четверг, 17 марта 2022 г.

Тарихнависӣ дар назми тоҷикӣ чӣ тавр гум шуд?

Бо пушти по задани хату алифбои форсӣ дар назми тоҷик баъзе жанрҳои он ба мисли таърихнависӣ ва муаммо аз байн рафтанд, гӯем, хато будагист, балки қатл шуданд!

 

Набераи Ориф Гулхании Самарқандӣ Муқимҷон Орифӣ дар шарҳи мақолаи интернетии камина “Қорӣ Масеҳои Тамҳид - классики охирин” аз ҷумла навиштааст:

 

“Бахшида ба фавти бобоям Масеҳои Тамҳид ду марсия иншо намудаанд. Яке аз онҳо ин аст, ки дар бойгонии Хона-музейи Гулханӣ маҳфуз медорам:

 

Мулло Ориф то аз ин дори азоб,

Ҷо дар ин роҳатсоро бигзида хуфт,

Меваҳои раҳмати Ҳақро кунун,

Ӯ зи кахлистони ҷаннат чида муфт.

Шод бо ҳурони фирдавси барин,

Аз саодат ҷовидон гардида гуфт.

Хомаи Тамҳид бо садҳо дареғ,

Дурри таърихаш басе санҷида суфт.

Ҷун гузашт аз рӯи дунёи данӣ,

Ҳайф Мулло Гулханӣ фавтида гуфт.”

 

Сипоси беадад ба Муқимҷон Орифӣ, ки ин жанри гумшударо ба ёд оварданд. Дар муҳити адабии Самарқанди асри 19 ва аввали асри 20 тарихнависӣ, ки ба ҳисоби абҷад асос ёфтааст, ривоҷ доштааст.

 

Донишмади мумтоз Т.Зеҳнӣ дар китоби худ “Санъати сухан”, ки борҳо дар Душанбе нашр шудааст, ин тавр навиштааст:

 

... аз шоирони муттаахир Ҳайрат, Садри Зиё, Васлӣ ва Сипандӣ дар таърих (яъне моддаи таърихро бо ҳисоби абҷад эҷод кардан) истеъдоди баланд доштанд. Дар Самарқанд ягон масҷид, меҳмонхонаи навине нест, ки Васлӣ ё Сипандӣ қитъаи таърих нагуфта бошанд. Ба ҳамин тариқа таърихи валодат ва вафоти одамони машҳури ин давра бо қитъаи таърихии ин шоирон сарфароз нашуда намондааст”.

 

Акнун як намунаи таърих аз китоби “Сипандии Самарқандӣ”, ки донишманди машҳури кайҳонавардӣ Шавкат Воҳидов нашр карда буданд: (саҳ. 86)

 

Торихи масҷиди гузари Қозӣ Абдуллоҳ Расул, ки Қосимпоччобойҷон иморат намуд

 

Кариме зи арбоби ҷуди кардам,

Ба таъмири ин буқъа чун зад қадам.

Чунон масҷиде кард олиасос,

Ки нодида дар қарнҳо чашми нос.

Ба зоҳир бувад курсиаш бар замин,

Ба ботин ба арши муалло қарин.

Зи айвони олиасосаш қалам,

Сухан мухтасар карду зад ин рақам.

Зи кайвони афлок бошад фузун,

Ки он бесутун аст, ин босутун.

Кунад фавқи девораш аз бартарӣ,

Ба арши барин даъвии ҳамсарӣ.

Шуд ин масҷиди олӣ байни Аҷам,

Миёни Араб чун бинои ҳарам.

Кам аз Каъба масҷид набошад, чи шак,

Ки байт-ул-алоҳӣ ҳар дуро муштарак.

Ба он сол як бор роҳи вусул,

Ба ин рӯз панҷ аст фарзи духул.

Ба ҳангоми итмоми ин буқъа дӯш,

Ба гӯшам зи ҳотиф расид ин хурӯш.

Ки аз баҳри эъломи арбоби ҳол,

Ба авқоти хамса муаззин мисол.

Дар ин масҷид аз баҳри торихи ӯ,

Сипандӣ азони иқомат бигӯ.

 

Ба ҳисоби абҷад мисраи охирин 1294-и шамсии ҳиҷрӣ хоҳад шуд.

 

Комментариев нет: