Ҳикояи "Баъди ҳазор сол" дар замони шӯравӣ аввал дар рӯзнома ва баъд дар маҷмӯаи ҳикояҳои камина "Баъди ҳазор сол" чоп шудааст.Сабаби навистани ин ҳикоя воқеаи дар як колхози Тоҷикистон рухдода буд
Аз чанд ноҳияи пунбакори Тоҷикистон ба роҳбарони давлати шӯравӣ мактубҳои шикоятӣ расидаанд ки зиндагӣ дар ноҳияҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ба дараҷаи паст аст ба сабаби он ки Маскав ба ҳосили пунба нархи паст мондааст.
Воқеан зиндагӣ дар ноҳияҳои кишоварзии Тоҷикистон бениҳоят сахт буд.Мардум ҳар рӯз дар гармои тоқатфарсо 12 соат кор мекарданд вале музди корашон нисбат ба музди меҳнати коргарони Русия даҳ маротиб камтар буд. Вазъ дар як колхози ҷанубӣ ба он дараҷа бад шуда буд ки мардум аз камғизоӣ наввад дар сад дучори бемории сироятии сил гардидаанд.
Барои санҷиши мактубҳои шикоятӣ Маскав як нафар корманди Кумитаи марказии ҳизби коммунисти шӯравиро ба як колхози Тоҷикистон мефиристад. Албатта қаблан огоҳ мекунанд ки комиссия меравад барои дидани хонаҳои колхозчиён ва сатҳи зиндагии онҳо.
Сипас барои қабули комиссияи тафтишотии Маскав ҷиҳози хонаи як пунбакорро бо фармони раиси колхоз тамоман нав мекунанд. Ҳатто дар ҳар ҷо дастаи пулро мегузоранд..
Тафтишгарро он қадар бо шаробу кабоб зиёфат кардаанд ки ӯ ба роҳбарони шӯравӣ чунин хулоса навистааст ки шикоятҳо ҳақиқат надоранд, агар мо нархи хариди пунбаро баланд кунем, тоҷик аз пурхӯрӣ кафида мемурад.
Дар замони шӯравӣ ҳамин воқеаро нависта чоп кунед, ба балои бад гирифтор мешудед.
Аммо фантастикаи бадеӣ чунин имкониятро дорад..
Ва камина аз ин имконият истифода карда будам.
Комментариев нет:
Отправить комментарий