суббота, 8 января 2022 г.

Муште ба даҳони нотавонбинҳо

Сипоси беадад ба шоир Азиз Сангин, ки аксар вақт ба мақолаҳои интернетии камина аз Копенгаген комментарияҳо менависанду дастгирӣ мекунанд. Як шеъри ба камина бахшидаашонро алъон нашр мекунам, ба он хотир, ки муштест дандоншикан ба даҳони нотавонбинон ва душманони камина ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар Ӯзбекистон.

----

 МАДРАСА

(Барои устод Адаш Истад)

 

Аз ҷумла мадориси Самарқанди куҳан

Як мадраса мерос расид бар туву ман.

Истад Адаш асту мактабу осораш,

Кам нест зи Шердору Тиллокораш...

Дар мадрасаи Адаш ба оташ бирасӣ,

Афрӯхта гардӣ, бипазонӣ, бипазӣ!

Шогирдии ин мадраса беҳ аз шоҳӣ,

Дарсаш ҳама озодагию огоҳӣ!

З-ин мадраса мерасад маро файзи сухан,

В-он ҳарчи, ки рафта бо Самарқанди куҳан...

 

Азиз Сангин

 


Комментариев нет: