среда, 7 января 2026 г.

Хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоат бош

Аз хат нарав берун 

Марра ба деги ош.

Оре чунин гӯянд 

ва роҳ чунин пӯянд

Аммо ману ҳамроҳон

Чанд каси ҷонкоҳон

Соҳибнигаҳи дигар 

Рафтем раҳи дигар.

Бар он шаби ғафлатзо

Рӯъёҳои кулфатзо

Маҳтоб биёремаш

Офтоб биёремаш.

То мардуми хобида

Озодинодида

Бедор шавад кам-кам 

Ҳар як раҳад  аз ғам.

Зоғон кунанд қар-қар:

-Омад чанд исёнгар!

Ва чанд каси бадгавҳар

Ҳангос зананд чун хар.

Комментариев нет: