суббота, 23 марта 2019 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 45


Аз ҳама гӯр бохабар (хабардор).
Занҳо ва одамони интернетӣ.

Қадами аввал – лӯкка.
Яъне оғози коре бенуқс намешавад.

Шумо дигар ҷоба афтидед.
Касе ғалат карда ба телефони ношинос занг занад, соҳиби он телефон чунин мегӯяд.
Ба ҷои «шумо саҳв кардед». Гӯё барои ба ҳавлии худ рафтан болои девор роҳ мепаймуду пояш лағжида ба ҳавлии бегона ғалтид.


Телпакдастиёр.
Дар асл телбадастёр будагист, зеро дастёри телбаро низ чунин мегӯянд.

Аз кулӯх алав (шарора) парид.
Яъне аз ягон одами пастфитрат кори неке мушоҳида шуд.

Гӯм (гӯям) забонам месӯзад, нагӯм (нагӯям), дилам.
Ҳақиқати талхро гуфтан нишонаи ҷасорат аст.

Дунё дунёи қӯтур, гурба болои шутур.
Дунё дунёи қӯтур, гург болои шутур.
Яъне мансабдор ё пулдор шудани одамони пастфитрат дар назар аст.

Дер ояду шер ояд.
Яъне шитоб ва саросема дар корҳо аксар натиҷаи матлуб намедиҳад.

Сартарошия дар сари бузургон намеомӯзанд.
Вақте ба асари эҷодкори машҳур мунаққиди ҷавон эроди бемавқеъ гирад, чунин мегӯянд.

Атр бояд худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд.
Рекламаҳои телевизионро бинед, ин мақол ба ёдатон мерасад.



Комментариев нет: