среда, 7 января 2026 г.

 Бухороям,туӣ дар уқёнуси дониш мисли киштӣ

Ва қасри пур аз ормони биҳиштӣ

 Китоби маърифат бо зар навиштӣ.


Бухорои аҳуроӣ,

 Туӣ сарчашмаи покӣ бар мардуми саҳроӣ 

Ҳавзи калони ту 

Будаст ҳавзаи дониш

Ва ё чун равзаи дониш 




Забони форсиро аввал Бухоро зод

Ба лаҳни булбулон дар  покизаи бомдод

Ки мардум модарӣ гӯянд 

Ва дигар боз дарӣ гӯянд 

Ва гӯё дар Бухоро  бори аввал чанд парӣ

Дарси сухан додаанд бо лафзи дарӣ .


Бухорои адабпарвар !

Бароят Рӯдакӣ хонда 

Абёти ширинро

Достони рӯзгори деринро

Мадрасаҳот пур буд аз шогирдон 

Аз Эрон ҳам зи Туркистон 

Намедонам ки имрӯзҳо ту бедорӣ  ва ё хобӣ

Валекин  нағз медонам 

Ба ёдат ҳаст зафарҳои

Маҳмуди Торобӣ

Чӣ тавр дар зери поҳои муғул замин дуд кард

Дар таърих нахустин бор 

Лашкари хунхори муғулҳоро

 Бухороӣ нобуд кард .




Бухорои тамаддунсоз,

Бузургонат чаро имрӯз беовоз?

Ва ё хобанд дар ғоре

Ба каф тиллои Сомонӣ?

Намедонанд саги асҳоби каҳф кайҳо мурда

Ва хокаш бодҳо бурда 

Ва кайҳо қатъ гардида

Давлати хонӣ.


Итминон дорам!

Дар Бухоро ҳар шабе сухан аз киштии Нӯҳ аст 

Сухан аз покии рӯҳ аст.

Рӯҳи мардуми озод 

Абармардони фарҳангзод.

Аммо фасли зимистон аст 

Ва ҳар ҷо зери по оинабандон аст 

Ва бас ноҷавонмардона лағжон аст.

Шабҳо тӯлонист ва маъмур аст 

Саҳар дур аст 

Ва бадри Моҳ ҳаворо ширранг карда меояд 

Ба торикӣ фазоро бас танг карда меояд.

Комментариев нет: