Озодӣ, ирода, ихтиёр аз қадим мафҳумҳои асосии зиндагии инсони худшинос будаанд.
Рӯдакӣ гуфтааст:
Бо дода қаноъат куну бо дод бизӣ
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Фирдавсӣ:
Зи шоҳон касе чун Сиёвуш набуд
Чун ӯ роду озоду хомӯш набуд.
Урфӣ:
Дину дил офати озодагӣ омад
На аз ин аст ки бемазҳабу бедил бошем?
Маънои якуми озодагӣ озодӣ, маънои дуюмаш асилзодагон, наҷибӣ,шарифӣ,хушхӯӣ ва маънои саввумаш тозагӣ аст.
Одами беирода касеро мегӯянд ки бо фикри ҳамсари худ ё каси дигар амал мекунад. Дар кишварҳои диктатурӣ иродаи ҳама тобеи як нафар аст.
Дар забони русӣ иродаро воля мегӯянд, яъне озодӣ. Ирода вожаи арабӣ аст,ба забони тоҷикӣ баргузидан мегӯянд Аммо ихтиёр дар асри Рӯдакӣ ба маънои озодӣ қабул шудааст. .Мақоли "Ихтиёр ба дасти бахтиёр" ба он маъно аст, ки инсон бе озодӣ хушбахт буда наметавонад.
Дар замони Имом Мотурудӣ баҳсҳои шадид авҷ мегирад киб ҳама ҳодиса дар ихтиёри худост ё бандааш. Имоми мазкур, ки аз донишмандони ислом маҳсуб мешавад, ба мӯъминон аз ҷониби Аллоҳ дода шудани ҷузъи ихтиёрро қонунӣ кардааст. Яъне худованд ба бандааш озодиро додааст ва агар гуноҳ мекунад, ҷавобгар аст.
Халқи тоҷик табиатан озодипараст аст ва зидди аҷнабиёни тороҷгар доим дар мубориза будааст. Исёнҳои Спитамен, Абӯмуслим, Маҳмуди Торобӣ, Муқаннаъ, Сарбадорон, Восеъ далелҳои қотеъ ба фикри болоянд.
Яъне як рукни асосии ҳуввияти миллии тоҷикон озодипарастӣ аст.
Озодии ҳар як кишвар аз озодии баён оғоз мешавад.
Андешаи нек, гуфтори нек, кирдори нек яъне озодфикрӣ, озодии баён ва амали озод аст.
Фанновариҳо имкони васеътар барои озодии инсон фароҳам меоранд.
Ривоҷи технологияи ҳуши маснуӣ озодии инсонро ба дараҷаи бесобиқа меафзояд.
Вазифаи аз ҳама муҳимтарин барои ҷавонони қобилиятноки Тоҷикистон имрӯзҳо зудтар аз худ кардани ин фанноварист.
Ҳуши маснуӣ нисбат ба як академик сад карат ё ҳазор маротиба зиёд фикр мекунад ва роҳи ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣро нишон диҳад. Масалан метавонад ҳамин проблемаҳои мардикориро ҳал кунад.Ҳуши маснуӣ коммунизм месозад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий