек доштааст.

Вақте ки камина дар донишгоҳи Самарқанд таҳсил мекардам, декани факулта академик Ботурхон Валихоҷаев (равонашон шод бод) буданд. Боре ба имтиҳони иқтисоди сиёси даромаданд, ки ман ба суолҳои билет посух медодам. Муаллими имтиҳонгиранда ба посухҳои ман гӯш надода саргарми сӯҳбат бо ин устоди адабиётшинос шуд. Вақте ки ба ҳама саволҳо посух дода шудам, муаллим гуфт: - Ман намедонам ки чиҳо гуфтед. Чун бо домуллои муҳтарам саргарми сӯҳбат шудам. Сето савол медиҳам, посух додед, баҳо мемонам, вагарна не.

Ӯ се саволи ман тамоман намедонистагиро дод ва баъди лол мондани камина ба Валихоҷаев рӯ оварда гуфт: - Ин студентҳо маро аҳмақ кардан мехоҳанд, ба мавзӯъҳои калон диққат додам майда-чуйдаҳоро намеомӯзанд. Ба ман гуфт: - Баҳотон – ду!

 Ӯ ин баҳоро гузоштанӣ буд, ки Валихоҷаев ведомостро аз дасташ кашида гирифта гуфтанд: - Баҳоҳои ин кас аз ҳама фанҳои дигар аъло будааст. Ин ҷо ягон сабаби дигар будагист. Шумо ҳозир ба ин кас баҳои аъло гузоред, ягон рӯз ин имтиҳонро ба шумо месупоранд.

- Не, ақалан баҳои қаноатбахш ё хуб гӯед,- гуфт муаллими иқтисод.

- Мо дар маҷмӯъ нигоҳ мекунем, дар маҷмӯъ ин кас аълохон ҳастанд. Агар аълохон набошанд ҳам ман ба ҷои шумо мебудам, баҳои аъло мегузоштам,  чун ин кас эҷодкоранд,  яъне шоир.

Муаллими иқтисоди сиёсӣ, ки маро чашми дидан надошт, маҷбур шуд баҳои аъло гузорад.

Хулласи калом директор дар мактаб аз фигураҳои асосист.

Боз як мисол аз рӯзгори худам. Дар мактаби миёнае, ки ман шогирдаш будам,  ба  мо аз биология муаллими ҷавон Камолиддин Маҳмудов дарс медод. Ӯ он қадар боистеъдод буд, ки ҳар як дарсаш ид барин мегузашт. Ҳар як ҳарфашро бо мисолҳои хотирмони хаётӣ мустаҳкам мекард.

Дар мактаб саригӯшӣ мегуфтагӣ шуданд: - Ана муаллими ҳақиқӣ чӣ хел мешудааст!

Сипас дар байни омӯзгорони собиқадор деги бухлу ҳасад ҷӯшид. Дар як маҷлис ҳама ба ӯ ҳуҷум карданд. Гуфтанд, ки «чанги ҷевонҳои кабинети биология»-ро пок намекунад, дар даҳони скелети одам нимсӯхтаи сигор як моҳ боз истодааст ва ҳама гапҳои ҷузъӣ. Директор бошад, худаш ки суст буд, муаллими боистеъдодро ҳимоя карда натавонист. Ақалан нагуфт, ки биёед, дониши шогирдонашро бисанҷем, охир аз ҳама муҳим ҳамин аст. Муаллим ба ин гуна муносибат тоқат накарда мактабро тарк намуд.

Боз як муаллими эҷодкор буд, ки Анастасия Иванова ном дошт. Ӯ ба мо навиштани иншои озодро омӯзонд. Акси манзараҳои рассоми бузург Репин кашидаро бо худ меовард ва мегуфт: - Акнун дар ин расм шумо чӣ мебинед, бо сухан тасвир кунед.

Ман аввалин сабақи нависандагиро аз чунин иншонависӣ гирифтаам.

Агар дар мактаб чунин муаллим намебуд, ман низ эҷодкор намешудам.

Маълум, ки дар мактабҳои тоҷикӣ чунин муаллимон тухми анқоянд. Чӣ бояд кард, ки теъдоди онҳо зиёд шаванд.

Пеш аз ҳама низоми имтиҳони қабули факултаҳои муаллимтайёркуниро тағйир бояд дод.

Тестҳои имтиҳони қабулро чунин бояд сохт, ки ҷавонони донишҳоро қориёдкардаи беистеъод дохил шуда натавонанд. Ба ғайри имтиҳони дониш, имтиҳони дигар – имтиҳони таъйини сифати шахсият низ лозим аст, то ки даъвогар ба касби муаллимӣ ақалан бачаҳоро дӯст медорад ё не муайян шавад.

Комментариев нет: