четверг, 18 апреля 2019 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 47


Ба даҳонат чӯб ӯлчак(чен) кард.
Яъне одами фиребгар будааст. Ба даҳони дигарон чӯб зада ба хомӯш шудан водор карда метавонад.

Нон дар нондон, калидаш дар осмон.
Қонунҳои хуб ҳастанд, аммо амал намекунанд

Беша бе шер нест.
Дар ҳар деҳа ё гузар мардони далер ҳастанд.

Дандони гург хунолуд.
Гург гӯсфандро нахӯрда бошад ҳам гунаҳкор аст. Киноя ба одами дасташ қалб.


Подшоҳ сояи худост.
Худо соя надорад. Офтоб низ соя надорад. Ин мақол аз ғалатҳои омиёна аст.

Ё хара пеши бор ё бора пеши хар.
Ба мақоли русии агар кӯҳ ба назди паёмбар наояд, паёмбар бояд ба назди вай равад монанд аст. На ҳама арзу шикояти мардум ба сарварони ҳукумату давлат мерасад. Онҳо бояд бо халқ рӯ ба рӯ мулоқот карда истанд. Ҳоло телевизион имкон медиҳад, ки роҳбарон ба саволҳои мардум дар мулоқоти телевизионӣ посух диҳанд. Нишонаҳои он аллакай намоён шуда истодааст.

Рӯзата фурӯшу ҷӯшойӣ хар, говата фурӯшу рӯшноӣ хар.
Ҷӯшойӣ – модагови ширдеҳ.
Рӯшнойӣ – ба маънои илму дониш, маърифат.

То як тана рафтана чанд шох меравад.
Яъне як сарвар равад, чанд одамони мансабдори ӯ ба сари кор оварда мераванд. Аммо мебинем, ки тана рафтаасту шохҳо барҷоянд. Зӯр будааст бюрократия!

Гар ҳама Ҳотами Тоӣ бошад,
Тамаъ аз халқ гадоӣ бошад.
Сарватмандон аз ҳисоби халқ бой мешаванд. Яъне кори онҳо тамаъ аз халқ аст. Яъне чунин сарватмандон мисли сарватманди машҳури олам Ҳотами Той бошанд ҳам, гадой ба ҳисоб мераванд.

Бо касофати як шум сӯхтас(т) шаҳри Рум.
Оид ба ҳокимони ноӯҳдабаро мегӯянд, агар зиёд ҳатулкорӣ кунанд.

Тӯқтӯқчӣ.
Хабаркаш, яъне суханчин. Касе, ки ба сардорон хабаркашӣ мекунад. Дар ин маврид фалонӣ тӯк-тӯқ мекунад мегӯянд. Ба русӣ низ стучать маънои тӯқтӯқро дорад. Тӯқтӯқчиро ҳама мешиносад ва ҳама бад мебинанд.
Аммо тӯктӯқчиён соҳиби мансаб низ мешаванд, зеро ба мансабдорони калон онҳо одамони худианд.
Тӯқтӯқ садои хоси асбоби телеграф аст. Тахмин аз он ҷост баромади он.
Ҳоло ба тӯқтӯқчӣ эҳтиёҷи органҳо кам мешавад. Ҷои онҳоро тӯқтӯқчиёни электронӣ мегиранд: телефони дастӣ, компютер, телевизор ва ғайра. То рафт тӯқтӯқ зиёд шуда рафтан мегирад, аз тӯқтӯқ ҷои гурез нест.
Ҳоло теъдоди видеокамераҳои назоратӣ дар баъзе ҷойҳои серодами кӯчаҳо ва мағозаву корхнаҳо зиёд шудаанд. Минбаъд теъдоди онҳо меафзояд. Ин ҳам як намуди хабаркашист.
Аз соли 1993 ин ҷониб тӯқтӯқчиён ду бор ба сари камина бо тӯҳматномаҳо ташвишҳои гарон оварда буданд.




Комментариев нет: