среда, 7 января 2026 г.

РӮЪЁМУАММО

Дар кӯҳ, дар як дара

Луччакруспие

Мешуст як хара

Дар зери шаршара.

Ангур пухта буд 

Ҳушам бенӯхта буд 

Аз фарти ташнагӣ

Қалбам сӯхта буд.


Рафтам ба зери об

Ду чашм масти хоб.

Гӯё масти шароб 

Омад оби маст

Тасвир шуст ба шаст.

Будас ҳама сароб

Хобу хобу хоб

Гуфтам хобам ба об.

Чун қисса аз китоб 

Обам бидод ҷавоб

Танҳо бо як ҳубоб.

Дилам хун аст ба оби зулоли он шаршара 

Ки руспӣ шустааст чирки хара


Аз замонҳои қадим барои ниёгони мо расм будааст ки оби равонро покиза нигоҳ доранд ва роҳ додан ба ифлосӣ дар канори ҷӯй,ҳавз ҷурми азим ҳисоб мерафт. Ҳатто як фариштаи муҳофизи об дошта буданд.

Дар вақфномаҳои Хоҷа Аҳрор хондаам ки касе дар ҳарими ҷӯй  амале карда бошад, сарзаниш кардааст. Масалан ягон чорвояш он ҷо бошад. Ҳарими ҷӯй чандин метри байни соҳил ва заминҳои кишоварзӣ будааст ки дар он танҳо бутта ва алафи ёбоӣ мерӯяд.

Эҳтиром ба фариштаи об то ҳанӯз дар Самарқанд боқист. Дар мавзеи Чашмаи чуқур ҳар рӯзи чоршанбе мардуми  шаҳр аз оби чашма, ки мушкилкушо маҳсуб мешавад, бо худ мебаранд.

Комментариев нет: