воскресенье, 9 августа 2015 г.

Кадом ҳақиқатро бояд гуфт?



Ин суол ба як хонандаи блоги камина тааллуқ дорад.

Посух додам: Ҳама гуна ҳақиқатро.

Вақте ки дар расонаҳо ҷои ҳақиқатро суханҳои дар зимн дурӯғу аммо зоҳиран ҳақиқатнамо мегирад, вайронӣ дар ҷомеа густариш меёбад.

Масалан бисёр солҳо дар Тоҷикистон ба ҷои яккахонӣ гуруҳ шуда хондани Шашмақом расм шудааст. Ин гуруҳ аз сарояндаҳои ҳунарашон воло иборат набуд. Дар Шашмақом се унсур пурра набошад Шашмақом нест: сурудхонии устодона яъне яккахонӣ, навозандагии устодона ва шеъри устодона.


Бо вуҷуди ин ки унсури якум – яккахонии устодона вуҷуд надошт, яъне баъди аз ҷумҳурӣ берун рафтани Нериё Аминов, Барно Исҳоқова, Ҷӯрабек Набиев ва фавти Олим Бобоев, он ҷизе ки дар иҷрои мақомхонон иҷро шудан гирифт, Шашмақом гуфтанду Шашмақом навиштанд. Ҳамин тавр бо вуҷуди эътирозҳои мусиқишиноси номӣ Аслиддин Низомов фикри ғалат дар Тоҷикистон ҳукмрон шуд, ки Шашмақом ҳамин аст, ки гурӯҳ шуда мехонанд ва ягон нафари ин гурӯҳ авҷи онро гирифта наметавонад.

Масалан дар фолклор – мусиқӣ метавонад ноустодона бошад, ё шеър ноустодона бошад, аммо дар Шашмақом ҳаргиз ин тавр буда наметавонад.

Масъалаи дигаре, ки дар мусоҳиба бо А.Қаюмзод зикр шуд ин буд, ки мактаб бояд тибқи талаби замони муосир одамони барои ҷамъият зарурро тарбия кунад. Онҳоеро бояд тарбия кунад, ки бо дониши хуби аз ин мактабҳо гирифтаашон аз  мардикорӣ дар кишварҳои бегона ҳазар кунанд ва таҳсилро давом дода мутахассисони олии замонавӣ шаванд.

Ҳоло бошад ин мактабҳо ба ин талабот ҷавоб дода наметавонанд. Яъне зарурат пеш омадааст, ки дар ҳама зинаҳои маориф аз кӯдакистонҳо сар карда то мактаби олӣ ислоҳот гузаронида шавад. Ин ислоҳот бояд тамоми низоми маорифро дар бар гирад, аз барномаи таълим гирифта то китобҳои дарсӣ ва ғайра. Масалан китобҳои дарсии адабиёт, ки талаба ба ҷои тарҷумаи ҳоли нависанда асари ӯро омӯзад. Даҳ ғазал аз Ҳофиз дар ёд донистан беҳтар аз он аст, ки ба омӯзиши тарҷумаи ҳолашро вақт сарф кунед. Ду-се классикро пурра омӯхтан беҳтар аз он аст, ки 50-60 нафарро омӯзию ҳатто номи асарҳояшон дар ёдат намонад!

1 комментарий:

Ардашери Аюбзода. комментирует...

Дуруд ба Шумо Устод!
Он кадар ки чон канда, бахри бехбуди ин миллати Миллатнашуда менависед, рости, ба захмататон рахмам меояд. Солхое, ки дар Душанбе кору фаъолият доштед, айёми худшиносии Точик буд, бо гузашти ин 20=22 сол баръакс, айёми рукуди Точик аст. Чунин менамояд, ки мо хануз дар огози дахаи аввали асри 20, дар солхои пурошуби Аморат, чахду чадали чадидони Бухоро дар азми ислохоти мактабу маориф бошем. Дигар чи гуям, ки ногуфтан бех...