среда, 7 января 2026 г.

ЧӢ ТАВР МИЛЛАТИ БУЗУРГРО ХУРД КАРДАНД?

То замони шӯравӣ мо тоҷикон миллати бузурги форсизабон будем. Болшевик омад ва ба мо гуфт: Ин забони ту нест. Забони ту тоҷикист. Форсӣ забони Эрон аст. Забони ту нест. Бовар кардем, хӯҷаин вай буд. Баъди он гуфт ки ин хати форсӣ арабӣ аст, ин хати ту нест.Хатро иваз кун. Бовар кардем, хӯҷаин вай буд. Баъди он болшевик боз гуфт ки ту ҳеҷ гоҳ шаҳр насохтаӣ,  Хуҷанд ва Конибодом низ азони ту нест.Бовар кардем, хӯҷаин вай буд.

Болшевик пойтахти онвақтаи тоҷик Бухорои Шарифро бомбаборон кард ва нисфи шаҳру аҳолӣ нобуд шуд. Болшевик гуфт, ки ин аҳолии Бухоро инқилоб кард. Бовар кардем, хӯҷаин вай буд. Баъди он Қӯқандро қатли ом кард. Болшевик гуфт, ки ин дурӯғ аст.Бовар кардем, хӯҷаин вай буд

.

Сонӣ гуфт, ки якта қишлоқ ба ту пойтахти Тоҷикистон аст.Бовар кардем хӯҷаин вай буд.

Баъд гуфт ки ту фақат пахта мекорӣ, пахта мечинӣ, ба гӯшат пахта мемонӣ ва ба гапи онҳо ки аз хориҷ болшевикро танқид мекунанд, намедароӣ. Бовар кардем хӯҷаин вай буд.

Баъд ҳамаи онҳо ки гапи рост гуфта метавонистанд ва республика сохтанд, ҳабсу бадарға карда кушт. Болшевик гуфт ки инҳо душмани халқ буданд. Бовар кардем хӯҷаин вай буд.

Баъд гуфт ки тоҷик ҳеҷ гоҳ давлатдорӣ накардааст, роҳбари республика шуда наметавонад.Солҳои зиёд ба роҳбарии республика аз Маскав одамони худро таъин мекард. Бовар кардем хӯҷаин вай буд.

СССР пош хӯрд. Тоҷикистон чорум даҳсола мустақил аст.

Боз чашм ба Кремлин дорем. Боз чӣ мегӯянд ки бовар кунем.

Комментариев нет: