воскресенье, 7 апреля 2019 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 46


Акси калла ба шӯрбо задас(т).
Маънои аслии он бад шудани оби каллашӯрбо бо таъсири гӯшти калла аст.
Аммо дар мавриде мегӯянд, ки ягон роҳбари бемаҳорат дар атрофи худ кормандони бадтар аз худро гирд меораду боиси оқибмонӣ мегардад.

Буз бом ба бом то Ургут рафтас(т).
Ургут яке аз ноҳияҳои Самарқанд буда аз шаҳри Самарқанд то он ҷо масофа бо мошин қариб яксоата роҳ аст ва дар байн деҳаҳои аз ҳамдигар дур ҳастанд, аммо аксар заминҳои обию лалмӣ. Дар он маврид чунин мегӯянд, ки ободиҳое, ки имрӯз ҳаст, дар замонҳои гузашта будааст.


Истилоҳоти наққошию кандакорию ҳаккокӣ.
Донишмандони забон Мансур Маҳмудов ва Баҳром Бердиев аз мисгарони Бухоро номи нақшҳои рӯйи зарфҳои мисинро навишта чоп карда буданд. Онро ба устои гачкору наққошии меъморӣ Амриддин Наҷмиев нишон додам. Устои мазкур гуфт, ки чунин номҳои зебои нақшҳо дар кардакории чӯбу гачкорӣ ва наққошӣ низ дучор мешавад. Ислимӣ номи нақшест, ки занҷирмонанд мешавад, дар гачкорӣ ва кандакории чӯб истифода мешавад,- гуфт усто.
Ба гуфти шевашиноси тоҷик ислим нақшҳоест, рӯи зарфҳои мисин канда мешавад ва хелҳои он аз забони ширину шоиронаи мардуми ҳунарманд гувоҳӣ медиҳанд.
Нақше, ки дар рӯи зарфҳои мисин мешавад: ислими барги бодом, ислими бофта, ислими гули даста, ислими гули рафтор, ислими исфаҳонӣ, ислими ишқ, ислими мадохил, ислими мағелонӣ,  ислими мева, ислими моку, ислими моҳӣ, ислими муқаррарӣ, ислими муғҷа, ислими нақши аштақ, ислими ёсуманӣ, ислими маҳпайкарӣ, ислими ноаён, ислими оба, ислими офтоб, ислими ошиқу маъшуқ, ислими паргор, ислими поя, ислими расмӣ, ислими сабза, ислими себа, ислими се моҳ, ислими се чашм, ислими таноб, ислими туморча, ислими хумор, ислими чоргул, ислими чор қубба, ислими қавс, ислими ҳошия, ислими ҷойдорӣ.
Кавза – тахтаҳои нақшини байни болор гирдогирди хона.
Кавзаболор – болори чортароши нақшин.
Кавзафурӯмон – нақшу нигори сутунҳои ханаву масҷидҳо, ки дар шакли кӯза оро додаанд.
Мадохил.
Нақшу кунгураи рӯи зарфҳои мис, ки чунин хелҳо дорад: мадохили абрӯкамон, мадохили афғонӣ, мадохили бодом, мадохили бодомчашм, мадохили дароз, мадохили дилрабо, мадохили дилфиреб, мадохили мижгоннайза, мадохили мурғобӣ, мадохили ноёб, мадохили сарфароз, мадохили сеҳрнок, мадохили содда, мадохили умед, мадохили чеҳракушод.

Ба худодода ситеза макун, ба худодода худо додааст.
Истеъдоди шоирию нависандагӣ худодод аст. Агар ин тавр намебуд, ҳама шоиру нависанда мешуданд. Аммо баъзан мансабдороне ҳастанд, ки бо шоиру нависанда ва бо дигар аҳли қалам аз ҷумла журналистон ситеза мекунанд. Ба зӯрӣ ба мақсад расида натавонанд, бо зар хариданӣ мешаванд. Як ҳамшаҳрии камина, ки аз Душанбе ба Самарқанд ба меҳмонӣ омада буд, боре гуфт:  Биё, ба Душанбе, ба як кас як китоб навишта диҳӣ, якта мошин медиҳад.
Камина гуфтам, ки ҳамин як пора нони хушке, ки ва оби ҷӯш тар карда хӯрда истодаам аз ҳамон мошин беҳтар аст.
Ин мақолро навсарватмандон ба манфиати худ талқин мекунанд. Яъне ки гӯё сарватро ба онҳо худо додааст. Ва дурустии ҳол он ки ҳар каси ҳаромхӯр сарват ҷамъ карда метавонад. Ин ба худо ҳеҷ алоқа надорад.
Ситеза дар луғат ба маънои ҷанг, ғазаб, хусумат варзидан меояд. Ба эзорат ситезакунӣ, кунат медарад, мегӯяд халқ.


Комментариев нет: