воскресенье, 3 марта 2019 г.

Мактаби аввалини ман


Рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода хабари хушеро расонд, ки мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд садсола мешавад.

Ин ягона мактаби даҳсола (дар замони хрушёвӣ ёздаҳсола) дар он атроф буд. Ман ба ин мактаб соли 1953 қадам мондам. Он вақт ба харидани портфел падарам маблағ надошт. Зеро бекор буд. Ҳукумати Шӯравӣ барои бо кор таъмин кардани собиқадорон ҷанги бузурги  ватанӣ коре намекард. Модарам як остини куртаи кӯҳнаашро бурида як тарафи онро бо ресмон дӯхт ва аз тарафи даҳонаш тасмаи латтагинро васл карда ба гарданам овехт. Ман китоб низ надоштам. Даруни ин халтача ду дона дафтар ва як қалам доштам, ки онро падарам қариндош мегуфт, эҳтимол карандаши русиро ин тариқ талаффуз мекард.

Мактаб соф тоҷикӣ буд. Он вақт синфи якум дуто буд. Якеро якуми «А», дигареро якуми «Б» мегуфтанд.


Муаллимаи 1-уми «А» маро аз ҷой хезонда гуфт, ки ба мо ин хел талабаи бе китобу бе рангдону бе ручка (яъне қалам) лозим нест.

Ман гиря карда ба хона омадам. Падарам баъзан мардикорӣ ё бо устоҳои иморатсоз гилкорӣ мекард. Ӯ он рӯз дар хона буд.

Ӯ маро аз дастам дошта ба мактаб овард ва ба муаллимаи синфи дигар маро супорида гуфт: - Ин бача саломро ёд гирад, шуд.

Муаллима маро ба синфаш қабул кард. Ин муаллима Лӯъбат Шарифова ном дошт. Хеле ҷавон, зебо ва серталаб буд. Бачаҳои шӯхро дар кунҷи синфхона рӯ ба девор рост мемонд, аммо намезад ва дашном ҳам намедод.

Мо бачаҳои пас аз ҷанг дар соли 1946 таваллудшуда будем, ҳанӯз дар соли 1953 қашшоқӣ давом мекард, ман лоғару касалманд будам, доим месулфидам.

Ин муаллима аз ин ки ман портфелу китобе надорам, таъна накард. Маро ба партаи талабае шинонд, ки ӯ ҳама китобҳои дарсиро дошт. Ман зеҳни тез доштам. Ба китобҳои дарсии шарикам нигоҳ карда зуд хонданро ёд гирифтам ва баъди даҳ рӯз пешқадамтарин талаба шудам.

Муаллима Лӯъбат Шарипова, вақте ки бачаҳо китоб хонда наметавонистанд ё дар фанни математика душворӣ мекашиданд, оташин шуда мегуфт: Аз Адаш ибрат гир! На китоб дораду на портфел! Аммо доим баҳои панҷ мегирад!

Аммо ман ҳусни хати дуруст надоштам. Муаллима ин нуқси каминаро сарфи назар мекард.
- Ленин ҳам ҳусни хати дуруст надошт,- мегуфт ӯ.

Он солҳое, ки дар ин мактаб ба таҳсил оғоз кардам, бинои мактаб дар сари роҳи мошингарди Хоҷааҳрор – Оҳалик пас аз мазори Хоҷа Кафшер дар марзи деҳаи Ӯташиқ ҷойгир буд. Дар мактаб аз деҳаҳои Чоршанбе, Хоҷа Ғулом, Қалъабоғ, Кӯийсаҳо, Хаймар, Хоҷааҳрор ва ҳатто аз Оҳалик, ки хеле дур дар масофаи даҳ километр қарор дошт, талабаҳо омада илм мегирифтанд.

Баъзеҳо чун аз Оҳалик то синфи 9 дар мактаби ҳаштсолаи худ таҳсил карда баъд хонданро дар мактаби 16 давом медоданд. Ба сабаби дурии роҳ баъзе талабаҳо бо велосипед меомаданд.

Дар мактаби рақами 16 он солҳо дар се баст мехонданд. Басти дуюм баъди обед сар мешуд, дар синфхонаҳои холишудаи басти якум.

Басти саввум – мактаби шабонаи коргарҷавонон буд, ки баъзе бачаҳои сустхону гапногири гарданшахро ба мактаби шабона гузаронда халос мешуданд. Синфи мо дар басти якум мехонд ва пеш аз оғози таҳсил ахбори сиёсӣ буд, ки «линейка» мегуфтанд.

Ахбори сиёсиро муаллимони таърих мегузарониданд ва як гапи Ленин ё Марксро доим такрор мекарданд: Девори капитализм он қадар аз зер пӯсидааст, ки ба он агар даст расонед, сарозер фурӯ меравад.

Бовар мекардем мо талабаҳо ба ин гапҳо.

Акнун бошад медонем, ки баракс социализми Шӯравӣ ин тавр будааст.

Мактаб дар иморати собиқи идораи колхози ба номи Куйбышев ҷойгир буд. Толори маҷлисро, толори варзиш карда буданд. Саҳна низ дошт ва муаллими адабиёт, шоир иштирокчии ҷанг Бердӣ Ҳамроев маҳфили театрӣ ташкил карда дар он спектакл мемонд. Ман ҳам дар он иштирок карда будам, қаҳрамони ман бояд бачаи ба садамаи автомобилӣ дасту пояш шикастаро пуштора карда ба шифохона мебурд ва ин маъюб Ҳаёт Неъмат буд.

Муаллимони забону адабиёт Эсон Тӯрақулов, Неъмат Шарипов (иштирокчии ҷанг) низ дониши хуб доштанд. Бердӣ Ҳамроев ба ман дарс надодаанд, аммо як бор дастхати шеъри навмашқонаи маро дида гуфтанд, ки вазни арӯзро надонӣ ҳам бо вазни ҳиҷо навиштан гир.

Дар ёдам ҳаст аз ин хел шеърҳо як дафтари дувоздаҳварақа пур шуда буд (дар синфҳои 9-10-11). Як шеъри каминаро мухбири «Пионер Востока» тарҷума ва дар ин рӯзнома чоп кард. Аз бисёр шаҳрҳо мактубҳо мегирифтам, асосан аз духтарҳо. Ҷавоб наменавистам. Бисёр мактубҳоро ин талаба аз худ наравад гуфта худи муаллимон аз хаткашон гирифта нест мекарданд, ки баъд фаҳмидам.

Ба ин шеърҳои навмашқонаи ман дӯстам Хуршед Қамар, ки асосан дубайтӣ менавист, назари танқидӣ дошт. Худи камина низ ҳис мекардам, бо он захираи луғавие, ки дар мактаб ҳосил кардам, шеъри ҳақиқиро навистан мушкил аст. Зиёдтар китоб хондан лозим. Мактаб китобхона дошт, ки дар он сад ё дусад номгӯй китоб буд. Ман дар як муддати кӯтоҳ он китобҳоро хонда тамом кардам.

Ҳар рӯз ду-сето китоб мегирифтаму пас аз ду-се рӯз бармегардондам. Китобхоначӣ як бор мазмуни як китобро пурсида бовар ҳосил кард, ки китобҳоро хонда истодаам.

Ба ғайри китобҳои бадеӣ маҷаллаҳои илмии «Знание-сила», «Юный техник», «Наука и жизнь»-ро мехондам, ки дар онҳо ҳикояҳои илмӣ-хаёлӣ (фантастикӣ) чоп мешуданд. Вақте ки дар китобхонаи мактаб китоби нохонда намонд, ба китобхонаи ноҳия рафтам. Маркази ноҳия деҳаи Хоҷа Аҳрор буд ва китобхона низ дар он ҷо.

Китобҳои тоҷикӣ кам буданд ва ман ба хондани китобҳои  ӯзбекиву русӣ сар кардам. Баъди хондани асарҳои Беляев ва Жюл Верн шавқам ба асарҳои илмиву хаёлӣ хеле зиёд шуд. Хусусан «Каллаи профессор Доуэл»-и Беляев сахт таъсир карда буд.

Бердӣ Ҳамроев  ва Неъмат Шаринов шеър менавиштанд. Эсон Тӯракулов шеър наменавишт, аммо ҳусни хати хуб дошт ва хеле озода ва хушлибос буд.

Аз наздикии Хоҷа Ғулом бо велосипед меомад. Велосипедро бо як маром на сусту на тез меронд ва дар ҳама маврид маданияти баландаш намоён буд.

Китобро асосан шабона дар рӯшноии чароғи карасинӣ мехондам, зеро барқ набуд. Аз соати 6 то 8-9 дар назди дари чойхонаи мазори Хоҷа Кафшер нонҳои танӯрии модарам пухтаро мефурӯхтам. Баъди дарс бошад, ба чойхонаи падарам рафта ба ӯ  ёрдам медодам.

Боре як талаба даъво кард, ки Адаш ба дарс дер меояд, чаро ба ӯ ҷазо намедиҳед. Тӯракулов гуфт: Ба Адаш ҷазо не мукофот додан даркор. Вай нон фурӯхта оила мепояд.

Зимистонҳои он солҳо ҳаво сахт сард буд, оби ҳавзи масҷид – ягона манбаи оби нӯшокии деҳа дар ғафсӣ ним метр зиёд ва баъзан батамом ях мебаст.

Дар назди чойхонаи мазори Хоҷа Кафшер дар кӯча дар ҳавои сард нонфурӯшӣ азоб буд, барои ман барин бачаҳои камбағал. Дар ин гуна сармоҳо ду бор шамол хӯрда ба бемористон афтодам. Шушро табобат кардаму осораш ҳамчун тарбоди тану мушакҳои дил боқӣ монд, ревматизм ва  дарди гулӯ доимӣ шуд ва маҷбур шудам ба ҷарроҳии гулӯ розигӣ диҳам.

Як қисми мактаб дар собиқ идораи колхоз бошад, қисми дигараш дар ҳавлии мусодирашудаи сарватманди телпакдӯз ҷойгир буд. Хонаҳои онро зимистон бо ангишт гарм мекарданд, дуди ангишт кам ё зиёд ба ҳавои синфхона даромада ҳамаро дарди сар мекард.

Неъмат Шарипов як пои худро дар ҷанг талаф дода буд, эҳтимол ба ҳамин сабаб ба шеърҳои ҳаваскоронааш, ки асосан бахшида ба идҳо ё ягон маърака менавишт, касе эрод намегирифт.

Вақте ки ба ҳашари пахтачинӣ сафарбар мекарданд, ин муаллимони адабиёт бо шӯхиҳои бамаънии худ ҳамаро хушҳол менамуданд.

Масалан яке мегуфт:
Пахта чинӣ тоза чин,
Чаноқашба намонад.

Дигаре давом медод:
Оша хӯрӣ, тоза хӯр,
Тавоқашба намонад.

Неъмат Шарипов дар синфҳои болоӣ ба камина аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Агар ягон савол диҳам, асабонӣ мешуд ва фикр мекард, ки донишашро санҷида истодаам. Аммо дар хаёли ман ин хел фикрҳо набуд, он касро ҳачун фронтчӣ ҳама ҳурмат мекардем.

Аммо як кӯтоҳандеше пайдо шуд, ки дар ҳақи муаллим эпиграмма (шеъри ҳаҷвии даҳонӣ) гуфт ва он гӯш ба гӯш паҳн шуд.

Тахминан ба ин тариқ буд он:
Неъмат Шарипов модабоз,
Як пош кӯтоҳ як пош дароз,
Гапзаниҳош монанди ғоз,
Бар гӯши хар танбӯр навоз.

«Бар гӯши хар танбӯр навоз» ибораи дӯстдоштаи муаллим буд. Ин лои хушк ба девори муаллим намечаспид, хусусан «модабоз». Касе аз ин эпиграмма муаллимро огоҳ кардааст. Аз Хуршед Қамар дилашон пур буд, пас аз ман гумонбар шуданд ва то хатми мактаб ошкор накунанд ҳам маълум буд, ки муқобили каминаанд.

Як духтарашон низ дар ин мактаб мехонд, дар маъракаи пахтачинӣ пешқадам буд. Баъд ӯ ба ҳамдеҳаи мо шодравон Илҳоми Танбӯрӣ, ки ба камина қарин буд, ба шавҳар баромад. Фарзандҳои хубе доранд.

Зиддияти муаллими мӯҳтарам бо камина боз аз он бештар шуд, ки рӯзе пеш аз иншонависӣ дар вақти танаффус касе ҳама ручкаҳои перояш оҳаниро ба шифт партоб карда халондааст. Вақте ки муаллим ба синф даромад, ин ҳолро дида сахт дар ғазаб шуд ва маро ба хонаи муаллимон бурд, ки маҷлиси шӯрои педагогӣ мегузашт.

Аммо ягон муаллим он касро тарафдорӣ накард.

Ҳеҷ хел ҷазо надоданд, зеро шоҳид набуд, ки тасдиқ кунад. Бачаи қобил будани каминаро ҳама медонистанд.

Бо вуҷуди ин муаллими хуб буд ва ҳурмат мекардам.

Касе бе камбудӣ намешавад.

Аммо як муаллимае буд, ки ҳеҷ як нуқсе надошт.

Пас аз гузашти солҳо дар бораи ин муаллима дар «Газетаи муаллимон» як мақола навишта бо сураташ чоп карда будам. Номи ин муаллима – Иванова Анастасия Романовна.

Анастасия Романовна диди бадеӣ дошт. Баъзе дӯстонаш рассом буданд. Ҳамсинфи мо Аъзам Аҳтамовро, ки қобилияти рассомӣ дошт, ташвиқ мекард, ки ба ин роҳ равад ва барои ӯ аз рассомон як мураббӣ низ ёфта буд.

Ба Тоҳир Ҳалимов, ки қобилияти хуби забондонӣ дошт, тавсия мекард, ки дар ин ҷода қувваозмоӣ кунад.

Иванова бо худ акси асарҳои машҳури рассомонро меовард ва мефармуд, ки аз рӯи он иншо нависем.

Ҳамин тавр диди бадеии моро шакл медод. Дар рӯи қоғаз навиштани фикри худро ман асосан аз ӯ омӯхтаам.

Шавқи моро ба забону адабиёти рус, умуман маданияти рус зиёд кард.

Дар мактаби рақами 16 чунин муаллимони эҷодкор кам буданд. Яке аз чунин муаллимон муаллими фанни биология Камолиддин Маҳмудов буд, ки ба мо фанни ботаникаро таълим медод. Омадани чунин муаллим барои бачаҳо ид буд. Дарс он қадар шавқовар буд, ки ягон кас «чиққӣ» намекард.

«Мана муаллими ҳақиқӣ чӣ хел мешудааст» мегуфтанд талабаҳо.

Ин гапҳо ба муаллимони дигар намефорид ва онҳо ба камбудиковӣ сар карданд. Кор то ба ҷое расид, ки дар шӯрои педагогӣ муҳокима карданд.

Яке мегуфт, ки ба дарс бо мӯзаи брезентӣ меояд, дигаре мегуфт, ки чанги болои асбобҳои кабинети биологияро пок намекунад. Ана аз ҳамин хел хурдагириҳои нотавонбинона муаллим Маҳмудов (ҳоло - Ҳоҷӣ Камолиддини Кӯйисахоӣ) асабонӣ шуда мактабро тарк кард.

Намедонам он вақт директор Раупова буд ё шахси дигар, ки муаллимро тарафдорӣ накард.

Вақте ки камина дастаи шоҳмотбозонро ташкил кардаму дар ноҳия мактаби мо сазовори ҷои якум шуд, директор умуман эътибор надод. Сипас, вақте ки дастаи ҷои дуюмшудаи мактаберо бо ришвахорӣ ба мусобиқаи вилоятӣ фиристоданд директор боз моро тарафгирӣ накард.

Бо вуҷуди ин ман барои синфҳои поёнтар аз синфи худ маҳфили шоҳмотро ташкил карда фаъолиятамро дар ин ҷода давом медодам. Яке аз маҳсули ин фаъолият – доктори математика Аҳмадҷон Солиев, математики болаёқат Абдуфаттоҳ Қаҳҳоров ва дигарон мебошанд, ки ба туфайли шоҳмотбозӣ дар риёзиёт пешрав шуданд.

Рӯзномаи девории синфамон бар дӯши камина буд, ки вобаста ба ягон ид бароварда ба девори долони мактаб мечаспондам. Ба ғайри ин дар қитъаҳои кишоварзии мактаб, ки колхоз ҷудо карда буд, баъди дарсҳо меҳнат мекардем, ба ҳашари помидорчиниву ангуркании колхоз мебурданд, пахтачинӣ бошад дар ягон колхози пахтакор ду-се моҳ то боридани барф давом мекард.

Роҳбарияти онвақтаи ноҳия аз директорони мактабҳо даставвал чунин корҳоро талаб мекард.

Аз директорони ин мактаб Раҳматулло Баҳриев, ки ба мо аз таърих дарс медод, барои зиёд шудани синфхонаҳо бисёр кӯшиш кардааст. Дар замони ӯ дар мактаб гармхона ва барои муаллимон ошхонаи алоҳида сохта шуда буд.

Ин танҳо шаммаест аз таърихи мактаб.

Мактаби калоне буд ин даргоҳи илм, ҳазорҳо бачагонро илм дод, тарбия кард, ки дар байни онҳо шахсиятҳои намоён кам нестанд.

Таърихи ин мактаб як пораи таърихи ватанамон аст.

Вазифаи ҳар як шогирди ин мактаб аст, ки гузаштаву ҳозираи ин даргоҳи машҳури илмро қадршиносӣ кунад.

Хрушёв вақте ки ман ба синфи даҳ гузаштам, мактабҳои миёнаро ёздаҳсола кард.

Духтарҳоро дар синфи «А» ҷамъ карда фурӯшанда ва ҳамшира тайёр карданд. Писарҳоро ба синфи «Б» гузаронда рондани тракторро омӯзонданд.

Баъзеҳо аз паси чунин касбҳо соҳиби маош шуданд, ки ин бисёр хуб аст.

Ман баъди хатми мактаб тракторчӣ нашуда бошам ҳам механизми кори трактору автомобилҳоро мефаҳмидагӣ шудам.

Ӯроқ Аҳадови физик роҳбари синфамон буд, хеле зирак буд раҳматӣ. Ҳиссаи Абдурафиқ Маъруфии сарвари пионерон дар тарбия бачаҳо хеле калон буд. 

Вақте ки мактаб мегӯем, пеш аз ҳама симои ин омӯзгорон пеши назар меояд.

Баъди имтиҳонҳои давлатӣ мо хатмкунандагони мактаби шондаҳум шаби нишаст оростем. Шабнишинии мо дар толори варзиш баргузор шуд. Ҳар кас аз хонааш сӯзанӣ ё гулдӯзиҳои миллиро овард, ки ба деворҳои толор часпондем. Афсӯс, ки на дастгоҳи аккосӣ доштему на дар он вақт видеоапарат ном чизе буд. Ба муаллимон ҳамду сано гуфтем.

Чанд сол пеш бо ташаббуси камина вохӯрии хатмкунандагони соли 1964-ро ташкил кардем. Ба роҳбари синфамон Ӯроқ Аҳадов ва муаллимаи синфи ибтидоӣ Лӯъбат Шарифова тӯҳфаҳои боарзиш ҳадя кардем. Ҳоҷӣ Камолиддин Маҳмудов ва сарвари ҳамон вақтаи пионерон Абдурафиқ Маъруфиро низ фаромӯш накардем.

Чанд сол пеш муаллими таърих Фозилов дар мактаби рақами 16 осорхона ташкил карда буд. Ва як сурати каминаро он ҷо гузошта буд.

Бояд, ки дар ин осорхона суратҳои муаллимони собиқро ба деворҳо овехт.

Ба қадри чунин устодон бирасед, баъд шогирдонатон ба қадри шумо мерасанд.

Ҳамон солҳо дарси меҳнат ҳафтае як-ду соат буд, ки дар устохонаи мактаб мегузашт. Талабаҳо сохтани курсиву миз ва дигар чизҳоро меомӯхтанд ва бо дасти худ месохтанд.

Ман як табуретка ва як либосовезак сохта будам. Баъди чанде фаҳмидам, ки ин маҳсули дасти маро мудири хоҷагӣ ба хонаи худаш бурдааст.

Дар мактаби 16-и солҳои ҳафтодум ин гуна нуқсонҳо кам набуданд, ки ба психологияи талаба таъсири манфӣ доштанд.

Имрӯзҳо ба кадрҳои босавод эҳтиёҷ зиёд аст. Замони ривоҷи илму техника, технологияҳои нав талаб мекунад, ки мактаб шогирдони эҷодкори фикрашон пешрафта ва бо илми муосир мусаллаҳро тарбия кунад. Вобаста ба ин мақому мартабаи муаллим рӯз ба рӯз баланд хоҳад шуд.

Дар он замон барои хатмкунандаҳои аълохон ҳукумат медалҳои нуқраву тилло таъин карда буд. Хатмкунандаҳои солҳои пешини мактабамон онро мунтазам мегирифтанд. Камина ва чанд нафар аълохонҳо умедвор будем, ки аз ин мукофот бенасиб намемонем.

Аммо директор аз паи тайёр кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ нашуд, то ки онҳоро ба шӯъбаи маорифи ноҳия супорида медалҳоро талаб карда гирад. Навбат, ки ба мо расид, балеро бало навист. Сабаби асосӣ он буд, ки дар медалгирӣ ришвахорӣ роҳ ёфта буд ва ҳолдонҳо мегуфтанд, медали тилло як гала хароҷот доштааст.

Дунё дунёи қӯтуру гург дар болои шутур. Мегуфт мардуми ҳолдон.

Пеш гурба дар болои шутур мегуфтанд.
  

Комментариев нет: