среда, 19 ноября 2014 г.

Виждонро дар куҷо месозанд?



Дар як филми гурҷи рассоме ба суоли чаро Академияи бадеиро партофта ба деҳот омадед, мегӯяд, ки:

Агар як нафар духтур беистеъдод бошад, сад ё дусад беморро мекушад дар тӯли умр. Агар як нафар муаллим беистеъдод бошад, чанд ҳазор нафар камсавод хоҳанд шуд, яъне суратан зинда бошанд ҳам дар асл мурдаақл хоҳанд шуд.

Аммо эҷодкор беистеъдод бошад, миллатро мекушад.

Маълум, ки мактаби гурҷӣ ин рассомро дуруст тарбия кардааст, яъне бовиждон тарбия кардааст. Ин рассом беистеъдод бошад ҳам манфиати халқу миллатро болотар аз манфиати шахсии худ гузошта ҷои худро дар Академия ихтиёрӣ холи мекунад, то ки шахси боистеъдодтаре ба ҷояш биёяд.

Ҳар боре ки ин лаҳзаи филми гурҷӣ ба ёдам меояд, фикр мекунам, ки чаро духтуре, ки дар ҷомеа масъулияташ камтар аз муаллим будааст, савганд дораду муаллим не? Ва матни ин савганд чӣ гуна бояд бошад?

Агар савганд хӯрда бошаду виждон надошта бошад, пас чӣ?

Дар баъзе кишварҳои пешрафта муаллим ҳақ надорад ба шогирдон «ту» бигӯяд, чун шахсияташ осеб мебинад. Ҳатто баҳогузориро манъ кардаанд, чун шахсияти шогирди баҳои паст гирифта дар назди ҳамсинфон осеб мебинад. Натиҷаи чунин муносибати хирадмандона аст, ки мардуми кишварҳои скандинавӣ бо вуҷуди даромади камтар аз мардуми кишварҳои Ғарб доштан худро хушбахтарин меҳисобанд. Онҳо аз шогирдони мактабҳо эҷодкор месозанд, аз чор нафар се нафари мардуми Исландия эҷодкоранд, яъне ё хунёгар, ё рассом ё адиб ва ғайра.

Аммо бубинед, ки низоми мактабдории кӯҳна «Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб» то  ҳанӯз зинда аст дар мактабҳои тоҷикӣ.

Агар рассоми гурҷӣ баъди фаҳмидани беистеъдодии худ (истеъдод худодод аст), ба зодгоҳаш баргашта бо навиштани шиорҳову плакатҳо рӯз гузаронад, дар як асари Достоевский немиси ҷавон фарҳанги русиро қабул карда, баъди дарки оянда надоштани миллати Русия зиндагиро бо худкушӣ тарк мекунад.

Акнун худатон қазоват кунед, ки дарди миллат дар кадоме аз онҳо зиёдтар аст?

Оё мо дар адабиёти тоҷик чунин қаҳрамонҳо дорем?

Оё адабиёти мо ягон қаҳрамони назаррас дорад, ки он муаллим бошад? То ки мо дар мисоли ҳамин гуна қаҳрамони мусбат тавонем муаллимони ояндаро тарбия кунем.

Дар масъалаи тарбия набояд адабиётро ба милливу бегона ҷудо кард. Мактаб фабрикаи виждонсозист. Ва дар чунин фабрика асарҳои Достоевский беҳтарин дастгоҳҳои виждонсозианд.

Виҷдонро дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои натиҷаи муҳокимаи ақлӣ, ҳисси масъулияти рафтор, шуур шаҳр додаанд. Дар шакли «виҷдон» навиштаанд ва маънои якумаш дарёфтан ва донистан будааст.

Аммо маъное, ки имрӯз бештар кор мебарем, ҳисси масъулияти комил нисбати мардуми атроф ва умуман ҷомеа ва миллат аст. Ба ин сабаб ман онро бо «ж»-и форсии тоҷикӣ навиштам.

Чаро вожаи комилро ҳамроҳ кардам? Ба он сабаб ки ҳисси масъулияти нокомил низ вуҷуд дорад, чун хонаводаеро медонам, ки фарзандаш ду дона нон меорад ба хона, на каму на зиёд ва чунин меҳисобад, ки қарзи виждонро адо кард. Илова бар ин як муаллимаро медонам, ки ду фарзанд дорад, шавҳраш такси меронад ва рӯзе аз ду дона нон зиёдтар чизе ба хона намеорад ва ин шавҳар низ чунин меҳисобад, ки қарзи виждонии худро назди оила адо карда истодааст.

Комментариев нет: