среда, 7 января 2026 г.

Фирдавсӣ ва фоҷиаи Қобилҷон

! Ба қурбонии идеологияи фашистӣ ва миллатгаро муҷассамаи ёдгорӣ гузоштан низ мубориза аст. 

Нисфи мардуми Бухоро дар бомбаборон кардан , тамоми мардуми Қӯқанд аз ҷониби болшевикон кушта шуданд, режими Сталинӣ чӣ қадар гули сари сабади мардуми тоҷикро кушта мо як муҷассамаи ёдгорӣ намондем. Накардани ин корҳо, яъне муҷассамаҳои ёдгорӣ намондан маънои пазируфтани чунин кушторҳост.

Зардуштия низ идеология аст.Асоси онро мубориза бо бадӣ ташкил кардааст. Дар ислом ҷазо қисман дар ин дунё ва асосан дар охират дар он дунё.Дар зардуштия дар ин дунё бояд ҷазо дода шавад. Дар Шоҳнома ки андешаҳои Фирдавсӣ реша ба оини зардуштӣ дорад, Рустам доим бо нерӯҳои Аҳриман дар мубориза аст. Девҳо, Ашкбӯс, Заҳҳоки морон рамзҳои бадӣ аз ҷумла фашизманд.

Дар боби Рустами Дастон мо доим фоҷиаи Сӯҳробро ёдовар мешавем. Ва дар тасвирҳо ҳамин манзара. Аммо ӯ рамзи қаҳрамони мубориз зидди бадист . Девҳое ки мекушад, рамзҳои бадӣ ҳастанд. Мо агар ба ин персонажи асосии Шоҳнома пайкараи монументалӣ гузорем, ҳамин бояд асосӣ бошад.

Чанде пеш мардуми тоҷик шоҳиди мусибати даҳшатнок шуд.Қобилҷони даҳсола танҳо барои он ки тоҷик аст, аз ҷониби қотиле бераҳмона кушта шуд. Ин даҳумин тоҷик аст дар солҳои охир, ки аз дасти шовинист кушта мешавад. Шовинист, миллатгаро одам намекушад. Ин амали фашистӣ аст.

Фирдавсӣ чунин воқеаро дар устураи Заҳҳок тасвир мекунад. Морҳои сари китфони Заҳҳок  рамзи ҳамин фашизми хунхор, ки фарзандони тоҷик дар Русия қурбонии он шудан доранд.Коваи оҳангар баъди талаф додани писари понздаҳум , ки тӯъмаи морони Заҳҳок шуданд, исён карда Заҳҳокро мекушад. Заҳҳок эронӣ нест, аҷнабӣ аст. Мана ба шоҳи аҷнабӣ бовар кардан чӣ натиҷа дод, мегӯяд Фирдавсӣ.  Дар Шоҳнома фарзандон қурбонии морон шуданд, имрӯз фарзандони тоҷик қурбонии морҳои фашистӣ шудан доранд, ки дар мулки аҷнабиён бо иҷозати шоҳашон озод амал мекунанд.

Мана барои чӣ мо бояд ба қаҳрамонони Шоҳномаи Фирдавсӣ ба мисли Коваи оҳангар,  Рустам муҷассамаҳои ёдгорӣ гузорем.


Тоҷик баланд шуд зидди фашизми Рус

Чун Рустами далер бар зидди Ашкбӯс

Ман тоҷикам гуфта 

Қобил ҷон дод 

Бар мардуми худаш

Панди замон дод

Як кӯдаке намурд

Рӯдакӣ бимурд.

Ё Синои замон 

Як наҷми осмон.

Ва корди душманон

Рафт то устухон.

Тоҷик кунун фаҳмид, 

Ки душманаш кист

Фирдавсӣ баҳри чӣ

Шоҳномаро навист.

Кунун Заҳҳок ва Аҳриман

Пешгоҳи анҷуман

Бо дирафши Ковиён 

Хезед ориён.


Номаи шоир Хоҷа дар бораи ин мақола:

Комментариев нет: