среда, 13 апреля 2022 г.

Саёҳат ба кадамҷои Рӯдакӣ

Дӯстамон Эркин Мавлонов деҳаи Панҷшанбесиёбро, ки хушманзар будааст, хеле ситоиш кард ва илова намуд, ки ин деҳаи қадимӣ буда, чанори ҳазорсола, масҷиди кӯҳна ва як қабри шахси номаълум дар саҳни масҷид дорад, ки мардум Чилдухтарон мегӯянд. Ҳар мазоре, ки беном бошад, чилдухтарон мегӯянд мардум ва ривояте ба он ном мебофанд.

- Ин қабр дар зери чанори ҳазорсола аст. Ин ҷо қадамҷои Рӯдакӣ,- гуфт ӯ.

Номи масҷиди кӯҳна Моҳи тобон аст ва қабристон низ. Мо бо сокини саду як солаи деҳа вохӯрда чизе оид ба таърихи деҳа фаҳмида натавонистем, ки худи ӯ аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ  ба он ҷо соли 1934 кӯчида омада будааст. Дар он атроф мардуми болооби Зарафшон, ки аз қадимзамон зиндагӣ мекунанд зиёданд ва забони бисёриҳо ӯзбекӣ шудааст. Аммо деҳаи Зарафшони ҳамсоя ба Панҷшанбесиёб истисност, он ҷо панҷакентиён сарҷамъанд.

Дар ин ноҳия, ки Тайлоқ (номи суғдиаш Тарлаг будааст ва ӯзбекҳо ин тавр талаффуз кардаанд) ном дорад, дар Бахшитеппа ва дигар рустоҳо ҳазорҳо хонаводаҳои панҷакентиву фалғарӣ ҳастанд ва баъзе дар замонҳои хеле қадим омадаанд. Ва аҷиб он ки мактабҳои ҳамин ноҳияи ба Панҷакенти ҳамсоя пеш аз ҳама ӯзбекӣ шудаанд. Мардуми ин ноҳия хусусан калонсолон агар тоҷики шаҳриро бинанд ба тоҷикӣ гап мезананд, вале байни худ ӯзбекӣ.

Масҷиди кӯҳнаи деҳа ҳавзи калони қадимӣ дорад, пури моҳӣ. Ба ривояти мардуми деҳа чил духтар бараҳна оббозӣ мекунанд ва марде меояду аз шарм ба об ғӯта зада моҳӣ мешаванд.

 Ба ин сабаб моҳиҳоро мардум шикор намекунанд.

Имом-хатиб ва дигар муйсафедон таъкид карданд, ки дар замонҳои пеш роҳи Самарқанд-Панчакент аз байни ҳамин деҳа мегузаштааст ва Рӯдакӣ дар зери ҳамин чинори ҳазорсола дам гирифтааст. Азбаски Самъонӣ қабри Рӯдакиро дар ду фарсах аз шаҳри Самарқанд гуфтааст, даъвои баъзе касон, ки ҳамин қабри кӯҳнаи зери чинори ҳазорсоларо гӯри Рӯдакӣ мегӯянд, ба далелҳои ҷиддӣ ниёз дорад.

Ба ҳар ҳол қабри аслӣ набошад ҳам, аз Панҷруд дар замонҳои қадим хоке оварда қабри рамзӣ сохта бошанд аҷаб нест, чун мазорҳои зиёде ҳастанд чунин.

Ман гуфтам, қабрро кушода устухонҳоро бояд дид. Профессор Ҷумъа Ҳамроҳ, ки бо мо буд, гуфт, ки ҳазору сад сол аз устухон низ чизе боқӣ монданаш дар гумон аст. Ман дар як мақолаи сӣ сол пеш навиштаам мисолҳое оварда будам, ки мардуми ноҳияҳои дурдаст дар ноҳияҳои Самарқанд деҳаҳои ҳамном бо деҳаи худ сохтаанд. Баъзе бар ин ақидаанд, ки ҳамин деҳаи Панҷшанбесиёб дар замони қадим Панҷруд ном доштааст.

Ҳамин тавр аз ин саёҳат бо рӯҳӣ болида баргаштем, ки сипос ба роҳбари ҷанговарони байнал милали Самарқанд Эркин Мавлонов. Ман дар роҳ гуфтам, ки Самъонӣ дар чени масофа хато карданаш мумкин, чун Панҷшанбесиёб зиёдтар аз ду фарсах аз шаҳри Самарқанд аст. Азбаски Самъонӣ бори аввал омада буд ва аз мардуми таҳҷоӣ набуд, дар тасвири масофа як фарсанг хато карданаш табиист.

Дар роҳ фикр кардам: вақте ки дар Самарқанд ҳайкалҳои Рӯдакиро ду бор канданду акнун бори саввум монданианд, ба кӣ лозим ин масъала?

Ва умуман вақте ки ба забони Рӯдакӣ дар модарватанаш Бухорову Самарқанд мақоми давлатӣ намедиҳанд, ҳайкалгузориҳо магар рӯпӯш кардани ин иллат нест?

Театри тоҷикӣ нест, дар телевизиони Ӯзбекистон барномаи тоҷикӣ дар 15 рӯз ҳамагӣ 40 дақиқа!

Пеш аз ҳайкали Рӯдакиро мондан ақалан як канали тоҷикии телевизионӣ мекушоданд, мо ба самимияти Тошканд бовар мекардем!

  









Комментариев нет: