суббота, 12 марта 2022 г.

Бузҳо ва гӯсфандон

 (Ҳикоя)

 Як замон будааст пеш аз мавҷудияти инсон. Замони хеле қадим. Он қадар қадим, ки онро ҳатто на Бобо Юнус дар ёд дораду на Даққиёнус. Вале бузу гӯсфандон, ки он замон будаанд, шоҳиди ин воқеа гардидаанд. Гӯсфандон нармҳӯю ҳалим, ҷонварони беозор будаанд, ҳай мулоим будаанд мисли дунбаҳои худ!

 Дар он  замон буз ҳамон хел феълу хӯи шӯх доштааст, ки ҳоло дорад, гӯсфанд низ мисли ҳозира думраваки така будааст, аз паси ӯ бо гӯшҳои oвезону сари хам рафта алафхӯрӣ мекардааст.

 Буз худро аз гӯсфанд як сapy rардан боло мешуморидааст, сарашро бо виқор боло бардошта пеш мерафтаасту рамаи гӯсфандонро аз як ҷои камалаф ба марғзори серғизо раҳнамоӣ мекардааст. Алҳақ пешво бояд чунин бошад! Барои ин хизматаш дар хаққи омма гӯсфандон аз баъзе нуқсҳою беодобиҳои пешвои худ чашм мепӯшидаанд, яъне “думи боло”-и бузро бинанд ҳам, худро нодида вонамуд мекарданд.

 Инчунин боре ҳам аз бӯи бади така шикоят накардаанд. Ҳар замон “мо, бузҳо, бо гӯсфандон хеш бошем ҳам, хоки бузро худованд аз хоктеппаи баланд гирифтааст” гӯяд ҳам намеранҷиданд. Аҷаб фуқарои нармхӯ, сипосгузор ва намакшинос будаанд гӯсфандон. Ба сабаби он, ки Така пешвои онҳост, гӯсфандон ба ҷамьияти (рамаи худ) бузҳои дигарро роҳ додаанд. Охир ба Такаподшоҳ — ун ҷаноби олӣ зану бача, хешу табор, ёру чӯра, маъшуқаву хидматгорҳо аз ҳамтабақаи худашон лозим, вагарна чаро дар байни қавми сустҳаракат (“ин гӯсфандони камақл”) зиқ шуда гарданд?

 Вале хешу табор ва ёру ҷӯраи эшон низ бе хешу табор ва ёру ҷӯраи худ дар байни қавми дигар зиқ мешаванду онҳоро “подшоҳ аз худамон, зуд ой , дар сояи давлати ҳазрати ҳумоюнӣ кайфу сафо мекунем” гӯён даъват мекунанд. Кор ба ин тариқ дер давом кардааст ва шумораи бузҳо чунон бисёр шудааст, ки гӯсфандони хоксор, сархам, вазнин, камақл бо ҳамун ақли камакак ба хулоса омадаанд, ки низоми зиндагӣ вайрон шуд. Ба хонандаи азиз маълум, ки низоми зиндагӣ ҳар хел вайрон мешавад. Вале як хели он ба шикам таъсири манфӣ дорад. Ана ҳаминаш хеле хатарнок аст.

 Яъне гӯсфандон дидаанд, ки бузҳо пешопеши рамаи гӯсфандон тохта, ба ширинтарин ва хушбӯтарин деликатесҳо даҳон мезананд, алафи ғизоиро зери сумҳои чиркин маҷақ мекунанд. Аз ин рӯ ба гӯсфандон ғизои фач ва сарқути помолшуда мерасаду бас.

 Алам кардааст ба гӯсфанди бечора, сахт алам кардааст. “Ҷудо мешавем!”- гуфтаанд гӯсфандон. - Бузҳо шох доранд, бо шохҳои тез бачаҳои моро мезананд, пеш аз ҳама ба шахҳои баланд давида баромада, гули гиёҳро мехӯранд ва ба мо танҳо шӯраву кавари талх монд. Вале танҳо гап мезадаанду касе дар фикри амал набуд. Танҳо баъзе гӯсфандони пире, ки Такаро ба сари рама пешво таин карда буданд, розӣ набуданд. Онҳо мегуфтанд, ки : 1. Arap ҷyдo  шавем, аз ҷиҳати иқтисодӣ зиён мебинем, зеро бузҳо ба баландӣ баромада ҷойҳои сералафро аз дур мебинанд ва моро ба он ҷо раҳнамоӣ мекунанд. 2. Бузҳо шох доранд ва дар вақти ҳуҷуми душман (атроф пури душман аст, масалан - гургҳо) метавонанд моро бо шохи худ муҳофизат кунанд.

 Вале як қӯчқори камақл, ки дар атрофаш қӯчқорчаҳои наврасро ғун карда, ба онҳо думи болои бузҳоро нишон дода, қавму хешу таборону зану ҳатто худи ҷаноби олӣ - Такаподшoро масхара мекардааст, “ба муйсафедҳо гӯш накунед, зиндагӣ онҳоро дар пушту моро дар пеш“ гуфтааст. Ана ҳамон қўчқори пешонисафеди сияҳмӯ, почасафеди шохчанбар гӯсфандҳои зоти ҳисорӣ барин бузургҷуссаву паҳлавонсурат будааст.

 Ва ӯ ҳамин хел гумон мекардааст, ки дигар гӯсфандҳо ҳам худаш барин қуввати зӯр доранд. Аз ин сабаб даъват кардааст, ки бузҳоро аз рама зада пеш кунанд.

 Ин хабар ба гӯши Такаподшоҳ расидааст. Такаподшоҳ шохи чанд нафар такаи ҷавонро тез карда ба онҳо шохҷангро омӯзондааст ва онҳо дар ин кор моҳир шудаанд.

 Қӯчқори шохчанбар бошад, ба муқобили бузҳо ҷиҳод эълон кардааст. “Бузҳо шайтонанд, - гуфтааст Қӯчқор, - мо - фариштаем , бегуноҳем , то ба кай аз паси шайтон меравему сарқуту пасмондаи вайро мехӯрем?”

 - Зинда бод инкилоб! - дод задаанд қӯчқоракҳои хунгарм. - Ту моро раҳнамоӣ кун. Оғили боло - манзили бузҳоро мегирем! Мо бо ҳамин шохҳои навбаромади худ девори онро зада чаппа мекунем. Он хоктеппаи баландеро, ки “хоки онҳоро аз он гирифтаанд” ба замин ҳамвор мекунем!

 - Ба пеш! - гуфтааст Қӯчқори паҳлавон. - Ба пеш, рафиқон, то вақте ки кишвар гӯсфандобод нашавад, бознамеистем!

 Ҳамин тавр онҳо рама шуда давиданд ба теппаи чунин баланд. Вале ба чунин баландӣ танҳо буз метавонад осон барояд. Гӯсфандакҳо то баромадан шалпару арақрез гардиданд. Вақте, ки ба майдони назди қасри ҳоким - оғили боло баромаданд, бузҳои шохтез ба истикболашон тохтанд. Ва гӯсфандакҳои камақли наврасро чунон шохкӯб карданд, ки дарёи хун шуд равон. Қисме гурехт, қисме кушта, қисме захмдор гардид. 

 Аз ин пас гӯсфандҳои камақл бо ҳамон ақли камаки худ фаҳмиданд, ки бо бузҳои шохтез ҷангидан ниҳояти беақлӣ аст ва то имрӯз аз паси така мегарданду эътирозе ба ӯ намекунанд.

 

Бозгирифта аз маҷаллаи “Садои Шарқ”, №4, 1991

Комментариев нет: