среда, 7 января 2026 г.

 Дар лаб-лаби Ҷӯи Мӯлиён 

Сафедори қатор

Бо дидани Рӯдакӣ чапак заданд беқарор 

Бо истимои шеъри ӯ шод шуданд

Дар тӯйи арӯсӣ гӯиё домод шуданд 

Тӯтӣ ба шохи сарв нишаста чун парӣ

Ҳамовози булбул аст ба оҳанги дарӣ

Кӯчабоғи Мӯлиён пур аз шир-шири  оби равон 

Боғро нӯши ҷон 

Кӯча пур аз шохи пургули анор

Мастам аз атри баҳор 

Мерасад хандаи лола аз дари боғ 

Шӯълавар мисли чароғ 

Мӯлиён буд идгоҳ дар Наврӯз 

Ва иди Гули сурхи дилафрӯз


Ин ҳама дар хоб буд 

Гӯё сароб буд 

Бо оби Мӯлиён Бухоро шодоб буд 

Суруди Рӯдакӣ бо шеъри ноб буд: 

"Зи оби ҷӯй ҳар соат 

Ҳаме бӯи гулоб ояд

Дар ӯ шустаст пиндорӣ 

Нигори ман рухи гулгун"

Бухоро дониши дилҳо,

Китоби хониши дилҳо

Ба вазъи Мӯлиёнат дилам шуд кӯзаи пурхун

Ба ҳоли зори ин биҳишти торихӣ

Ки буда сарнавишти шеъри торихӣ 

Бигиряд осмон хун чун дидаи Маҷнун.

Комментариев нет: